Бахшҳо
09 апр 2014 15:39Тоҷикистон / Сиёсат

Норӯшаниҳои дарбандии дафтари ҲНИТ дар Спитамен ва пешниҳоди Ёқубов

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, барои бартараф кардани тамоми камбуди оташнишонии бинои корхонаи воҳиди давлатии "Видео ва кино"-и Спитамен, ки дафтари ин ҳизб низ дар онҷо ҷойгир аст, омода мебошад. Дарҳои ин корхона аз сӯи кормандони Хадамоти оташнишонии ноҳияи Спитамен ба далели ҷой доштани бархе камбудиҳо муҳр зада шудааст.

Илҳом Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар вилояти Суғд. рӯзи 9 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳизб барои бартараф кардани камбуди оташнишонии тамоми бинои корхона омода мебошад, вале масъулини он бетаваҷҷуҳӣ доранд.

Дарҳои бинои Корхонаи воҳиди давлатии "Видео ва кино"-и Спитамен, ки дафтари ноҳиявии ҲНИТ низ дар он ҷойгир аст, рӯзи 8 апрел аз сӯи Хадамоти оташнишонии вилояти Суғд барои ҷой доштани камбудИҳо муҳр зада шудааст. Ин дар ҳолест, ки ба қавли масъулини дафтари ҲНИТ дар Суғд, раҳбарияти корхона гуфтааст, имкони молӣ барои бартараф кардани камбудҳоро надорад ва ҳоло маълум нест, дарҳои бинои он кай боз карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол Сафармухаммад Абдуллоев, раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар Спитамен мегӯяд, масъулини Хадамоти оташнишонӣ гуфтаанд, дари бинои корхонаи "Видео ва кино" замоне дубора боз карда мешавад, ки раҳбарияти он расман муроҷиат карда, бартараф кардани камбудҳоро ваъда диҳад: "Кормандони Хадамоти отшанишонӣ мегӯянд, мо намедонистем, дафтари ҲНИТ низ дар он бино қарор дорад. Агар раҳбарияти корхона нома навишта, гӯяд, камбудҳоро зуд бартараф мекунад, боз мекунем."

"Озодагон" талош намуд, то барои равшанӣ андохтан ба ин масъала бо раҳбарияти корхонаи "Видео ва кино" тамос гирад, вале бенатиҷа буданд.

Раҳбари дафтари ҲНИТ дар Суғд мегӯяд, “бетаваҷҷуҳӣ” масъулини "Видео ва кино"-и Спитамен дар ҳолест, ки онҳо маблағи иҷораи дафтари худро то 5 соли дигар пешпардохт кардаанд: “Мо бо раҳбарияти корхона барои ба иҷора гирифтани яке аз утоқҳои бино то соли 2019 шартнома ба имзо расонидаему ба маблағи беш аз 20 ҳазор сомонӣ, пешпардохт низ кардаем.”

Ҳукумати Спитамени вилояти Суғд қаблан низ бо имзои раиси ноҳия М.Маҷитов ба масъулини дафтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин минтақа 3 рӯз муҳлат дода буд, то утоқи иҷорагирифтаи худ дар бинои кинотеатри “Пахтакор”-ро холӣ кунанд. Дар номаи Маҷитов, аз ҷумла гуфта шуда буд, ки кинотеатр макони фарҳангист ва бар асоси қонунҳои кишвар созмону аҳзоби сиёсӣ ҳаққи фаъолият дар чунин ҷойҳоро надоранд. “Тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар муассисаҳои фарҳангӣ манъ карда шудааст”,-таъкид шудааст дар номаи раиси ноҳияи Спитамен ба масъулони ҲНИТ.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.
Мӯҳр
Максуд
Хар нафар ба ХНИТ душмани дорад хадамоти оташнишони низ кумак карда наметавонад.

Узви ххдт
Вакте ххдт дар духтур ташкилоти ибтидои дорад!
Вакте ххдт дар мактаб ташкилоти ибтидои дорад!
Вакте ххдт дар бинои хукумат дафтар дорад!
Вакте ххдт дар театр дафтри кори дорад!
Чи рутона курут мекунед? чи дуруг мегуед? факат гуед аз боло об лой аст хама мефахмад бечорагию тарсуии шумора.

Душманони ХНИТ хаммат шармандаед, ва бовар дорам 100% ки кадре байни худу фарзандонатон надоред. чунки хар шахсе ки Дини исломро бад мебинад Аллох бе обу рую бекадру киммат мекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)