Бахшҳо

Шарҳи сардори пулис ва назари занон ба маъракаи риштарошӣ дар Панҷакент

Раҳмон Давлатов, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷакент мегӯяд, дастури махсусе барои тарошидани риши сокинони ноҳияро надодааст, вале аз рафтори бисёре аз ришдорон интиқод намуд.

Давлатов имрӯз, 29-уми август дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “вақтҳои охир ба ном муллоҳое бо риш пайдо шуданд, ки як сураи Қуръонро намедонанд. Риш мондаанду дар даст сигор мекашанд, боз дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нос туф мекунанд. Ман фақат гуфтам, ки бо ҳамин нафарон сӯҳбат гузаронед, ки ба чӣ хотир риш мемонанду боз дар даст сигору нос мекашанд. Чунин худнамоӣ чӣ даркор?”.

Сардори пулиси Панҷакент афзуд, корҳои фаҳмондадиҳии кормандонаш аз ҷониби ҳамсарони мардони ришдор низ ҷонибдорӣ ёфтааст: “Бештари занонашон навиштаанд, ки раҳмат ба милисаҳои Панҷакент, ки восита шуданду шавҳарҳои мо ришҳояшонро тарошиданд. Нав намуди зоҳириашонро дидем.”

Шарҳи сардори пулис ва назари занон ба маъракаи риштарошӣ дар ПанҷакентДавлатов таъкид кард, ки чунин чорабиниҳо барои беҳбудӣ ва симои шаҳр роҳандозӣ шудаанд ва таъкид намуд, ки ягон нафарро барои гирифтани ришаш маҷбур накардаанд: “Вақте, ки мебинӣ рафтори сокинони шаҳр безеб шуда истодааст, бояд ба танзим дарорӣ. Солҳои пеш мударрисон ва нафарони рӯҳонӣ риш мемонданд. Ҳоло бошад як сураро намедонанду риш мемонанд. Баъзеяшон риш мегузоранду оҳиста-оҳиста аъзои дигар ташкилотҳои ифротӣ шуда, дар дигар давлатҳо ҷанг мекунанд. Баъзеҳо риш монда, номи Ислом низ паст мезананд. Ояндаи давлатро мо бояд фикр кунем, амнияташро таъмин кунем.”


Ин дар ҳолест, ки рӯзе пеш, 28-уми август, Сино Ҳасанзода – корбари фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо пахши як навори видеоӣ аз иҷборан тарошидани риши бархе аз сокинон дар ноҳияи Панҷакент хабар дода буд.

Ин корбари фаъоли Фейсбук дар саҳифаи худ навиштааст, “дар шаҳри Панҷакент бо дастури Раҳмонқул Давлатов – сардори Шӯъбаи умури дохилии минтақа маъракаи густардаи риштарошӣ идома дорад.” Дар ин навор, ки дар сартарошхонае бардошта шудааст, дида мешавад, чанд нафар барои гирифтани риши худ навбат мепоянд. Ҳарчанд худи онҳо иҷборан тарошида шудани ришашонро рад мекунанд, вале нафаре бо номи Нурулло Ҳакимов, ки худро корманди шӯъбаи умури дохилӣ муаррифӣ мекунад, мегӯяд, дар ин бора аз ҷониби сардори шӯъба дастур шудааст.

Ҳасанзода мегӯяд, кормандони умури дохилӣ, ҳамчунин Имомиддин Раҳматуллоев - масъули ҷавонони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки риш дорад, иҷборан ба сартарошхона бурдаанд, вале баъд аз дахолат ва гуфтугӯ бо онҳо узви ҲНИТ-ро раҳо кардаанд.
Мӯҳр
ХАКИМ
Шарм намедорад. сухани беаклонаро бин!

Dev
Маъно галат,
To ba Davlatov rasidani shumo hele dushvor ast. In hamon mardake,ki dar Dushabe kor mekardu ojonsi ziddi fasodatona intikod kardu az fasodkorii ojonsi Goibkul intikod kard .uro az tars hukumati Rahmon ba Panjakent partoft.

Риш мондан ин нишона МАРДИСТ. Шумо ба риш кордор нашавед окибати кори шумо нек намешавад.Модоме,ки намозу руза намекунед мехохед дигархо ба монанди шумо ва атрофиёни шумо бесатру беномус бошанд.Рафик Давлатов ба шумо як пешниход дорам, БА ГАДО ХЕЧ МАТЕ ВА ХЕЧ МАГУ. инро шиори кори худ кунед. Аллох бузург аст.Хар як инсонро аз руи рафтори кирдораш рузи киёмат чазо мегирад. Шумобаринхо дасти занчирбанд пурсида мешавад ,ки кори нек ё бад карди сони дастхои шумо аз занчир озод карда мешавад ба шарте кори нек зиёдтар бошад. Аз хамаи Хонандагон манзарат мехохам.

ман аз корхона саросема баромада барои хуроки нисфирузи ва ба намози чумъа шитоб кардам, соат алакай 12:55 шуд бо автомошина ба тарафи масчид харакат кардам дар рох чавони риши дароз доштаи 22-24 сола бо дигар шахс дар канори рох саргарми хандаю сухбат буд ва аз сухбаташон ва вакт маълум буд ки ба намоз намеравад ва равад хам дер шуда буд.Аллох нигахбони ШУМО.

