Бахшҳо

Қатъи пахши ҳадисҳои паёмбар дар “Имрӯз” ва истеъфои Орзу Исоев

Дар пайи барканории Рустами Ҷонӣ аз мақоми раҳбари ширкати “Ориёно-Медиа” пахши ҳадисҳои Муҳаммад (с), паёмбари Ислом, дар Радиои Имрӯз қатъ шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз “Имрӯз” ба шарти ифшо нашудани номаш хабар дод ва афзуд, инчунин, аксар роликҳову барномаҳоеро, ки бо садои Рустами Ҷонӣ сабт шудаанд, аз пахш гирифтаанд.

Орзу Исоев, муаллифи барномаи “Баҳси Имрӯз”, низ аризаи аз кор рафтанашро ба Худоёри Валӣ, раҳбари тозатаъини “Ориёно-Медиа”, ки шомили радиои “Ориёно” ва “Имрӯз” мебошад, супоридааст. Ҳарчанд ба ӯ гуфтаанд, метавонад корашро идома диҳад ва ба аризааш имзо нахоҳанд гузошт, Исоев гуфтааст, дигар имкони монданро надорад.

Ӯ чунин тасмимгирияшро ба бе далел барканор шудани Рустами Ҷонӣ рабт додааст. Исоев тайи чанд моҳи охир бо ташкили барномаи “Баҳси Имрӯз” мавзӯъҳои муҳиму доғи рӯз, аз қабили хидмати сарбозӣ, ҷои кор, тиҷорати пирамидавӣ ва ахлоқи ҷомеаро ба баррасӣ гирифта буд.

Рӯзи 11 августи соли ҷорӣ Рустами Ҷонӣ аз раҳбарии ширкати “Ориёно-Медиа”, ки ба Ҳасан Асадуллозода, раҳбари “Ориёнбонк” ва додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон марбут дониста мешавад, барканор ва ба ҷои ӯ Худоёри Валӣ, сармуҳаррири пешини радиои “Садои Душанбе” таъин гардид.

Рустами Ҷонӣ тайи тақрибан даҳ соли охир, шуруъ аз "Русское Радио-Ориёно" то "Радиои Имрӯз"-у таъсиси нашрияи "ИмрӯзNews" ба ҳайси мудири "Ориёно Медиа" фаъолият дошт. Ӯ то замони омаданаш ба медиа-ҳолдинги Ҳасан Асадуллозода дар Радиои Ватан ва аз он пештар дар Телевизиону Радиои Тоҷикистон кор мекард. Рустами Ҷонӣ муассиси "ИмрӯзNews" нахустин нашрияест, ки ҳар рӯзи корӣ, аз душанбе то ҷумъа, нашр мешавад.
Мӯҳр
хасан
дар чомиаи мо ОРЗУ РУСТАМ дар кор хаст хакиката гап занан

Бо рафтани Рустами чун радиои "Имруз" дигар чун ПУФе ва рузномаи "Имрузнюс" чун когази ташноб шакл мегиранд...хехехе.

хасан
ХИЗМАТИ ОРЗУ РУСТАМ ДАР ХАКИКАТ БАРОИ МИЛЛАТИ ТОЧИК ЛОЗИМ ХАСТ

Асадулло
Бенихоят афсус ки Хадисхоро аз мавч гирифтан ин Радио хам бо омданаи Х валиев чазир шуд. Гамгинии ман аз пахш нашудани Хадисхо мебошад. Дустони азиз хохиш дорам хамчун як шунанванда ки Хадисхоро пашх кунед

