Бахшҳо

Нуриддин Саидов мухолифи сиёсӣ кардани Ислом ва пешниҳодаш дар бораи идеологияи миллӣ

Нуриддин Саид (Саидов), вазири маориф ва илми Тоҷикистон, бо нашри матлабе мафкураи миллиро роҳи наҷот аз ҳар гуна гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои динии сиёсӣ донистааст. Ӯ дар шарҳи пешниҳодаш, гуфтааст, “мафкураи миллӣ ифодаи субъективии манфиати танҳо миллати тоҷик набуда, он бояд манофеи тамоми халқҳои маскуни кишварро новобаста аз мансубияти динӣ, мазҳабӣ, синнусолӣ, равонӣ, этникӣ, касбӣ ва ғайра фарогир бошад”.

Матлаби Нуриддин Саид дар “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, ба табъ расида, “Мақоми мафкураи миллӣ дар ҷомеа” унвон дорад. Вазири маориф ва илм мегӯяд, “миллати тоҷик аз ифротгароии мафкуравии коммунистӣ раҳо наёфта, мубталои ифротгароии динӣ-сиёсӣ гашт. Зиёиёне, ки солиёни зиёд зери таъсири мафкураи коммунистӣ зиндагиву фаъолият мекарданд ва рӯҳияи миллӣ надоштанд, аз лиҳози маънавӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи андешаи миллиро дар мафкураи давлатӣ холӣ гузоштанд. Ба ин васила, фазо ва зарфияти маънавии холиеро, ки ба иллати оҷизии мафкуравии зиёиён ва донишмандон дар ҷомеа ба миён омад, рӯҳониёни қудратхоҳ ва исломиёни сиёсӣ бо арзишҳои фаромиллии динӣ ва бегонапарастӣ босуръат фаро гирифтанд ва пур карданд. Бо чунин дигаргун шудани фазои мафкуравӣ дар ҷомеа ташаннуҷи сиёсӣ-ҷамъиятӣ ба вуҷуд омад”.

Дар натиҷа, ба таъкиди Нуриддин Саид, дар ҳаёти ҷомеа ҷараёни сиёсисозии исломӣ шиддат гирифтааст. “Хусусан, дар забон, илм, фарҳанг, тарзи ҳаёт, сарулибос, рафтор, кирдор, гуфтор, симои зоҳирии одамон ва ғайра хусусияту тобишҳои динӣ-мафкуравӣ намоён гаштанд. Ҷараёни сиёсисозии исломӣ чунон тезу тунд гашт, ки дар бисёр ҳолатҳо пайравони тундрави он табиат, моҳият ва таъйиноти ахлоқии умумиинсонии дини мубини исломро тағйир доданд”.

Нуриддин Саид дар идома сиёсисозии исломро як шакли нави мафкуравии ифротӣ донистааст, ки ба бовари ӯ “боиси пайдоиши даҳҳо равияҳои тундрави динӣ, ба истилоҳ «Таҳрир», «Таблиғ», «ал-Қоида», «Аҳмадия», «Салафия» ва ғайраҳо гардид ва ин пасомади нохуш дорад”.

