Бахшҳо
10 май 2014 11:23Тоҷикистон / Сиёсат

“Мусодира”-и ҳуҷҷатҳои ҲНИТ дар Спитамен аз сӯи афроди номаълум

Масъулини дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз дубора баста шудани дарҳои утоқи худ, ки дар бинои корхонаи воҳиди давлатии "Видео ва кино"-и ин минтақа ҷойгир аст, шикоят доранд. Илҳом Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд, рӯзи 10 май дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, қуфли дари утоқҳои қароргоҳи ҳизб аз сӯи афроди номаълум иваз карда шуда, онҳо наметавонанд, вориди дафтар шаванд.

Мусоҳиби мо аз он изҳорӣ нигаронӣ дорад, ки дари дафтари онҳо аз сӯи афроди номаълум қуфл шуда, тамоми ҳуҷҷатҳои ҳизб дар дохил мондаанду онҳо дастрасӣ надоранд: “Тамоми ҳуҷҷатҳо хеле бароямон зарур аст, ки дар қароргоҳ буданд, аз тарафи ин шахсон мусодира шудааст.” Дари дафтари ноҳиявии ҲНИТ дар Спитамен бори аввал нест, ки баста мешавад. Ахиран дар пайи ташрифи кормандони Хадамоти оташнишонии вилояти Суғд низ дарҳои бинои Корхонаи воҳиди давлатии "Видео ва кино"-и Спитамен баста шуда буданд. Вале баъд аз муроҷиати ба такрори масъулини ҲНИТ ба мақомот дубора боз карда шуд.

Илҳом Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар вилояти Суғд дари дафтари онҳо дар Спитамен дар ҳоле батакрор баста мешавад, ки онҳо маблағи иҷораи дафтари худро то 5 соли дигар пешпардохт кардаанд: “Мо бо раҳбарияти корхона барои ба иҷора гирифтани яке аз утоқҳои бино то соли 2019 шартнома ба имзо расонидаему ба маблағи беш аз 20 ҳазор сомонӣ, пешпардохт низ кардаем.”

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.
Мӯҳр
Бехизб
Шумо хеле содаед Точикистон дар надорад шумо чихел даъво мекунед ки дари кулфи дари шуморо дигар кардаанд?

Шерлок Хомс и Ватсон
Илхомчон ! Шумо худат макони ичораро нодуруст интихоб кардаед :
1. Бинои"Видео ва кино"
2. Пешпардохти 20 хазор сомони то соли 2019.
Яъне,такя ба ин омилхои объективии зикргардида, шахси номаълум фикр кардааст, ки Шумо намояндаи ягон Ширкати "Голливуд" хастед. Чунки ситорахои ин ширкат бойтарин актёрхо дар олами Синамо мебошанд.
Ачиб, худат камчину ВВП- и Ширкататон диккатчалбкунанда.

ин ба хама маълум аст ки дар ин кор ки даст дорад хнит ба пеш сабр бехтарин корест барои шумо ин бори аввал нест ки зидди ислому зидди конун кор мебаранд сардори ин афрод яхудихоянд чун ободию пешрафти точикистонро намехоханд намегузоранд мусалмонон пешкадам бошанд назар ба афгонистон, ирок , покистон, лубнон сурия бахрайн миср ва дигар кишвархои суннимазхаб назар кунед чи фишорхо овардаанд ва як назаре ба кишвархои яхудинишину насронинишину шианишин кунед худ казоват кунед хак бар кист мехоханд моро аз дину оин азпешравии иктисодию ичтимои чудо карданианд аммо мо бошем дар хоби гаронем асус.....

Д1
Гам нахуред, баъди интихоботи парлумони дигар
шуморо то интихоботхои баъди гам намедиханд. Каме дигар сабр кунед. Дар сабру токат шумо "намунаи ибрат" будед-ку?

туракул
дар ислом хизб набудаст инхо дуруг мегуянд шайхи араб хамаашро хуб фахмонд мо точикон дигар ба инхо бовар надорем аз худо тарсед бас фанди мардуми точил
озодагон озод боши чоп шавад

Мухамад Расул
Мулло абдурахим як сол пеш гуфта буд ки ислом ба хизб эхтияч надорад мо фикр карда будем ки дуруст нест ин хакикат будааст ин мард хакикатро мегуфтааст рахмат ба тарбияи гирифтааш ки хаминхел чизхой нозукро дар байни мардум мебарорад мо мусулмонон бояд таьлим гирифта монанди мулло абдурахим хизмати тугри кунем дар ислом
Нашавад монанди чохилон мардумро фанд кунем рузе мешавад ки мардум мефахманд ин хизбихо ахмак шуданд
Озодагон озод бошед илтимос

Сайнисо
Ахир ба максадатон расиден ки мулло гуфта касе хондаги бошад на касеки пушташ авлия ва хизби бошад мехонем дигар илоч нест мулло абдурахима устоз мегирем охир вактхо устози пешина кафо кашидестай даври илму фахм АСТ
Бародарон Азиз чи маслихат метиен ба ман
Саломатбоши озодагон аз ахборхоят

МУСЛИМ
МАН ХЕЧ РИЗО НЕСТАМ , КИ МО БАРОИ ДИНАМОН ХИЗБ МЕКУШОЕМ ИН ЯК БОЗИ ЯК ИГВОАНДОЗИИ МЕБОШАД МЕХОХАНД АЗ ДИНИ ИСЛОМ ИСТИФОДА БУРДА МАРДУМРО ХОНАСАЛОТ КУНАНД ДИН АЗ ПАРВАРДИГОР БА МО БАНДАГОН ОМАДААСТ КУРОНИ КАРИМ ХАМ ГУФТАХОИ ПАРВАРДИГОР МЕБОШАД БАРОИ ЧИ МО БОЯД ГУФТАХОИ ПАРВАРДИГОРО ИТОААТ НАМЕКУНЕМ СОХИБИ ДИН ХУДОВАНД МЕБОШАД НА КАБИРИЮ ДИГАРОН ОНХО ХУДАШОНРО СОХИБИ ДИН ГИРИФТАЮ МО МУСУЛМОНОН ДАР КАНОР МОДАЕМ ГУЁ, КИ ОНХО МУСУЛМОН МЕБОШАНДУ МО НОМУСУЛМОН МО ХАМА МУСУЛМОН ХАСТЕМ БАРОИ МО ДИГАР ИНТИХОБ ДАРКОР НЕСТ МО ТОЧИКОН АЗ РУЗИ БА ДУНЁ ОМАДАН ДАР ГУШАМОН АЪЗОН ГУФТА ТАНХО РУ БА СУИ ПАРВАРДИГОРИ ЯКТО МЕКУНЕМ БАРОИ МО ДАРКОР НЕСТ КИ МО ДИНАМОНРО ДАР ИНТИХОБОТ МОНЕМУ ИНТИХОБ КУНЕМ МО БЕ ХАМИН ХАМ МУСУЛМОН ХАСТЕМ АЗ ДИН СУИСТИФОДА НАКУНЕД БА ЭМОНИ МО КОРДОР НАШАВЕД МУСУЛМОНИ ХАКИКИ ПАНЧ ВАКТ НАМОЗАШРО ХОНДА АЗ ПАИ ЗИНДАГИЯШ БОШАД НА АЗ ПАИ ХИЗБУ ХИЗБОЗЮ МАНСАБТАЛОШИ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)