Бахшҳо

Суол: “Ободиҳое, ки ҳукуматдорон мекунанд, аз кисаи худашон аст?”

Як хонандаи “Озодагон” дар робита ба “маслиҳат”-и Бонки ҷаҳонӣ барои истифода аз таппак дар фасли сармо ва ҳангоми камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон назари худро фиристодааст. Ӯ гуфтааст, барои кишваре, ки оби зиёд дораду 23 сол боз наметавонад, мардумашро бо нерӯи барқ таъмин кунад, чунин “маслиҳат”-ҳо шармандагист.

“Барқ надоранд. Корхона насохтаанд. Агар як кас даҳон кушояд, дарҳол мегӯянд, шукрона кунед. Шукронаи чӣ? Дар асри 20 оби гарм ҳам доштему барқи доимӣ ҳам. Аз ҳамаи чиз пур будем, Шумо чӣ кор кардед? Дар куҷое як корхона буд, оҳанпора кардеду фурӯхтед. Як парчам дуруст кардеду мегӯед, ободӣ аст. О, парчам ба кӣ даркор, вақте дар хонаам барқ нест, газ нест, оби гарм нест”,-омадааст дар номаи хонандаи “Озодагон”.

Ӯ дар идома хитоб ба мақомдорони тоҷик гуфтааст, корро аз Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури нав ва сарвазири пешини Туркия, биомӯзанд: “Барои чӣ Эрдуғон дар тӯли 11 соли қудратро дар даст доштанаш Туркияро аз як давлати қашшоқ ба пешрафтатарин давлати дунё табдил доду боре ба мардумаш миннат намекунад, ки шукрона намоед? Мардумаш баромада эътироз мекунанд, онҳоро намекушад. Дар ҳоле ки Туркия аз нигоҳи иқтисод дар ҷаҳон дар мақоми 115 буду ҳоло онро ба қатори 16 давлати мутараққии дунё расонидааст. Тамоми чизро истеҳсол мекунад, корхонаи истеҳсоли ҳавопаймову ракет ва танка дорад. Аммо ба мардумаш миннат намекунад. Чаро?”

Ин корбари “Озодагон” ба саволи додааш боз худ ҷавоб дода, афзудааст: “Барои он ки медонад, ин ҳама ободиҳои кардааш аз буҷаи давлат асту аз ҳисоби пули мардум мекунад. Магар ободиҳое, ки ҳукуматдорони мо мекунанд, аз кисаи худашон аст? Намедонам, шояд гумон мекунанд, ҳамаи он чизе, ки дар Тоҷикистон аст, моли онҳост ва касе ҳақ надорад, ба корашон дахолат намояд? Эй ҷанобон, ҳар чӣ қадар ҳаққе, ки Шумо дар ин давлату буҷа ҳақ доред, мо ҳам дорем. Он пул танҳо аз Шумо нест, ки як чиз бисозеду дар ҳол миннат кунед ва таблиғ намоед. Ягон корхонаеро мисол оред, ки дар давоми ин 23 соли охир таъсис ёфтаасту ҳазор ё ду ҳазор сокини кишварро бо ҷои кор таъмин кардааст. Баръакс, он корхонаҳое, ки як ҳазору ду ҳазор ҷои корӣ доштанд, ҳоло шумораи ҷойҳои корӣ дар онҳо ба 800 нафар расидааст”.

Дар номаи хонандаи “Озодагон” аз таблиғи пайвастаи ҳукуматдорон низинтиқод шудааст. Ӯ гуфтааст, чаро шабакаҳои телевизиони давлатӣ чаро боре аз камбудҳои худ ҳарфе намегӯянд. “Фақат сиёҳкунии чеҳраҳои мухолифи сиёсӣ ва таъқиби муллоҳо аст, гӯиё мо дигар мушкиле надорему ҳама ҷобаҷову бо кор таъмин аст. Агар сатҳи зиндагии мардум хуб шавад, ин мухолифин худ аз байн мераванд, чун ҳарфе дигар барои гуфтан намеёбанд”,-таъкид кардааст хонанда.
Мӯҳр
Ravshan
Ozodagon шумо низ садкаи номи озодагони шавед чаро номатон озодагон хасту хамаи гапои мора чоп намекунед агар ки мо дашному хакорате ки накардаем дар ин коментомон пас чаро шумо низ метарсед ? ё ин ки шумо низ лаганбрадори кадоме хастед ???

октовба
Муъмин, Дуруст гуфти. Гуфтм ку Косаи холира мерос гирифтем.

Чавоб ба Мурод, Ранги Шумо барин душманони миллат солхои 1992 Точикистони ободи моро нотичу горат карданд, дар пеши дигар миллатхо бе обру кардан, барои ба як тангаи онхо ватану миллатро фурухтанд. Нест бод душманони миллат, зинда бод Ватани азизамон Точикистон, мо ободии кишварамонро дар симои Президенти Чумхурии Точикистон, Чаноби Оли мухтарам Эмомали Рахмон мебинем.

