Бахшҳо
26 авг 2014 19:12Тоҷикистон / Акс / Видео

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

Алишер ЗАРИФӢ

Бархе аз волидон ва довталабони тоҷик аз “бенизомӣ” дар Маркази миллии тестии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон шикоят карда, мегӯянд, бо вуҷуди он ки аз навоҳии дурдастанду дар пойтахт макони зист надоранд, масъулон саривақт ба мушкили онҳо расидагӣ намекунанд.

Абдукарим Сатторов, падари як довталаб аз ноҳияи Дарвоз, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, барои такроран бақайдгирии исми фарзандаш дар Маркази миллии тестӣ талош доранд, аммо ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд. Сатторов мегӯяд, масъулони марказ санаи оғози сабти номи дубораи довталабонро рӯзи 26 август эълон карда буданд, вале бо омадани довталабон аз навоҳии дурдаст ба назди даромадгоҳи ин ниҳод, ба онҳо гуфтаанд, “боз як рӯзи дигар мунтазир бошед”.



Ба гуфтаи мусоҳиби мо, масъулини марказ гуфтаанд, азбаски дар шаҳри Душанбе як нуқтаи ба қайдгирӣ асту шумораи довталабон зиёд, онҳо тасмим гирифтаанд, рӯзи 26 духтарон ва рӯзи 27 август бачаҳоро сабти ном кунанд. Дар ҳоле ки оқои Саторов мегӯяд, онҳо қаблан аз ин тасмими масъулини марказ огоҳ карда нашуда буданд.

Номбурда меафзояд, фарзандаш, ки хоҳиши донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шуданро дошт, дар озмуни қаблӣ нагузашт ва ҳоло ҳайрон шудааст чӣ кор кунад: “Ростӣ, дирӯз ҳам дар ҳамин ҷо будам, гуфтанд пагоҳ, акнун имрӯз омадем, навбат нест мегӯянд. Гӯиё имрӯз фақат навбати духтарҳост, пагоҳ аз писарҳо. Охир мо худи аз Дарвоз омадем, хостем ин ҷо бақайд гирем, лекин ин ҷо одам хеле зиёд”.

Аксари волидайни довталабон мегӯянд, беҳтар мебуд масъулини Маркази миллии тестӣ дар ноҳияи онҳо низ чунин марказҳои бақайдгирӣ мекушоданд, то саргардон намешуданд. Дар ҳамин ҳол бархе аз довталабони тоҷик аз навбатпоии тӯлонӣ дар нуқтаҳои пулсупорӣ низ шикоят доранд. Як довталаб, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, дар пардохти маблағи бонкӣ барои ширкат дар озмуни такрорӣ, ки 14 сомонӣ пешбинӣ шудааст, ба мушкил рӯ ба рӯ гардидааст.



Ин ҳамсуҳбатамон қайд намуд, тавре дар назди Маркази милли тестӣ аз саҳар боз интизор шудаанд, дар назди яке аз филиалҳои “Амонатбок” дар пойтахт низ чунин мушкил доштаанд: “Охир, намешавад ҳамин нуқтаҳои пардохти пулро тариқи филиалҳои дигар бонкҳо низ роҳандозӣ кунанд? Нуқтаҳои пардохти пул зиёд шавад, мо соатҳо пушти дари онҳо интизор нашавем. Ман аз Норак омадаам, имрӯз корам ба анҷом нарасид, маҷбурам хона равам боз пагоҳ баргардам ба Душанбе”.

Мавриди зикр аст, ин бори аввал нест, ки довталабон дар назди даромадгоҳи Маркази миллии тестӣ ба мушкилоти гуногуне рӯ ба рӯ мешаванд. Қаблан ҳам зимни эълони натоиҷи озмуни даври якуми тақсими ихтисосҳо гурӯҳе аз довталабон аз натиҷаи озмун ва дер расидани ҷавоби SMS-ашон аз сӯи Маркази миллии тестӣ норозигӣ карда, фаъолияти шаффофи ин ниҳодро зери суол бурда буданд.


АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз “бенизомӣ” дар Маркази тестӣ ва интизорӣ дар “Амонатбонк”
Мӯҳр
донишчу
НАФАХМИДАМ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ МУЛЛОХОХАЙ Ё ДОНИШЧУХОО...????

Рохгузар
Бародарони азиз,
Ман як рахгузари ин сомона, нисбати ин масъала як ду гуфтание дорам, лекин пешаки узр аз шахсоне, ки фарзандонашон аз имтихон нагузаштанд.

Факторхои мусбии ММТ ро кайд мекунам:
1. дар макони зист имтихон месупоранд, чандин кадар сарфаи маблаг ва асаб.
2. Хама имконияти то 10 ихтисосро доранд.
3. Маълумот ба таври комил аз сосона гирифтан мумкин.

Акнун, оиди дигари масъала, тамоми мардуми точик 50000 довталаб, аввалан, ва е факат гурухи ройгонро интихоб кардаги (дар хакикат миллати бузирги ман дар шароити на онкадар хуби иктисоди карор доранд) хастанд.
Донишгоххои точикистон шумораи квотаи ройгони бехад камро пешниход кардааст, бинобар хамин дар кисми ройгон конкурс бехад калон буд.
Дар сабти видеои муаллима мегуянд, ки фарзанди ман 360 бал дошту нагузашт, инчо як тахлили соддаро пешниход мекунам, агар аз 500 имконият 365 хол ро гирифта боши 1. ин он кадар хам нишондоди баланде нест, 2. Шояд ин добталаб чойхои конкурси баланд доштаро интихоб кардааст.

Шахсан ман бисер хешу таботи довталаб доштам, онхоро доим мегуфтам дарсхои иловаги гиранд, хулоса 1 нафараш 490 хол кати донишгохи тибби ройгон, 1 нафараш 470 хол кати донишгохи милли (финкридит) ройгон дохил шуданд, дигараш 270 хол кати донишгохи техники (пулаки) дохил шуд. Шахсан ман аз баходихии ин довталабон каноатманам, чунки кобилияташон хамин кадар буд.

Мо мардум бояд фарзандонамона (барои хама азизанд онхо) дар ду се соли охир ба гайр аз мактаб боз иловаги дарс гирем, дарачаи мактаби нохияви максимум 300-350 хол аст.

Илтимос, ягон кас аз ман хафа нашавед, инчо ягон тагой бози набуд, ман шахсан дар ин масъала бехад чидди муносибат дорам, устоди донишгохам будам.

Ном
Хамааш, ба фикрам, айби муллохост ё ин ки айби ХНИТ... Рафта хамонхоро дастгир кунед.

каландарова мехрубон
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)