Бахшҳо
16 июн 2014 10:52Тоҷикистон / Сиёсат / Акс

АКС: Қароргоҳи ҲНИТ дар Суғд вайрон ва ҷояш кабудизор мешавад?

Масъулони шаҳри Хуҷанд ба намояндагии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд огоҳӣ додаанд, ки дар сурати холӣ накардани қароргоҳашон ба мақомоти қудратӣ муроҷиат хоҳанд кард. Онҳо гуфтаанд, бар асоси нақшаи куллӣ ё генералии шаҳри Хуҷанд қароргоҳи ҲНИТ бояд вайрон ва ҷояш кабудизор бишавад.

Илҳомҷон Ёқубов, раиси бахши ҲНИТ дар Суғд, мегӯяд, ин огоҳии мақомот танҳо баъд аз як рӯзи номаи онҳо ба ҳукумати Суғд дастрас шудааст. Ба қавли ӯ, наҳзатиҳои Суғд аз мақомоти вилоят хостаанд, барои баргузории маҳфиле бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ баряшон толор бидиҳанд. “Ин дархости мо рӯзи 13 июн ба мақомот ирсол шуду рӯзи дигараш огоҳинома доданд, ки ҷоямонро холӣ кунем, вагарна чораандешӣ хоҳанд кард”,-афзуд ӯ.

Дар номаи масъулони ҳукумати шаҳри Хуҷанд таъкид шудааст, ки дар сурати муроҷиати хатти намояндагони ҲНИТ ба онҳо аз дигар минтақаи шаҳри замин ҷудо карда хоҳад шуд. Раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд мегӯяд, ҳоло аз сӯи масъулини баландпояи бахш гуруҳи корие барои таҳқиқ ва муайян кардани сабаби басташавии дарҳои дафтар ташкил шудааст. Муҳршавии дарҳои ин дафтари ҲНИТ дар ҳолест, ки ахиран масъулини он бо ирсоли нома ба Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд аз муносибати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва қудратӣ бо пайравони ин ҳизб шадидан ибрози нигаронӣ карда буданд. Дар номаи онҳо ба Қодирӣ, аз ҷумла омада буд, “вазъи муносибати мақомоти қудратӣ бо пайравони ҲНИТ дар вилояти Суғд носолим буда, идома ёфтани ин раванд эътимоди мардумро ба ҳуқуқбунёдӣ ва демократӣ будани давлатдории Тоҷикистон коста мегардонад.”

АКС: Қароргоҳи ҲНИТ дар Суғд вайрон ва ҷояш кабудизор мешавад?Аз сӯи дигар, то кунун бахшҳои ноҳиявии ҳизб дар ин минтақа, аз ҷумла дар шаҳри Исфараю ноҳияҳои Спитамен ва Панҷакент низ айни мушкилро доранд. Масъулини ҲНИТ ахиран аз мусодира шудани муҳр ва санаду ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ аз сӯи афроди номаълум дар ноҳияи Спитамен хабар дода, гуфта буданд, дари дафтари ин ҳизб дар ин ноҳия қуфл шудаасту тамоми ҳуҷҷатҳои ҳизб дар дохил мондаанд: “Тамоми ҳуҷҷатҳо хеле бароямон зарур аст, ки дар қароргоҳ буданд, аз тарафи ин шахсон мусодира шудааст.”

Дар шаҳри Исфара масъулини ҳукумати маҳаллӣ низ ахиран ба намояндагии ҲНИТ ду рӯз муҳлат дода буданд, утоқи Нозироти андози ин минтақаро, ки дар он дафтараш ҷойгир аст, холӣ кунад. Чун дар номаи ҳукумат ба кормандони ноҳиявии ин ҳизб гуфта шудааст, шартномаи иҷораи утоқҳои корӣ дар бинои Нозироти андози Исфара, ки моликияти коммуналӣ мебошад, бо бахши ноҳиявии ҲНИТ тамдид нашудааст ва Шумо онро ғайриқонунӣ истифода доред.” Дар ҳамин ҳол, намояндагии ҲНИТ дар ноҳияи Панҷакент низ аз тахриб шудани бархе утоқҳои кории худ дар ин минтақа шикоят дошта, гуфта буд, ин иқдом бо амри мақомоти интизомии кишвар сурат гирифтааст. Сино Ҳасанзода, раиси бахши ҲНИТ дар Панҷакент, гуфта буд, ин кор рӯзи 5 июни соли ҷорӣ сурат гирифта, ҳангоми тахриби дафтари онҳо намояндагони додситонӣ, раёсати амният ва умури дохилӣ ҳузур доштаанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.


АКС: Қароргоҳи ҲНИТ дар Суғд вайрон ва ҷояш кабудизор мешавад?

АКС: Қароргоҳи ҲНИТ дар Суғд вайрон ва ҷояш кабудизор мешавад?
Мӯҳр
Сабр кунетон аз гура халво мепазат. Мо нахзатихои собир хастем. Алсабру токатуна то 22 соли дигар! Омин ва раббулоламин!

Хучанд
Нахзат чойро холи кунетон ба дигар бизнес машгул шаветон бас будагист
Озодагон илтимос ба хизбихо расад нагуянд ки нашунидабудем

Карим
Бечора хукуматихо аз кинаву хасду бахилиашон дигар намедонанд чи кор кунанд, факат хамин кор мондааст накардаанд, магар ин хукумат боз метавонад даъво кунад, ки диктатори нест?

махмадулло
бахудо .ки айбаст дигар хукумати точикистон кор надорад

Ё тавба! Ин мардуми мо ин кадар нисбати якдигар кибру гуруру фиску фасод доранд ки, мо хеч ру ба бехбуди надорем-дия! О то кай нисбати якдигар хсси бадбиниву бахиливу чудоандозиро нигох медоред! О дар асри 21 собуну чоруби хонарубиатонро аз Хитои мехареду.......!

Салмони форси
Ин кори мансабталошоне,ки соли 92 миллати точикро бо тиру яроки русу узбак куштаанд аст.Кори каси дигаре нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)