Бахшҳо

Дари дафтари ҲНИТ дар Панҷакентро бо "палатка" бастанд

Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд аз масдуд шудани дафтари худ дар ин минтақа шикоят дорад.

Сино Ҳасанзода, раиси бахши ҲНИТ дар Панҷакент гуфт, кормандони Идораи бақайдгирии ҳуҷҷати манозилу биноҳои ин минтақа ба онҳо гуфтаанд, аз ин ба баъд фаъолияти Шумо дар ин бино манъ мебошаду дар ин бора аз раиси ноҳия дастур гирифтаанд. “Ҳоло дару тирезаҳои қароргоҳи моро бо “палатка” пӯшонидаанду моро намегузоранд, вориди бино шавем.”- афзуд, Ҳасанзода

Ин дар ҳолест, ки қаблан бинои дафтари ҲНИТ дар Панҷакент бо амри мақомоти интизомии кишвар қисман тахриб шуда буд. Аммо масъулини бахши ҲНИТ қисми боқимондаи онро дубора бозсозӣ карданд. Ба гуфтаи раиси бахши ҲНИТ дар Панҷакент, мақомот он замон ваъда додаанд, ки бар ивази ин дафтари вайроншудаи ҳизб замин ҷудо хоҳанд кард. “Мақомот пештар хотиррасон карда буд, ки аз сабаби дар канори роҳ будани дафтари ҳизб эҳтимол он тахриб карда шавад. Қарори қаблӣ, ки арзи роҳи автомобилгардро дар дохили шаҳр 34 метр арзёбӣ мекард, ба 18 ё 20 метр иваз карда шуд ва аз ин рӯ, қароргоҳи ҳизб бояд ҳифз мешуд, вале имрӯз масъулон боз ба тахриби бино шурӯъ намуданд”,-афзуд ӯ.

Тахрибу баста шудани дарҳои бахшҳои ҲНИТ дар вилояти Суғд бори аввал нест, тайи чанд моҳи охир мешавад, Ин ҳизб шикоят дорад, ки мақомоти вилоят барои фаъолияти бахшҳояш дар Исфараю Спитамен низ мушкил эҷод мекунад. Ахиран дафтари вилоятии ҲНИТ низ дар вилояти Суғд вайрон карда шуд. Мақомоти маҳалли Суғд дар шарҳи ин иқдоми худ гуфтанд, қароргоҳи ҲНИТ бар асоси нақшаи куллӣ ё генералии шаҳри Хуҷанд тахриб ва ҷояш кабудизор мешавад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.


Акс аз торнамои ҲНИТ
Мӯҳр
Архитектор
Тибки Накшаи Генерали садхо бинохои фарсуда тахриб мешаванд. Ин пешравии хаст, ва бинохои нави замонави комат афрухта истодаанд.
Бо як дафтари Хизб хангомасози накунед. Бехтараш минбаъд дар хар кучое, ки рост омад Дафтар накушоед. Бо ГЕНПЛАН мувофика кунед.

Мардикор
Шармандаги аз ин зиёд намешавад.Чун ин хизб соли 2010 дар интихоботи парлумони овози зиёдтаре гирифта буд,холо ба ин кори паст рафта истодаанд,гумон мекунанд,ки мардум чун гусфанд асту чизеро намефахмад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)