“Вале, агар масъала дар сари пойдории асосҳои анъанавии ҷомеа, хоса ҳифзи амнияти мафкуравӣ ва бақои сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона равад, дар робита ба масъалаи мавриди назар саволе ба миён меояд, чӣ бояд кард? Кадом мафкураро метавон ба ҷараёни сиёсисозии дин ва теократисозии ҷомеа муқобил гузошт, то пеши роҳи чунин равандҳои ифротӣ гирифта шавад ва дар баробари ин ҳисси бегонапарастиро, ки дар ҷомеа тавассути мафкураи динӣ ба вуҷуд омадааст, аз байн бурда шавад. Ба фикри мо танҳо рушду нумӯи мафкураи миллӣ метавонад пеши роҳи ҳар гуна гароишоти тундравии динӣ-сиёсиро дар ҷомеа гирад. Гузашта аз ин, дар сохтори ин мафкура бояд ҷойгоҳи Ватану миллат ҷиҳати хидмат ба давлатдории навини тоҷикон ба хотири хунсо гардонидани ғаразҳои бегонапарастонаи ҳокимиятхоҳии онҳо муайян гардад ва рисолати маънавию ахлоқии ин дини муқаддас барқарор шавад. Ёдовар мешавем, ки дини мубини Ислом ҳамчун дини ҷавонтарин дорои ҷавҳари бузурги фарҳангии умумиинсонӣ аст. Дини мубини Ислом дар миёни динҳои ҷаҳонӣ ягона дине аст, ки дар пояи инсонмеҳварӣ рисолати абадӣ дорад”,-омадааст дар матлаби вазири маориф ва илми Тоҷикистон.
Мӯҳр
расули хоруги
бо маколоти тумтароки нимаш аз рисолахои руси тахтуллафзи тарчумашуда ва нимаш бо калами дигарон руи сахифа омада намешавад мардумро тарбият кард. мафкураи милли дар кишваре ки 50 фойизаш гайри миллат аст чи маъни дорад??? тафаккури ин мардум то кунун танхо омодаи кабули афсонахои соддаи дини, деги дузаху писарону душизагони хамешачавони бихишт аст,( гуё ончо боги шахватрони бошад). зарфияти тафаккури мо ба чуз махалгарои хешбози ва пулчамкуни кобили пазириши маводи бузургтаре нест. чанд руз пеш низ дар тамоми рузномахои расми "андешаи нодир"-и як шахси баладмаком нашр шуд. холо ин огоз аст акнун хар як вазир амр медихад тобеъонаш вобаста ба сохааш "рисолахо " биеависанд ё бихаранду ба номаш нащр кунанд то аз дигарон кафо намонад. аммо усули асосии тарбияти мардум ин танхо ва танхо шеваи барои мардум бо амалу гуфтору рафтору кирдори хеш намунаи ибрат будан аст, ки мутаасифона то кунун чунин макомдоре ба назар намерасад.хама дар банди чамъкардани сарват. исломи хакики таълим медихад, ки сарват чизи хуб аст, аммо он бояд дар доираю чорчубаи аХЛОКИ ИСЛОМИ_БАШАРИ гун ва сарф карда шавад. ана хамон гох мардум шуморо пайрави хоханд кард. дар акси хол ---хофизон к-ин чилва дар мехробу минбар мекунанд,... огои вазири маориф....

Бисёр. Сухани. Бо мантик. Инро шахсое
Дарк карда метавонанд,ки. Таърихи. Ислом
Бо хабар бошад?

харза нагу
Гайр аз суханхои подархаво дигар аз дастатон коре намеояд. Вакте омузгори мактаб талбандаву хору зор шудааст, шумо дар бораи кадом идеалогияи милли сухан мекунед.

Шахбоз
Дар шароити имрузаи чумхуриямон алббата як идеологияи миллие лозим аст, ки боварии мардумро ба давлат чалб намуда, мутахид сохта хисси миллии мардумро бедор кунад, чунки имруз 80% мардум ба сиёсати давлат бовар надоранд. хама барои манфиати худаш кор мекунад, аз коргари одди сар карда то вазиру кабираш, манфиатхои давлату милат фаромуш шудааст. сабабаш дар чист? сабаби асосиаш дарачаи баланди карупсия, хешу таборбози, набудани кадрхои босавод мебошад. вазири мухтарама боз идеология мегуяд мегуяд. мана идеологияи вазир иваз кардани номи мактаб ба муасисса ё ин ки омузишгохи касбии техники ба литсей мебошад.идеологияи милии гуфтагиашон хамияй!

Бештар барои сарфахм рафтани калимахои мухтарам Саидов аввалан одам бояд мафкураи хукук донияш васеъ бошад то ин ки ба калимахо сарфахм рафта тавонад ва бахси бе асос накунанд !!!

мухтарам вазир. То хол талабагон дар вагон дарс мехонанд. Ту боши афсона мехони. Бекори е рекламаро дуст медори.

Далер
Бародарони азиз! Шумо аввал як бор маколаро пурра аз хафтаномаи"Точикистон" ёфта хонед баъд дар ин бора бахс кунед. Аслан максади муаллифони макола тамоман дигар аст. Аз чи бошад, ки дигарон ба таври худу барои худ мувофик карда онро тахлил доранд? Ман аз вазир пуштибони кардани нестам, илтимос як бор матни аслро хонед баъд мефахмед хакикатро! Ва боз фаромуш накунед ки муаллифи макола хамчун парофессор-як узви чомеа нашр шудааст на хамчун вазири маориф инашро хам ба назар гиред.......

тайлок (шери кулоби)
ин кас-чаноби Саидов ба фикрам аз Ислом чизи хеле ва хеле кам медонад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)