Бахшҳо
21 апр 2014 17:32Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳукумати Исфара ба Наимҷон Самиев ду рӯз муҳлат дод

Ҳукумати ноҳияи Исфара ба намояндагии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ду рӯз муҳлат додааст, утоқи Нозироти андози ин минтақаро, ки дар он дафтараш ҷойгир аст, холӣ кунад.

Тибқи иттилои як мақоми ҲНИТ, ҳукумати ноҳияи Исфара бо ирсоли номае ба масъулини ноҳиявии ин ҳизб гуфтааст, фаъолияти онҳо дар бинои Нозироти андоз ғайриқонунӣ мебошад. Дар ин нома, ки зери имзои раиси дастгоҳи ҳукумати Исфара – О. Халоқов навишта шудааст, аз ҷумла омада, “шартномаи иҷораи утоқҳои корӣ дар бинои Нозироти андози Исфара, ки моликияти коммуналӣ мебошад, бо бахши ноҳиявии ҲНИТ тамдид нашудааст ва Шумо онро ғайриқонунӣ истифода доред.”

Мақомоти маҳаллии Исфара ба масъулини ҲНИТ дар ин минтақа ҳушдор додаанд, агар то 24 апрели соли ҷорӣ биноро тарк накунанд, бар асоси қонунҳои амалкунанда, онҳоро берун хоҳанд кард.

Ҳукумати Исфара ба Наимҷон Самиев ду рӯз муҳлат додИн дар ҳолест, ки Наимҷон Самиев, раиси бахши ҲНИТ дар Исфара бо ирсоли номае ба унвони раиси ҳукумати ин минтақа хоҳиш кардааст, моҷарои баҳси будубоши онҳо дар бинои нозироти андозро мунсифона ҳал намояд. Самиев дар номаи худ таъкид доштааст, ҳуҷраи кории бахши исфарагии ҲНИТ дар асоси санади додугирифти амволи давлатӣ ба иҷора гирифта шуда, бар асоси талаботи шартномаи дутарафа ҳамеша саривақт маблағи ҳаққи иҷора тавассути бонк супурда мешаваду ҷонибе дар робита шикоят надорад.

Раиси бахши ҲНИТ дар шарҳи дархости худ овардааст, агар ба гуфтаи мақомот фаъолияти онҳо дар бинои Нозироти андоз ғайриқонунӣ бошад, пас, дар сурати таъмин шудан бо ҷои дигар ҳатман биноро тарк хоҳанд кард: “Дар сурати бо ҷои дигар таъмин накардан аз тарафи Шумо мо илоҷи ба дигар ҷой рафтан надорем. Чун молу амвол ва ҳуҷҷатҳои ҳизбро ҷои нигаҳдорӣ надорем”.

Аз ин пештар, дафтари ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен низ бо мушкили ба ин монанд рӯбарӯ шуда, аммо ахиран онро мусбат ҳал кард.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.
Мӯҳр
Насихат
Шумо хамин кора ба хуби хал кунед. Хамаатон точик, айб аст. Ба фикрам хешу-табор хам хастед. Одами баакл бе чанчол масаларо хал мекунанд. Як тараф сахт омад дигар тараф бояд нарми кунад. Ин замин аз сари хамаи мо мемонад. Хеч кас бо худ намебарад.

.
Э вай гуптан мегирад. Чотонба шиштан гирит.

абдуллох
Ман то ин андоз фикр намекардам ки ин хукуматдорони мо барои аз даст нарафтани мансабашон даст ба чунин ифлосихо мезананд

Босмачӣ
Холи кунед то кай аз бино истифода мебаред. Бинои нав бунёд кунед!

Комил
барои чи аъзоёни ХНИТ ягонтааш Нури ру надоранд?!

Ҷавоб ба Комил
Комил,
Барое, ки ватанфуруш нестанд, ки Нури ру дошта бошанд, ҳамаашон миллӣ ва ватанианд, Нури тҷ. Фаҳмадӣ?

donishju
khudovand baroi shumo baroddaroni islomi sabr dihad.

али
комил
ту агар зан доштабоши хатман азнав никох кун ту бо шариат бози накун мумкин астки тухоло харомро аз халол фарк намекардабоши як чашматро кушодабин гап кучо рафтаистодааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)