Бахшҳо

ИМА: ‘Тоҷикистон ягона кишварест, ки то 18-солаҳо ҳаққи масҷидравӣ надоранд’

Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико бо нашри як гузориш вазъи озодиҳои динӣ дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистону ҳамсояҳояш тайи соли 2013-ро баррасӣ карда, аз нақзи ҳуқуқи диндорон дар бархе минтақаҳо нигаронӣ намудааст. Дар ин гузориш, ки 28 июл нашр шуд, таъкид мешавад, бархе аз ҳукуматдорон таҳти шиори мубориза бо ифротгароию терроризм ҳуқуқи диндоронро нақз ва ё маҳдуд мекунанд.

ИМА: ‘Тоҷикистон ягона кишварест, ки то 18-солаҳо ҳаққи масҷидравӣ надоранд’Гузоришгарон дар мавриди Тоҷикистон аз ҷумла навиштаанд, “ин ягона кишваре аст, ки он ҷо иштироки шахсони аз 18-сола поён дар масоҷид ва умуман дар фаъолияти динӣ қонунан манъ аст. Инчунин, занон низ аз рафтан ба масҷидҳо маҳрум шудаанд. Мақомот фаъолияти бархе аз гуруҳҳои сабтнашударо назорат ва мамнуъ кардаву аъзои ин гурӯҳҳоро мавриди ҳамла ва ҳатто озору азият қарор додааст.”

Вазорати умури хориҷии Амрико таъкид мекунад, дар пайи хусуматҳои динию мазҳабӣ тайи соли 2013 садҳо нафар маҷбур шудаанд, тарки хонаю макони зист кунанд. Ин ниҳод аз ҳуқуматҳои кишварҳои ҷаҳон даъват намудааст, ба диндорон озодиҳои бештарро ироа кунанду ба фишороварӣ нуқта гузоранд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, таъкид намудааст, “кишварҳое, ки аз озодии динӣ дифоъ мекунанд, мушорикат ва тааҳҳуди ҷовидонаи мардуми Амрикоро хоҳанд дошт, чун мо дунболи озодиҳои динии бештари мардуми ҷаҳон ҳастем.”
Мӯҳр
Ба "РОСТГУ" Аклу фаросат надоред нанависед. Аввал ин ки дар масчидхои Точикистон 30 фоизи намозгузоронро синни то 18 сола ташкил мекунад баъд кани Чони Керри дар бораи масчидхои ангуштшумори беодами Узбакистону Киргизу Казок нависа тубаринхо хастанд, ки мусалмон бо мусалмон дар Сирияю Ироку ва гайра хамдигарро мекушанд ки ташкилкунанда хаминхо мебошанд.

ин яхудии амрикои аз кай боз гами мусалмононро мехурад, хамин яхудихои амрикои Ироки мукаддасро бомборон кардаанд хамин яхудихои амрикой Саддом Хусейни мусалмонро дор кашиданд ва хамин яхудихои амрикои Муаммар Каддафи мусалмонро ки ба халкаш медицина ва тахсилоти макотибро бепул карда буд тахкиромез куштанд ва хамин яхудихои амрикои Иттиходи Шуравиро ки ба халки шурави макотиб бепул медицина бепул карда буд пош доданд ва хамин яхудихои амрикои феълан мехоханд дар Осиеи Маркази миени халкхо низоъ андозанд, НЕСТ БОД АМРИКО.

Ба Мухаммад, ман режими кишварамро аъло нагуфтаам, , вале вакте сухан рочеъ ба сиесати даруни аз беруни меравад, он вакт ба кавли русхо ЗА ДЕРЖАВУ МЕГУЯНД. вакте як амрикои аз он суи укенус ба мамолики хурде ки иктисодиет надорад ва холи мардумаш паст аст ва инро низ ин амрикоихо кардаанд, боз аз адолат сухан мекунад , дар газаб мешавам. ин маймунбозихои амрико дар осиеи маркази зарба задан ба русия аст онхо мо мардумро ба манфиатхои худашон истифода мебаранд .

салафихоро танкид мекунем аммо бо ин конуни. баровардаамон аз шарму заифии имон сарамонро боло бардошта наметавонем....

салафихоро танкид мекунем аммо бо ин конуни. баровардаамон аз шарму заифии имон сарамонро боло бардошта наметавонем....

Точик
Бовар кунед комментарияхоро хондам чунон хурсанд шудам, ки....
Зеро бародаронам аксаран дуруст кайд кардаанд. Ба уммеди инхо шудан лозим нест. Инхо дини исломро василаи низоъу хусумат карор дода пайравонашро террорист гуфта чанг меандозанд. Хама равияхои навбаромадро хасминхо месозанд. Точик бародар шукри ватан куну намозатро хон, фарзандатро дар хона шинонда омода карда баъди 18 ба масчиту чомеа сар те набошад ягон точики амрикои дархол аз рох мебарораша.

Амрикои русиях, дигар кор надорад-ми? Кораш факат к...коби! Давлати абаркудрати бефитрат!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)