Бахшҳо

“Ҳоҷибибӣ”-ҳои шоу бизнеси тоҷик аз Хонаи Худо бо чӣ бармегарданд?

Зиёрати хонаи Худо рафтани хоҳарон Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед, ки дар раддаи аввали эстрадаи тоҷик қарор доранд, чанд рӯз аст, фазои шоу бизнеси тоҷикро гарм нигоҳ медорад. Ҳоло мавзӯи аслии бештари баҳсҳо ин аст, ки пас аз бозгашт дар зиндагии онҳо тағироте ворид мешавад ё хайр.

Дар мавриди ба Ҳаҷи умра рафтани Шабнаму Фарзона ҳеч хабаре набуд, то он ки се рӯзи пеш, 22 июл дар саҳифаи фейсбуки Шабнам акси чоргонае бо навиштаи “муборак барои ҳамаи мо. Ҳаҷ кардем, ҳоҷибибӣ шудем" нашр нагардид. Дар ин акс Шабнами Сурайё, духтараш -- Шарифамоҳ ва хоҳаронаш -- Бибирӯзигулу Фарзона бо ҳиҷоб тасвир ёфтаанд. Баъди чанд соат дар ҳамин саҳифа панҷ акси дигари Шабнаму духтараш пайдо шуд, ки эҳром дар тан доранд. Рӯзи гузашта ва ҳам имрӯз нашри аксҳо дар Фейсбуки Шабнам идома пайдо кард ва бар илова як видеои 15 сониягӣ ҳам, ки Фарзонаро ба ҳангоми адои Ҳаҷ нишон медиҳад, пайдо шуд.

Ин аксҳову видео дар зудтарин фурсат шумораи зиёди “лайк”-ҳоро гирифт ва корбарони зиёде Шабнаму Фарзонаро табрик карданд. Зери хабари ҳаҷ кардани Шабнаму Фарзона дар “Озодагон” ҳам шарҳҳои зиёде навишта шуд, ки мазмуни мухталиф доранд. Хонандае бо номи Муслим навишта, ки "Худованд ҳидоят намояд, агар ҳидоят ёбед беҳарин агар не, боз номи ҳоҷихоро паст мекунед". "Ҳоҷӣ" менависад: "Худо кунад, ки мисли апаи Малика шаванд, агар не, пас бояд аз ин ба баъд ҳар ки номуси тоҷикиву мусалмонӣ дорад дар консетҳояшон ширкат накунад, албатта ҳоло интизор намеравад ки инҳо дуруст шаванд, вале хидоят дар дасти Худованд аст". "Озод" бошад, назари дигар дорад: "Бигзор баъд аз ҳоҷӣ шудан низ сароянд. Фақат одоби шарқиёнаро риоя кунанд, шуд". Султон Гулмуродов, як хонандаи дигар чунин навиштааст: "Аввалан, ман ин хонумонро муборакбод менамоям, на ба ҳар кас муйясар мегардад зиёрати хонаи Худо! Худованд зиёрати ин бонувонро мақбули даргоҳаш кунад! ОФАРИН Худо ҳидоят кунад ҳамаи моро. Бадиву бахилиро бас кунед шояд эмони ин зебосанамҳо мустаҳкам бошад". Рустам: "Қанд занед духтарҳо! Ба баъзе аз беодобони бесавод аҳамият надиҳед. Танҳо ба Худо маълум аст, ки ҳаҷи кӣ қабул мешавад, ҳаҷи ҳофиза ё ин ки ҳаҷи муллоҳо. Баъзеи ин нависандагон шояд чунин намояд, ки онҳо аз ҳама зиёдтар медонанд, дар асл бошад... Хушбахт бошед".

Аммо бештари шарҳнависон ба ин мавзӯъ дахл кардаанд, ки акнун хоҳарон чӣ роҳеро интихоб мекунанд: аз саҳна мераванд ё ба сарояндагӣ ҳамчунон идома медиҳанд? Мисли "Ҳайрон", ки навиштааст: "Аҷиб. Баъди омаданаш дар саҳна чӣ гуна сурудҳоро месароида бошад? Либосаш тағйир меёфта бошад? Вой бар ҳоли ҳоҷиён, ки баъди омадан усул дигар нашавад, зеро номи ҳоҷиро мегирад..." "Тоҷик" бошад, баръакс, ҷонибдорӣ рӯи саҳна мондани хоҳарон аст: "Ба Худо Шабнамҷон бе ҳамон ҳаҷ хубтару беҳтар будӣ, Худо кунад, ки бо ҳаҷ кардан дили софу бекинаат пур аз нафрату бадбиниву кинаву адоват нашавад. Мо умедворем саҳнаи шуху зебову бозавқи тоҷикиро тарк намекунӣ".

Шабнаму Фарзона дар мавриди нақшаҳои баъдияшон алъон чизе нагуфтаанд. Аммо Сурайё Қосимова, модари онҳо ба “Озодӣ” гуфтааст, “баъди ин акнун дар либоспушӣ каме тағйирот мешавад, шояд дигар бе рӯймол овозхонӣ накунанд. Вале дар саҳна баромад хоҳанд кард. Онҳо, ки ҳоло ҷавонанду нолаи нонашон аз сарояндагӣ буд ва онро идома медиҳанд. Онҳо-ку то ин вақт ҳам ягон кори бад намекарданд, вале баъдан аз дигар корҳо парҳез мекунанд. Онҳо сатре хоҳанд дошт, ки ба саҳна мувофиқат кунад”.

Бори аввал нест, ки мухлисон Шабнаму Фарзонаро бо русарӣ мебинанд. Дар як базми наврӯзӣ онҳо бо русарӣ рӯи саҳнаи варзишгоҳ шуда, аммо таронаҳои шух суруданд. Шабнаму Фарзона бештар таронаҳои поп иҷро мекунанд ва либосҳои саҳнавияшон монанд ба хонандаҳои ғарбист. Либоси Шабнам дар расми эълони ҷоизаҳои Big Apple Music Awards-2014, ки 25 май дар Ню-Йорки Амрико баргузор шуд, мавриди баҳсҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта буд. Ҳамчунон, либоси нимаурёни рақоссаҳои клипи “Ёрам” дар пешниҳоди ин хоҳарон борони танқидҳоро сари онҳо рехта буд. Ба қавли Сурайё Қосимова духтаронаш баъди Ҳаҷ саҳнаро тарк намекунанд, аммо шоу бизнеси тоҷик шоҳиди ҳолатҳое ҳам буд, ки овозхонҳо бо далели зиёраи хонаи Худо тарки сарояндагӣ карданд. Маликаи Саид соли 2010 вақте аз Макка баргашт, ҳиҷоб пӯшиду овозхониро бас кард ва ба тиҷорат машғул гардид. Аммо дар бештари ҳолат сарояндаҳои “ҳоҷӣ” рӯи саҳна монданд. Мисолаш Ҷӯрабек Муродов, Афзалшоҳи Шодӣ, Меҳрубони Равшан ва Хайриддини Бозор аст, ки ҳамчунон овозхонӣ мекунанд.
Мӯҳр
444
Ин хонумхоро муборакбод кардан мумкин дар хакикат на ба ҳар кас муйясар мегардад зиёрати хонаи Худо! Худованд зиёрати ин бонувонро мақбули даргоҳаш кунад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)