Бахшҳо

Дастури “риштарошӣ” дар Панҷакентро кӣ додааст?

Сино Ҳасанзода – корбари фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо пахши як навори видеоӣ аз иҷборан тарошидани риши бархе аз сокинони мазҳабӣ дар ноҳияи Панҷакент хабар додааст.

Ин корбари фаъоли Фейсбук дар саҳифаи худ навиштааст, “дар шаҳри Панҷакент бо дастури Раҳмонқул Давлатов – сардори Шӯъбаи умури дохилии минтақа маъракаи густардаи риштарошӣ идома дорад.” Дар ин навор, ки дар сартарошхонае бардошта шудааст, дида мешавад, чанд нафар барои гирифтани риши худ навбат мепоянд. Ҳарчанд худи онҳо иҷборан тарошида шудани ришашонро рад мекунанд, вале нафаре бо номи Нурулло Ҳакимов, ки худро корманди шӯъбаи умури дохилӣ муаррифӣ мекунад, мегӯяд, дар ин бора аз ҷониби сардори шӯъба дастур шудааст.

Ҳасанзода мегӯяд, кормандони умури дохилӣ, ҳамчунин Имомиддин Раҳматуллоев - масъули ҷавонони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки риш дорад, иҷборан ба сартарошхона бурдаанд, вале баъд аз дахолат ва гуфтугӯ бо онҳо узви ҲНИТ-ро раҳо кардаанд.
Мӯҳр
Довуд
Демократияаш хамин? Шуморо ба риши дигарон, ба аъзои бадани нафари дигар чи кор? Мардуми мо содда хастанд. Камтарак англисиро омузед ва дар сурати ин тавр хукукхоятонро поймол намудан, ба сомонахои ташкилотхои хоричи шикоят нависед ё рафта назди кароргохи СММ эътироз кунед, ки бинед демократхоятон чи тавр ба поймолкунии хакку хукуки дигарон даст мезананд. Озодагон, вактхои охир назархоро мунташир накарда истодаи! Фишор оварданд, чи?

Верс
Ба фикрам душманони миллату давлат дар вазоратхонаҳо сахт ҷой гирифтаанд. Инҳо намехоҳанд, ки мардум раиси Ҷумҳурро эҳтиром кунад, аламашон кардааст, барои ҳамин мардумро шуронида истодаанд. Агар ин масъаларо хуб таҳлил накунанд ва ба боло набардоранд, ҳамаи мардум осеби мебинад, ин тенҷи ба баъзе кормандони раддаи боло намефорад. Дастовардҳои бистсоларо зери по мегузоранд. Бо ҳамин ришу салла мардуми мо раҳбарашро эҳтиром мегузорад. Вале душманони миллат ва давлат дар камин будаанд.
Ҳамаи касоне ки чунин фармонҳо медиҳанд дида баромада шавад ба кадом давлати хориҷи даст надошта бошанд. Инҳоро аз хориҷ пул медиҳанд ва бар зидди миллати худ мешуронанд.

дар махалаи Казакони нохияи Синои пойтахт нуктаи шустушуи мошинхо вучуд дорад ки рохбари он Алидод ном шахс мебошад. Алидод ба фуруши мошинхои дузди сарукор дорад, касе ба у монеа шудан наметавонад. Ришашро дароз карда мардумро ба ришмони даьват мекунад. Илтимос пеши рохи уро гирен!

Ин "маърака"-ро ривоч бояд дод. Нест бод, бузришон!

ана инаш низоми диморатии давлати худмон, инро давлати дунявии диктатори гифтан даркор ва инҳо аз толибони Афғонистон дар он фарқ доранд ки онҳо мардумро маҷбyр мекунанд риш монанд инҳо бошанд ришашонро метарошанд.

Инсоф
Дар сиёсатшиносӣ ақидае роиҷ аст, ки барои аз тоталитаризм ба демократия гузаштан бояд (на дар ҳама ҳолат) ҷомеа ба авторитаризм гузарад, ин нуктаи назар қобили қабул аст чунки автоитаризм аз тоталитаризм сабуктар асту он метавонад заминаи демократикунонии ҷомеаро фароҳам созад. Лекин дар Тоҷикистон тазод аст, мо аз лиҳози назариявӣ мехоҳем ба демократия гузарему аммо амалан ба сӯи тоталитаризм рафта истодаем. Тоталитаризме, ки давлат аллакай ба ҳамаи майда чӯйдаи ҳаёти шахсии инсонҳо кордор аст, онро танзим менамояду онро муайян менамояд бо ҷадвалу бо андозаҳо. Ба мондани ришу муйлабу, либоспушии мардум чи кор доред масъулин ?!!! Ба ӯҳдадориҳои мансабии худ машғул шавед охир, давлатро бо чунин кирдорҳо магар метавон хуб сохт ? Ба эътиқоду ҷаҳонбинии мардум машғул нашавед, шумо қудрати зеҳнии онро такмил додан надоред. Иқтисоди воқеиро дуруст намоед, онро озод монед, монополияро аз байн баред ин прогресс аст, на ин коре, ки алъон карда истодаед.

Dev
Hub kardin hamin guna dastur dodaand. Ba mardumi zeri 50 rish chi lozim ast, avval onhoro meboyad dilashonro toza nigah dorand, kadamashonro donista monand.Rish manoi musulmon budanro nadorad.Rishako mondagi marduma fireb dorand, rishako mondagi tajorand az sakf chizero baroi hud kanand, rishako mondagi ba firebu oludagi mashguland.Nest bod rishdorhoi noodam, nest bod rishdorhoi mardumfireb

тарошед ин ришхои безебро, риш як тутум яъне як мушт, баъзе ришхо то нофаш ин ба вахши монанд аст Чи хелеки Петр 1 ришхоро тарошида русхоро аз хайвон ба одам монанд карда буд мо хам хамихел карданамон лозим, риша мемонаду худро муло метарошад, дар куча аз дахонаш гайр аз хакорат дигар чизе нест, акл нест, илм нест маданият нест инхоро дарра зада ба одам монанд кардан лозим аст!!!!!!!!!

муҳочир
ба косим аз ҳудо тарс шумо таҳкир ба пайомбарамон с с карди риш мондан сунати пайомбарамон с с аст шарманда пагаҳ дар пеши аллоҳи меҳрубон чи тавр рупару мешавед

оофаариин, намуди зохирии мардум ба хуби хуб нашавад ба зури хуб мешад.

рамаз
урраааа! нест бод салафизм!!!

мафия кардиян ба фикршон мойкада. Уво хички нестан мошинфурушан каллобан. чоп кун илтимос.

ХОЧИ АЛИДОД БГРЕЗ КИ МЕКАПАН РИШОТА КОК МЕТРОШАН.

Хуб мекунанд аз дасти хамин муллохоя бовар кунед шарманда шудем дар ин дунё! Салафихо хамая шарманда кадан ба ин шиланг пуфкунию дар шармгохи занхо навишта муред таккаришхо! Бо риша тит карда мемонад худи буз барин худо бигиратона шармандахо обруи Исломи бузурга резонден!

Рудаки, Фирдауси, Сино, Чоми, С. Шерози, Хофизи Шерози, Ал-бухори, ва садхо дигарон риш доштанду кории Куръон буданд, хамзамон олимони динию дунявии забардаст буданд. Шумо аксаратон аз хамун коммунизм набаромадед, ва аз шумо барин инсонхои чохил уламо хам намебарояд. Ман риш мондаги нестам, лекин намехохам, ки озодии як шахс махрум карда шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)