Бахшҳо
17 авг 2014 12:32Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Ғизои шоми Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли оилааш дар Тахти Наврӯз

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бегоҳи 16 августи соли ҷорӣ бо аҳли хонаводааш ба чойхонаи нави миллӣ, ки аз он “Тахти Наврӯз” ном бурда мешавад, омада ва ғизои шом хӯрдаанд. Як манбаи муътамад ба далели ифшо нашудани номаш гуфт, оқои Раҳмону хонаводааш қабл аз ба истифода додани чойхонаи миллӣ бино ва тамоми имкониятҳои онро аз назар гузарондаанд.

Аммо ин иттилоъ то кунун аз сӯи ҳукумат ва дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ тасдиқ ё рад нашудааст. Чойхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар шафати хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар соҳили кӯли ҷавонон, бунёд ёфтааст, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ - дар остонаи ҷашни Истиқлол ва ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамикории Шонгҳой - пурра ба истифода дода хоҳад шуд. Ин бино қаблан ифтитоҳ гардида, аммо ба далели корҳои зиёди анҷомнаёфта мавриди истифода қарор нагирифта буд.

Ғизои шоми Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли оилааш дар Тахти НаврӯзИн чойхона бо усули миллӣ сохта шуда, дар даромадгоҳи он расми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар иҳотаи ҷавонону солхӯрдагон ҳам нақш ёфтааст. Қаблан торнамои eurasianet.org арзиши ин чойхонаро беш аз 60 миллион доллар арзёбӣ карда буд, ки тақрибан як дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Чойхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе дуюмин, баъди чойхонаи “Хуррамшаҳр” дар ноҳияи Данғара, зодгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, ки бо харҷи даҳҳо миллион доллар бунёд ёфтаанд. Гуфта мешавад, ки чойхонаи Душанбе калонтарин дар ҷаҳон хоҳад буд.
Мӯҳр
Чи даркор и чойхонаву байраки калон вакте, халк нони хурдан надорад. Магар айб нест.айбай айб... бас намекнен сохтани иморат книра. Худнишонтиира кай бас мекнен. Дар руи шумо механдан давлатои дигар.... ту як заводу фабрика бисоз, корхона бисоз,ки даромадануш бепул бошадддд... хайхот хайхот

оë дар шабакахои тв-ни точикистон дигар барномахоро тархрези намекарда бошанд?
ба гайр аз секси мулохо ë ин ки чашмони ровихо дигар ходисахоро намебинад!
чавонон ба нашаманди машгуланд
нодухтари чавондухтарони мактабхон
нашакаши духтарон
порахури вазифадорон
аз мансаб истифода бари мансабдорон
ë кур хастед ë кар ë тарсуед нафрад дорам бар шумо ровихои тв-шакахои точик! охир хамон э нуридинчон ë х мирзо буд ки то имруз чавононро тарбия карданд бо суханони бехтариншон!
Акнун бин ба чи хол омадед! ватанро фасод кардед!

аз хамаи ин сарфахои бехуда бехтар буд агар силоху ракетаю дигар лавозимотхои чанги харида мешуд.... то дар холатхои фавкулодда байрак моро ёри наиерасонад... хозир дунё дунёи силох аст....

ОЗОДАГОН. Наход ки дигар чизи навиштани надоштабошед? Бас будагист хамин фитнаандозихо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)