Оев М. Н.
Сад хайф ки хар амали дилгиркунандае аз чониби макомот ва дигар намояндагони бо ном хукумати ичро карда мешавад дар сахифахои таърихи миллат ба рохбари Давлатамон нисбат дода мешавад. Бо ин хизматхои "хирсона"- ин масъулони Давлати сахифахои сафеди Рохбари Давлатамонро доги сиёх мегузоранд. Набошад акалан аз хамон марди бузург -Рудаки ба хотиратнаомад, ки зодаи хамон Панчакент буду бо Риши Суннатиаш дуньёда машхур гашт....ё ин ки Панчакент-ро Милисахояш маъруфу машхур гардондааст?...Дигар ин, ки асри 21 аст....Айб аст дар ин асри пешрафта зебогии шахрхоро бо беРиши тасавур куни! Балки зебоги ин аз мехнати халолу хизмати софдилонаи мову шумо пайдо мегардад.Агар дилат ба занхои ришдорон месузад-бехтараш нигох кун ба он зан-модархое, ки дар торикихои шаб ахлотхои партофтаи мову шуморо бо дастоне, ки як вактхо пистони ширро ба дахони мо мегузошт-мегундорад!!!. Дар охир гуфтаниам:-Ин истиклолият бисьёр бо ранч ба даст омадааст!- Бо амалхои бехирадона дилхои мардумро ранчур накунед!!!'-Дониста монед-ай Масъулин!!!'Шумо низ фарзандони хамин Диёрен, ки тавасути Рудаки; ибни Сино; Айнию Бухори....машхури дунё гаштаву хамагон аз "Риш"-бархурдор будаанд!!!

Dev
Оев  М. Н.,
Boboi Oev hamun Rudakiyu Firdavsiyu Sinoyu , Shamsi Tabrizu Hiloliyu...hamaro bedin gufta sur karda kushted, holo mehohed gunohhoyatonro bo jomai nav zeri rishi buzurgon pinhon dored.Ba mardumi zeri 50 rish chi lozim, boz hamun rishe,ki na sarhad doradu na kanor ?

ту ки барои ин корат занонро дар миёна андохти. Аллох чазоятро дихад!

панчакент
Язнат
Бепул бурда ришатонро метарошанд шукр гуед. Риш мондан суннат аст вале фарзхоро баъзаешон ичро намекунанду риши дароз монда "ХАЗРАТ" гуён мегарданд. Шарм доред нимачамуллохо ! Ришатро мон вале онро ба танзим дарор акалан хамон занат дилаш дур наравад.

Мухаммад
Сарвиноз ин кадар ки нафрат ба ришу ба мусалмон дори аз хозир васият кун вакте ки мурди туро дар кафани сурх ва бе чаноза гуронанд. Ана баъд дар суди Илохи мебинем ки чи мегуфта боши.

Star
Малика,
Хамин маслихати ту барин зани беодоб ба хеч ки лозим нест. Мехохи хамма ранги ту луч бошанд?

128
E zanhoe ki az in amal pushtiboni kardedu namudi zohirii hamsaroni khudro dided. Yak lutfi digar kuned dar haqi shavharonaton. Sarhoi khudro taroshed to zohiri shumo ba hamsaronaton namoyon shavad ki shumo ki hasted.

Star
сарвиноз,
Барои фохишаги ичозат хаст аммо барои риш не?

Оев  М. Н.,
Суханхои бехтарин!

РИШ НИШОНИ БОАКЛЙ ВА ФАРК БАЙНИ ГАБРУ МУСАЛМОН НЕСТ. СОЛХОЕ, КИ ДИНИ ИСЛОМ ПАХН МЕШУД ВА ЧОРЧИХО "эмисар"-хои ИН ДИНУ РАВИЯ БО ДОШТАНУ НАДОШТАНИ РИШ ТАФРИКА МЕАНДОХТАНД. ВА АРАБХОИ ЧОХИЛ ("чохил"- Ч,ах,ала- бесавод...) КАСЕРО, КИ РИШ НАДОРШТ САР МЕБУРИДАНД. ВА ЧОХИЛЙ РЕША ДАВОНД (китоб хонед).ЭЙ АХЛИ ЗАРДУШТ, ТОЧИКОНИ ТОЧДОР ВА ОРИНАЖОД! АЗ НУТФАИ БОРБОИ ОДАМ (а) ДУНЁ ДИГАР ШУД ШУМО ХАМ ДИГАР ШАВЕД. О ШУМО ЧОХИЛ НЕСТЕД КУ! ХАМИН РИШ БА ШУМО ЧЙ МЕДИХАД? АЗ РИШ ШОНА ЗАДАНА ЯК САХИФА КИТОБИ ШОИРОНИ КЛАССИКАМОН-ЧАЛОЛИДДИНИ БАЛХЙ, ХОФИЗУ БЕДИЛ...-РО ХОНЕД НАМЕШАВАД,

ин кадом зани муслима будааст ки ба ин милиса хабар додааст ки гуё руи мардонамонро нав дидем гуфта . дуругай . мо занхои муслима ба он дарача нарасидем ки бо занхо зиндаги кунем . мо мардони шер дорем ки риш доранд на модашер .далелхое ки дар куръон барои риш омадааст аввал хонетон баъд гап занетон касе набоши сураи 17 Исро 107-109 боз дар сураи 36 Ёсин 8 оят хон !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)