Бахшҳо

(ВИДЕО ва АКС) Шӯҳрат Қудратов: “Ҳамааш нағз мешавад. Ман пора нагирифтам!”

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи боздоштшудаи тоҷик, баъд аз анҷоми тафтиши маҳалли кораш дар бинои “Соҳибкорон”-и пойтахт гуфт, аз касе пора нагирифтааст. “Ҳамааш нағз мешавад. Ман пора нагирифтаам”,-афзуд ӯ.

Қудратов аз ин зиёд суҳбат карда натавонист, чун маъмурони Оҷонсии зидди фасоди молӣ ӯро ба мошина шинонда бурданд. Вале манзури ин вакили мудофеъ аз он ки аз касе пора нагирифтааст, чӣ буд, то ҳол норӯшан аст. Яъне, ӯ барои гирифтани пора муттаҳам мешавад, ва ё пешниҳоди пора. Чаро ки қаблан масъулони Оҷонсӣ гуфта буданд, Шӯҳрат Қудратов барои пешниҳоди пора ба яке аз додрасҳои Душанбе муттаҳам мешавад.



Боздошти Шӯҳрат Қудратов, вакили дувуми Зайд Саидов

(ВИДЕО ва АКС) Шӯҳрат Қудратов: “Ҳамааш нағз мешавад. Ман пора нагирифтам!”Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов - раҳбари зиндонии “Тоҷикистони нав” рӯзи 21 июл аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар кишвар боздошт шудааст. Як манбаи наздик ба ӯ гуфт, мақомот Қудратовро ба иттиҳоми пешниҳоди “пора” ба яке додрасҳои шаҳри Душанбе дастгир кардаанд.

Манбаъ афзуд, маъмурон ин вакили мудофеъро дар маҳалли кораш дар бинои “Соҳибкорон”, воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ, боздошт намуда бурдаанд. Масъулони Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар кишвар низ ин ҳодисаро тасдиқ карда ва гуфтаанд, ӯ аз сӯи гуруҳи зудамал боздошт шудааст.

Ин дувумин вакили мудофеи Зайд Саидов мебошад, ки аз сӯи маъмурони Оҷонсии зидди фасоди молӣ боздошт мешавад. Моҳи марти соли ҷорӣ Фахриддин Зокиров, яке дигар аз вакилони Зайд Саидов, низ боздошт шуда, мақомот ӯро барои қаллобӣ ва напардохтани қарзаш аз бонк муттаҳам карда буданд. Дар оғоз гуфтанд, оқои Зокиров тӯли ду моҳ дар боздоштгоҳ мемонад, аммо баъдан ин муҳлат тамдид карда шуд.

Шӯҳрат Қудратов замоне боздошт гардидааст, ки охири ҳафтаи гузашта як номаи ӯ ба созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳо ва расонаҳои дохилу хориҷ дастрас шуда, дар бораи парвандаҳои Зайд Саидов баҳс мекунад. Оқои Қудратов дар номаи худ, ки 19 саҳифа замима низ дорад, тамоми парвандаҳои алайҳи нафари таҳти ҳимояташро беасос ва сиёсӣ хонда, аз созмонҳову сафоратҳо ва расонаҳо хоста буд, ба мушкили Саидов расидагӣ кунанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, нафари таҳти ҳимояташ маъюб буда, вазъаш дар боздоштгоҳ нигаронкунанда аст.

Гузашта аз ин, моҳи июни соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе баҳси Моҳира Бобораҷабова, “ҷабрдида”-и таҷовуз дар парвандаи Зайд Саидов, бо Шуҳрат Қудратовро ба нафъи аввалӣ ҳал карда, вакили мудофеъро ба пардохти 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ муваззаф карда буд. Соли гузашта бо даъвои Моҳира ва Гулнора Бобораҷабоваҳо Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов "барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан" парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буд ва ҳатто иддао пеш гузошт, ки “ҷабрдида” аз Зайд Саидов соҳиби фарзанд мебошад. Аммо баъдан ташхиси ДНК ин иддаоро рад кард ва додгоҳ парвандаро барои тафтишоти иловагӣ бозгардонд.


(ВИДЕО ва АКС) Шӯҳрат Қудратов: “Ҳамааш нағз мешавад. Ман пора нагирифтам!”

(ВИДЕО ва АКС) Шӯҳрат Қудратов: “Ҳамааш нағз мешавад. Ман пора нагирифтам!”
Мӯҳр
МИГРАНТ
БАРОДАР ШУХРАТ ХУДО САБРУ КУВВАТ ТИЯД .

iso
обод бош бародар. ман туро намешиносам, лекин боаврии комил дорам ту ягон айб надори. хама айб дар бозии сиёсат аст.

Точик
Шӯҳрат Қудратов: “Ҳамааш нағз мешавад. Ман пора нагирифтам!”- Дуруст охир шумо пора нагирифтаед ва инро касе ба Шумо бор кардани хам нест ба фикрам. Шуморо барои гирифтани пора не барои додани пора гунахкор медонанд ба фикрам ака.

бе далел чи хел дастгир мекуни? Охи нишон те чихе пора гирифтай ё пора додай, ки мо ба чашми худамон бинем бовар кунем. Чароги зулми золим то дами махшар намесузад, Агар сузад шабе сузад шаби дигар намесузад!

шухратчон худованд шуморо дар панохаш нигах дорад омин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)