Бахшҳо

Таъхири ҷавоби СМС-ҳо ва даъвои довталабон дар назди Маркази миллии тестӣ

Гурӯҳе аз довталабон аз натиҷаи озмуни тақсими ихтисосҳо ва дер расидани ҷавоби SMS-ашон аз сӯи Маркази миллии тестии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон норозигӣ карда, фаъолияти шаффофи ин ниҳодро зери суол бурданд. Даъвои гуруҳи довталабон рӯзи 15 августи соли ҷорӣ ҳангоми суҳбат бо масъулони Маркази миллии тестӣ садо дод.

Як масъули Маркази милли тестӣ баъд аз шунидани шикояти довталабе, ки мегуфт, ним соат боз аз ирсоли SMS хабаре нагирифтааст, гуфт: “Хоҳари азиз, мефаҳмам. Интизор шавед, ҳатман меояд. Мо ҳам ҷангҷол кардем, лекин онҳо мегӯянд, моро низ фаҳмед...”

Розия Табарова, масъули Маркази милии тестӣ, бо таъхир омадани ҷавоби SMS-ҳоро, ки бояд аз натиҷаи озмуни тақсими ихтисосҳо донишҷӯёнро огоҳ кунад, ба мушкили техникӣ рабт дод. Номбурда гуфт, айни ҳол кластерҳои 4 ва 5, яъне факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ва тиббӣ пур шудаанд ва дар кластерҳои 1, 2, 3 мутаалиқ ба дигар ихтисосҳо ҷойҳо холӣ буда, интизори донишҷӯёнанд.

Қаблан Маркази миллии тестӣ, ки имсол масъулияти қабули довталабон ба донишгоҳҳои кишварро ба дӯш дорад, хабар дода буд, аз теъдоди умумии довталабони иштирокдошта 29 ҳазору 597 нафар холҳои гузариши фанниро аз рӯйи компонентҳои А ва Б ба даст оварданд. Сабзалӣ Ҷаъфаров, муовини аввали директори марказ дар суҳбат ба “Озодагон” ҷараёни имтиҳони довталабонро хуб арзёбӣ намуда, иброз дошта буд, довталабоне, ки холҳои гузаришро ба даст овардаанд, барои иштирок дар озмуни тақсимоти довталабон ба ихтисосҳои интихобнамудаашон, ба донишгоҳҳо роҳ дода мешаванд: “Дар сурати норозӣ будан аз натиҷаи имтиҳон довталаб ҳуқуқ дорад давоми 2 рӯз пас аз эълони натиҷаҳо аризаи худро ба комиссияи апелятсионии Маркази миллии тестӣ пешниҳод намояд.”

Бо вуҷуди шикоятҳо довталабоне низ ҳастанд, ки аз натиҷаи имтиҳони худ ва озмуни тақсими ихтисосҳо розиянд. Лола, як довталабе, ки ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи техникии ба номи Муҳаммад Осимӣ супурдааст, мегӯяд, ба шаффофияти маркази миллии тестӣ бовар дорад: “Бо 371 бал ба Донишгоҳи техникӣ дохил шудам. Дар байни дӯстонам онҳое буданд, ки аз комиссия нагузаштанд”.
Мӯҳр
akb
Ман ба як чиз хайронам. Мегуянд, ки бачахошона 10-12 то 15 хазор доллар дода дохил мекунанд, Хамун бача давоми 6-7 соли дигар хонда боз пул расход мекунад, Итого 25-30 хазор доллар. Хамин кадар пула бизнесда сарф кунен баъди 6-7 сол 15 хазортон 70 хазор мешавад. Баъд, хамун бачаи бесаводи пул кати дохил шудаги кора мехараду мардума мекушад, вай духдур намешавад,вый кассоб мешавад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)