Бахшҳо

Пешбинии Ҳайдар Ҷамол аз "тағйироти бузург" дар Тоҷикистону ҳамсояҳояш

Ҳайдар Ҷамол, фаъоли ҷамъиятии Русия, бовар дорад, ба наздикӣ Осиёи Марказиро тағйироти бузурге интизор аст, ки ҳатто ба иваз шудани табақаҳои болоии кишварҳои минтақа сабаб мешавад. Оқои Ҷамол ин ҳарфҳоро дар як суҳбаташ бо хабарнигорон дар маркази Қирғизистон баён доштааст.

"Имкон дорад, низои байни кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистону Узбакистон ҳам сар занад”,-пешбинӣ кардааст ӯ.

Ба гуфтаи Ҳайдар Ҷамол, равандҳои ношӣ баъд аз пайвастани Қрим ба қаламрави Русия наметавонад, нисбат ба қишри элитаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки мустақиман бо Кремл пайвандӣ доранд, бетаъсир бошад: “Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия бо шомил кардани Қрим ба қаламрави кишвараш ба доми мухолифини худ дарафтод, ки миёни қишри элитаи рус ташкил шуда буд.” Ҷамол бар ин аст, ки мухолифини ҳукумати феълии Русия бо сард кардани равобити миёни Ғарб ва Путин, ки дуюмӣ инро намехост, ба ҳадафи худ расидаанд.

“Аз ин рӯ, таъсирнокии Маскав дар ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои пасошӯравӣ заиф шуда, дар натиҷа режимҳои Осиёи Марказӣ, ки вобастаи Кремл мебошанд, бо аз даст додани ҳимояти он зиёд давом нахоҳанд карду давоми як соли охир дар минтақа тағйироти элита хоҳад шуд”,-таъкид дошт ин фаъоли ҷамъиятии Русия.

Ӯ дар тақвияти суханҳои худ таъкид мекунад, ҳаводиси охири миёни Киев ва Маскав, аз ҷумла бархӯрди низомиро як соли пеш дар яке аз расонаҳои украинӣ бо нашри матлабе гӯиё пешбинӣ карда буду он замон расонаи мазкур онро сенарияи тахайюлӣ арзёбӣ кардаанд. “Баъдан дидем, ки гуфтаҳои мо ба ҳақиқат пайваст”,-гуфт Ҳайдар Ҷамол.

Ин коршинос бар ин аст, ки Чин аз суботи минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатдор несту дар сурати ба миён омадани нооромиҳо Русия таъсирнокии худро аз даст медиҳад ва роҳро ба чиниҳо хоҳад кушод. “Даргириҳо дар ин минтақа, аз ҷумла миёни Душанбе ва Тошканд пешбинӣ мешавад, ки дар натиҷа тағйири қишри элита низ эҳтимол дорад. Чун ин ҳар ду режим, чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Узбакистон “дастсохт”-и Русия мебошанд. Агар пояи ҳукумати Кремл ларзад, имкони бақои ин режимҳо низ дигар вуҷуд надорад”,-шарҳ дод ӯ.
Мӯҳр
Номдор ту чи ин кадар сафсата менависи? чи ин кадар аламзада хасти? ту як бор фикри дуруст бикун: чаро точикон ва на танхо точикон дар росия гуломи мекунанд, ин гуломиро худашон кабул кардаанд аз сабаби серию пури ва адолати дар кишвари бихиштосоямон. чи мешуд агар дар кишвар корхонахо бунед бикуни ва точиконат дар он кор кунанду ба росия нараванд.росия чи гунох кардаааст: дар кишварат корхонахо заводу фабрикахо институтхо мактабхо сохта дода рафт, ту онро чи кор карди , аз гуруснагиат хурдими? ку он иншоотхое ки барои точикону точикистониен сохташуда? боз чи меноли.

Номдор
ту камтар фикр кун то холо мурдая дидай ту. ман гуфта истодаам ки миллионхо точика хукумати урус кушт ва кушта истодааст китобхои навишташудая хон.. як бор бо касое ки дар замони репрессия зиндаги карданд сухбат кун аввал хунамонро рехтанд баъд бинову корхона сохтанд дар болои гури падару бобохоямон каллата нагзакак дошта фикр кун кишвареро бо номи Точик дар як худуди хеле майда ба вучуд овард.. пораамон кард вай расвогихои кардааша чи хел аз нав баркарор мекунад аз дасти мо шахромона гирифта ба хар кавму кабилае дод баргардонида дихад кани. мо хама чизамон хаст факат моро хамин урусат пора кард ва поратар кардан мехохад..ту аз таги харсанги кухистонат баромада камтар дунёро бо чашми хакикатбин нигар.. ин урус хар чо рафт араку фохишахош кати рафт як фоида расонида бошад дах зарар расонид тамоми халки дунё танафур доранд аз ин уруси бадбуи ту.. Аз Эрон Озарбойчона зада гирифт.. афгонистона тикау валангор кард шармандавор буромада рафт.. Чеченистона ба хоку хун кашид аз дасти урусата терорист шуданд марудмаш кораш зуракиву узбаки.. Гурчистона чанги шахвандии Точикистона чи агар мехост нигох медошт аммо тамошо карду хун мардуми точика рехт.. хозир боз моро гулом кардан мехохад.. камтар чашма калон кушода аз худудхои СССР берунтарро хам нигохк ардан лозим ё не Худо кунаду ба чандин кишвархои хурду бузург таксим шавад ..мурад намегуем мардумаша бигзор зиндаги кунанд аммо мисли мо точикон 10-20 таксим шаванд баъд орому осуда зиндаги хохем кард.. вакте зураш омад кишвархои Осиёи Миёна хусусан точикхо ба ёдашмезанад ана мебини кишвархои гарби иноя чи кор мекунанд.. агар говзуриашу силохи кавиаш намебуд бовар кун зураш ба хамин Голландияча намерасад аз назари аклониву тавонои ва илми чи бирасад ба Олмону Фаронсаву Англия.. бо вучуди ин хам гушна монад баъд холи давида пеши ваё мерад сараша хаму кунаш дунг карда..

Виллиам Волос
Офтоб. Ту бо лаби доманат руятро пушондесаи аз равшании Истиклолият. Ту 70 сол мегуи, аммо барокоти хар 1 соли Истиклолияти мо Точикон дар мукоиса аз хар як 25 соли СССР хубтараи. Зинда бод миллати ОЗОД.

dipmat
АХОНАТА ШАМОЛ БАРАД ПАНТУРКИСТИ МУРДОР. РУСИЯВУ АМРИКОВУ ЭРОНУ ХИТОЮ ТУРКИЯВУ АРАБХОРО ЧАШМИ БАДАШОНА КУР ГАРДОН ПАРВАРДИГОРИ ЗАМИН!!!!

чи магар дар даври шурави зиндаги бад буд, духтурхонахо, макотиб пулаки буданд? магар адолат ва хакикат набуд, е мардум аз бекори ба гурбат мухочири мерафтанд?хозир ба донишгох дохил шави пули бисер дихи бесавод боши хам мегузари. ин аст озоди?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)