Оооооо ана хабар.....Аз хадисхо хаминро бояд гуфт,чанде шуд аз онхо хабаре нест,пеш аз ин изминенияи кадри...Инсонхои ки имруз дар ин мавзуь менависед,бовар дорам худ тарки суннат мекунеду имруз аз худ муьмин метарошед,гучо будед вакто ки Паембара(с.а.в)-ро тахкиру карикатура кардан(Наузамбиллох)-зиеди шумо намоз хам намехонед!!!!Аз Орзу Исоев гуфтаниям,ки баррасии бахсхоро хом пешниход мекард...дар як руз натавон барномаи сиесуву социалиро сохт ,чун ки дар ин байн бояд хар ду тарафи мавзуро шунид,хулоса кард, тадкикот бурд ва пешниходи одилона кард.....Ин чизро дар барномаи Орзуи Исоев дида намешуд(аз нигохи журналисти).....Журналист набояд эхсоси бошад,чун ки дар ин холат мавзуро наметавон найтрали ва одилона дида баромад......Орзу Исоев ба мавзухое даст зад ки,ба он мавзухо хатто "хоча"-хои онхо кудратшон намерасад......Ва дар охир Радио ва газетае ки бо пули нафаре(Хасани Асадуллозода)-ки худ аз ин хукумат ва сиесати у пуштибону мекуна,наметавонад дарди ин мардуми аз дасти хаминхо ба чабр расидагиро даво бахшад....


илтимос хамаи шархро чоп кунед!!!

rustam
як бор части малахак, ду бор части малахак, охир ба дасти малахак

нафароне,ки мегуфтанд, ки чаро нафарони qnet дар радио гап намезананд, акнун кудрати ширкатро дидед, акнун биоед хамакаса кор кунем то Точикистонро бардорем,Акаи Орзу ту хам биё, ин ширкат як гапи хуб дорад qnet барои хама аммо на на хама барои qnet, КИ МЕХОХАД МАРХАМАТ!!!

Намемонанд ки халк хакка фахман. Барои чи ин кора кардан? барое ки хакикат талхай барои мансабдорои мо!

Хама менависи ки и хеши у бдай у хеши и аст...,
Хами радиои Хасани Асадуллозода бдай иш дар назартн наметоба????Ааа?? хак гуё ва хак шиносо!!!!!
Орзу медонист ки радиои Хасан аст,агар дилсузи мардум мебуд бояд барвакт ай и радио мерафт....

Бо барканории Рустами Чониву бо хохиши худ аз радио рафтани Орзу Исоев ва лагви хадисхои пайгамбари мусалмонон Мухаммад(с с) дар радиои "Имруз" дигар ягон барномаи солим намондааст. Рохбари нав бо ин амали худ чиро нишон додан мехохад? Хатто хамон барномаи табрикоти,ки хамаруза нисфирузи пахш мегардад, дигар чолиб нест. Зангхо хам камтар шудаанд.Ширкатхову сохибкорони алохида хам дигар рекламаашонро ба радио намедиханд. Хулоса, радиои "Имруз" КАПУУУУУТТТТТ!!!!!!!

tojik,
аввалаш ин ки хар вакте, ки пайомбари Худо гуфти (саллалоху ъалайхи васаллам) бигу баъд ин ки бар зидди Худо хеч кас чанг карда наметавонад. Сеюм ин ки дар Точикистон 90 % ахоли мусулмон ягон кас бар зидди Худо, расули у (с) ва хадисхояш чанг накардаистодааст. Бозорхо пур аз китобхои динни ислом интернет пур аз маълумот дар бораки хадисхои исломи. Гирифта хонедан гир. Дар Точикистон хама худотарс забонатро газу суханхоро санчида 7 маротиба сипас чоп кун.

Душанбеги
Ба pz: истеъдоди Орзу Исоев ягонааст!

Диана
Фазила агар надида боши хохишмандам айнак гузошта хон каметиарияро дару кавсда (сс) навиштаги, ё гар нафахми рав хон ё агар хондаги боши дуюбора бо хон

Вахш
хаминкадар журналисти хакикат гу буд ба чой у як маддохи дигарро чой додааст.Дунё худаш номарди аст!

ман дар як чиз хайрон мешам бо рафтани у ман радио гуш намекунам хеч нафар хамон нафаре ки хамин суханхоро мегуяд шуморо мачбур намекунем мо ки шумо гуш кунед танхо дар сари вазифа як нафар то мурдан бояд истад, ман аз сомонаи озодагон хохиш мекунам ки хаёлбофиро бас кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)