Бахшҳо

Худдории домоди раисиҷумҳур аз ифшои дороияш ба хабарнигорон (ВИДЕО)

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ифшои дороиҳояш дар ҳузури хабарнигорон худдорӣ намуд.

“Озодагон” дар пасманзари даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои қатъи қасрсозиҳо ва сармоягузорӣ дар истеҳсолот аз Нуралиев низ баробари дигар мансабдорони тоҷик хост, то дороиҳои асосияшро номбар кунад. Аммо Нуралиев дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, ки барои дақиқ кардани ин масъала ба Кумитаи андоз муроҷиат кунед: “Баъди ин саволи Шумо рости гап, магар, ки нотариуси ман нақшаи меросгузориамро тайёр кунад. Тибқи моддаи 31-и қонун дар бораи хизмати давлатӣ ҳар як хизматчии давлатӣ ӯҳдадор мешавад, ки дороиҳои худро ба воситаи деклоратсия ба мақомоти дахлдор, яъне Кумитаи андоз пешниҳод намояд. Аз соли 2007 инҷониб, ки ман ба ҳайси муовини вазир ва аз соли 2010 ба ҳайси муовини якум он амволеро, ки дорам, дар деклоратсия дарҷ карда, ба кумитаи андоз пешниҳод кардаам. Тибқи қонунгузорӣ ҳамаи андозро супоридаам.”

Нуралиев бо истиқбол аз эродҳои президент дар мавриди қасрсозиҳо афзуд, ки онҳо саривақтиянд: “Фикр мекунам, ҳадафи мову Шумо ин нест, ки ман шумораи ҳар яки он амволамро ба Шумо ҳисобот диҳам. Агар Шумо шахсан хоҳед, ман метавонам шуморо иҷозат диҳам, ки ба Кумитаи андоз муроҷиат кунед, эъломияи худро ба Шумо пешниҳод мекунам. Баъд аз шинос шудан ба эъломияи ман кадом саволе пайдо мешавад, марҳамат. Аз ин саволи Шумо миннатдорам”.

Ин дар ҳолест, ки ширкати роҳбони IRS, ки идораи ягона роҳи пулакии Тоҷикистон, Душанбе-Чаноқро ба уҳда дорад, ба Нуралиев рабт дода мешавад. Аммо худи ӯ бо нашри изҳорот робитаашро бо ин ширкат рад намуда буд.


Мӯҳр
Хамин халки мо дигар кор надоред магар? Ин кадар атрофи президенту пайвандонаш гайьат мекунед. О бигзор чихели ки бошанд о ин хамаш дар дасти Аллох хаст киро доро кунад киро не киро подшоху вазир киро просто неудачник. Чем ича шишта гайбат кардана аз Аллох талаб кунед хамаи дороиву нодориеки дорем танхо аз худо вобастааст имруз ба Ами мардак хдо президентира насиб кардай хдо бгем морам насиб кна чем ика лакидана. Меганку подшох падари миллат аст ва агар падару Модар хуг бошад хугбони мекуни хохару бародар бад хам бошад аз худат хаст раднойяй барои Ами биеед Ами гапора бас кнем хасуд набарем харкара Худо ай дилш огахай он чизе ки хдо хост хамон мешава

Muhojir
Дангараги,
Гурбангули,
Muhochir
No vobasta az domodi chanobi oli megued fakat ! Fikur namekuned shakhsoi bosavod pur lekin taga nadorand!

Молодой преспективный кадр на ответы отвечает без шпаргалки, хороший управленец,хороший менеджмент владеет информацией значит работает на благо да и грамотно отвечает, по больше бы таких кадров.

ХОНАНДАИ ДОИМИ
ОЗОДАГОН БАРОИ ЧИ АЗ ШУМО ЯГОН ЧИЗРО ХОХИШ НАМОИ ИЧРО НАМЕКУНЕД НАМЕДОНАМ ШУМОХАМ МИСЛИ МО ДАСТИ КУТОХ ДОРЕД Ё ИН КИ КАСЕРО ХУДАТОН ХОХЕД МУХОКИМА МЕКУНЕДУ НАЗАРИ ДИГАРОН БАРОЯТОН ОНКАДАР АХМИЯТ НАДОРАД Ё ИН КИ НАМЕХОХЕД НАФАХМИДАМ Э БАЛО БА ПАСАШ ДИЛИ МАН КАЙХО ХУНК ШУДАЮ БОВАРАМ БА ХЕЧ КАС НАМОНДААСТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)