Бахшҳо
05 июн 2014 17:35Тоҷикистон / Сиёсат

Дар Панҷакент дафтари ҲНИТ-ро вайрон карда, гуфтаанд, ки...

Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯянд, бо амри мақомоти интизомии кишвар бинои дафтари ин ҳизб дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд қисман вайрон карда шудааст. Сино Ҳасанзода, раиси бахши ҲНИТ дар Панҷакент, гуфт, ин кор рӯзи панҷуми июн сурат гирифта, ҳангоми тахриби дафтари онҳо намояндагони додситонӣ, раёсати амният ва умури дохилӣ ҳузур доштаанд.

Ба қавли Ҳасанзода, мақомот ваъда додаанд, ки бар ивази ин дафтари вайроншудаи ҳизб замин ҷудо хоҳанд кард. “Мақомот пештар хотиррасон карда буд, ки аз сабаби дар канори роҳ будани дафтари ҳизб эҳтимол он тахриб карда шавад. Қарори қаблӣ, ки арзи роҳи автомобилгардро дар дохили шаҳр 34 метр арзёбӣ мекард, ба 18 ё 20 метр иваз карда шуд ва аз ин рӯ, қароргоҳи ҳизб бояд ҳифз мешуд, вале имрӯз масъулон боз ба тахриби бино шурӯъ намуданд”,-афзуд ӯ.

Тайи чанд моҳи охир мақомоти вилояти Суғд барои фаъолияти бахшҳои ҲНИТ дар Исфараю Спитамен низ мушкил эҷод карда буданд.
Мӯҳр
Боз ҳам маблағ нарасид?! Хиёбони Рӯдакии маркази роҳи мошингарди шаҳри Панқакент тибқи нақшаи аввал бояд 26 метр бари роҳ васеъ карда мешуд, вале бо нарасидани маблағ 18 метр хохад шуд ва ҳатто тангтар аз асли пешинаи хиёбони марказии роҳи шаҳри Панҷакент.
Васеъ кардани шоҳроҳи мошингарди Панҷакент – Айнӣ чандин хонаҳои истиқоматӣ, мағозаҳои маркази савдо, заминҳои корам ва дарахтони мевадиҳадаву сояафкани сокинони деҳоту шаҳри Панҷакентро хароб гардонида, қисме аз мардуми Панҷакентро ба бор овардааст. Бархе аз сокинони шаҳри Панҷакент шубҳа дар он доранд, ки корҳои сохтмонии роҳи деринтизоре, ки ба вайрон гардидани мағозаву хонаҳои истиқоматӣ ва кохҳои фарҳангӣ овардааст, қонунӣ бошад ва ё тибқи лоиҳаи тасдиқшуда бошад...

Мушкилиҳои сунъие, ки имрӯз дар шаҳри Панҷакент курсинишинону дастандаркорони алоҳида бо баҳонаи азнавзозии роҳи Панҷакент – Айнӣ сохта истодаанд, шаҳрвандони зиёдеро нигарон кардааст.
Роҳбарони ноӯҳдабаро ва дуруғгӯиҳои барзиёди онҳо дар зинаи ҳокимиятҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо имрӯзҳо дар авҷ аст. Ба хусус ин кор вазифаи ҷонии роҳбари чилдуруғу афсонахонии раиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров аст. Замони суханронии сарвари давлат дар шаҳри Панҷакент мардум аз хурсанди курта курта гӯшт мегирифтан, ки роҳашон обод мешаваду мушкилашон осон. Аммо аз дасти ин марди ҳиллабозу ҳилласоз боз кор ба самти “Аз ришаш тарошеду ба буруташ пайваст намоед” гузаштааст. Мутобиқи нақшаи пешбини шудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бари роҳи хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент бояд 26 метр – 20 метр роҳи мошингард, 3 метр роҳи пиёдагард ва 3 метр гулкориву кабудизоркунӣ мешуд. Аммо имрӯз онро ба 18 метр табдил дода сохта истодаанд. Чаро мардумро фиреб дода хона, мағоза ва дарахтҳояшонро гардонданд.

Чаро боз фиреби халқ? Зарар ба буҷҷаи ҳукумат!!! Хокпоши ба чашми мардум. Рӯирост мадумфиребӣ. Фисқ!!! Фасод!!!! Як чиз нофахмост. Мардум дар хидмати ҳукумати шаҳранд ва ё баръакс?!
Ташакур ба ибтикори ҳукумати ҷумҳур ва сарвари он. Лекин ин раиси муҳтарам магар дар фикри халки оддӣ ва беҳбудии рӯзгори онҳост? Ба дурусти Худо медонад, ки ӯ бо ин амалҳояш дар фикри халқ бошад?!
Барои чӣ дар роҳи марказии хиёбони Рӯдакии шаҳр 4 роҳи зери заминии пиёдагард сохта ба истифода дода мешуд маън карданд?

Хиёбони роҳи маркази шаҳри Панҷакентро ба тиҷорат табдил додаанд.
Боз чизи дигар ин аст, ки деҳаҳои калонтарини ноҳияи Панҷакент –Рукнобод (собиқ Шӯрча), Марғедар, Навобод ва Ғӯсар ҳар рӯз мардум ба харидани хурӯквориву таҷҳизоти рӯзгор аз деҳаҳои дурдасти худи ноҳияи Панҷакент ва Айнӣ меоянд ба савдогарони ин деҳаҳо, мушкилии зиёде ба бор омада аст, ки як чанд мағозаҳои дорои ниёзи мардумро вайрону нобут мекардаанд.

Ба фикрам, қабл аз сохтмони роҳ нақшаи онро тасдиқ карда буданд ё тасдиқи ниҳоии он ба ӯҳдаи муҳтарам Хусрав Насруллоевич Абдуназаров гузошта шуда буд???!!!

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)