ман боварии комил дорам,ки ин ҳама гуфтаниҳое,ки 95-фоизи шаҳрвандони кишвар гуфтанианд инҷо зикр карда шудааст. аҳсан Худо аз Шумо ҷаноби баёнгар рози бошад.

нух
Сомон,
Ба Сомон
1. Рохи пулакиро аз хисоби карзхои Хитой сохтанд, тунелро Хитоихову Эронихо сохтан, вале пулашро чаро вазорат нею ким кадом ширкати сохибаш "номаълум" мечинад?
Магар карзи Хитойро ки мепардозад?
2. Вазирону раисони шумо чикадар маош мегиранд? Инкадар касру сарвату хашаматро аз кучо оварданд?
3. Кадом корхонаи лентабуридаи шумо то хол кор мекунад? Хамон теце ё маркази гармидихиро лентаашро буридед баъди як хафта аз кор монд то хол ки барои он ба чавобгари кашида шуд? Ки пулро хурда корхоро нимкора мекцнад?
4. Писари хукумов 3 нафарро кушт, вале чаро ба чавобгари кашида нашуд? Магар у аз конунболотар аст?
5. Солона чикадар мурда азрусия ба ватан меояд? Чаро чои кор солона кам мешаваду зиёд не? Зеро хар сол яксохаро монополя мекунанд авлоди чанобатон. Чаро касе бо онхо коре надорад?

шодмон
салом ба озодагон
худованд сафи чунин шорехоро зиёд кунад
ин бародар бисёр тахлили хуб кардааст ин фикри 95% мардуми ватан аст

хохиш дорам хамин маколаро хар хафта як маротиба дар сайт гузоред то майнахо рушан шавад шояд ки ба рушнои расем

Мурод
Сомон,
Бародари азиз, бовари дорам ту як хушомадгуйи лагандбардор хастиву аз ахволи мардуми дехоти ва хам аз сиёсат бехабари. Худ мулохиза кун, агар яке аз сохибкорони мо ба сохибкори машгул шаваду каме кораш барор гирад, дархол аз оилаи чаноб дорои уро гирифта, бо чурмхои гунонуни беасос (аз чумла мусодираи молу мулк, тачовуз ба номус, ришваситони ва г) уро ба махбас мекашанд. Магар ин аст Истиклолият?
Бо ин гуна давлатдори Точикистон 100 соли дигар пеш намерад. Ва ин хам аз мо мардум вобаста аст.

Исфараги
Сомони бесомон,пораи ВАТАН-МОДАРРО ба Хитой ки фурухт?Магар мардуми "ношукри Точикистон"?Пас ки будааст хоини хакики?????????Мегуи тинчиву амони.Магар тинчиву амони хизмати мардуми точик нест,ки бо вучуди хамин кадар ноадолати,беконуни хомуш аст*?

Чавоб ба Мурод,
Ман ба Шумо бародар нестам, .Ин шумоён лагандбардору хушомадгуйхои душманони миллати точик хастед, агар онхо ду танга диханд ба Шумо ба фикрам Ватану миллатро мефурушед. Дидем инхалихоро солхои аввалхои 90-ум демократия ё ислом гуфта кариб, ки миллатро ба нести оварданд.Холо он ки аз онхо пурсед маънии демократия ё ислом чист намедонанд. Ба онхо танхо мансаб даркор буд. Баъд ранги Шумобарин одамхо дар вакти нотинчи, бесурусомони, гузариши иктисодиёт ба бозоргони чое, ки омада хизмат кунанд, ватанро обод кунанд баръакс молу мулки давлатро гораткарда ба дигар давлатхои хоричи гурехтанд. Ин аз руи мардонаги аст. Кани адолат, кани инсоф.
Ман аз фикру акидахои худ даст намекашам. Зинда бод Ватанам Точикистон ва миллати точик, нест бод душманоми миллати точик, мо ободии кишварамонро як бори дигар дар симои Президенти Чумхурии Точикистон, Чаноби Оли мухтарам Эмомали Рахмон мебинем.

Овора
Бехтарин фикру бехтарин пешниход албатта ки ин бародар дуруст мегуяд имрузхо бачои корхонаю завод факат марказхои дилхуши сохтаистодаанд, ки ин чуз зарар чизе ба мо намедихад дар дохили як душанбеи майдахак 7-8 богхои фарогати кушода шудааст о мардум шароите надоштабошанд аз кучо истирохату фарогат кунанд!

Хамид
Ахсан бародари азиз ин фикри зиёда 90% Мардуми ТЧК аст, вале забони гуё ва чурьати гуфтор надоранд. Ба шукрона гуияшон хамаро безор карданд.

ДОНИШЧУ
ОФАРИН. БАР. ИН. БАРОДАР' ХУДОВАНДИ. ПОК. САФИ. ЧУНИНИ БАРОДАРОНИ ЧАСУРУ. ХАКПАРАСТ РО. ЗИЕДА. ГАРДОНАДУ. ДАР. СОЯИ. АМРИ. ХУД. ХИФЗ. КУНАД !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)