АКС: Ҷоизаи Фарзонаи Хуршед, Баҳром ва Фаридун дар Ню-Йорк

Хоҳарон-Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед дар Big Apple Music Awards-2014, аз маъруфтарин ҷоизаҳои мусиқии Ню-Йорк, ки 25 май баргузор шуд, дасти холӣ барнамегарданд.
Бино ба иттилои Беҳрӯз Зеваров, продюсери тоҷик, Шабнами Сурайё бо ҷоизаи “Алмос”-и ин ҷашнвора мушарраф шудааст. Фарзонаи Хуршедро бошад, “Беҳтарин сарояндаи зан аз Тоҷикистон” эътироф кардаанд. Ҳамчунин ду иштирокчии дигари ин ҷашнвора аз Тоҷикистон – Баҳроми Ғафурӣ ва Фаридуни Хуршед ҳам ҷоиза гирифтаанд. Аввалӣ ҷоизаи “Беҳтарин сарояндаи мард аз Тоҷикистон” ва дувумӣ “Падидаи сол”-ро соҳиб шудаанд.
Беҳрӯз Зеваров мегӯяд, беҳтаринҳоро ҳайати доварони Big Apple Music Awards аз рӯи маҳбубияти сарояндаҳо тавассути райъдиҳии ҳаводоронашон тавассути интернет маълум мекунанд.
Фарзона соли 2011, баъд аз чанд моҳи раҳоияш аз зиндон, дар ин озмун ба ҳайси меҳмон иштирок карда, Шабнам соли 2009 ҷоизаи “Беҳтарин овозхони зан аз Тоҷикистон”-ро соҳиб шуда буд. Баҳром Ғафурӣ низ дар панҷ соли пеш “Беҳтарин овозхони ҷавони Тоҷикистон” дар ин ҷашнвора эътироф гардидааст. Инчунин, Ҷӯрабек Муродов ва писараш Ҷонибек ҳам ҷоизадори Big Apple Music Awards-анд. Ҷӯрабек Муродов соли 2011 “Чеҳраи мондагор” ва Ҷонибек “Беҳтарин овозхони Осиёи Миёна” шинохта шуданд. Ҷонибек соли 2009 ҷоизаи “Беҳтарин овозхони мард аз Тоҷикистон”-ро ба худ ихтисос дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |