Бахшҳо
30 апр 2014 18:15Тоҷикистон / Сиёсат

Номаи наҳзатиҳо ба Абдураҳмон Қодирӣ: “Чора андешед. Агар не...”

Дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ирсоли нома ба Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд аз муносибати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва қудратӣ бо пайравони ин ҳизб шадидан ибрози нигаронӣ кардааст. Нусхаи ин нома ба раҳбарияти Кумитаи амнияти миллӣ дар шимоли кишвар низ фиристода шудааст.

Дар ин нома, ки дастраси ВАО ва созмонҳои ғайридавлатӣ низ гардид, аз ҷумла омадааст, “вазъи муносибати мақомоти қудратӣ бо пайравони ҲНИТ дар вилояти Суғд носолим буда, идома ёфтани ин раванд эътимоди мардумро ба ҳуқуқбунёдӣ ва демократӣ будани давлатдории Тоҷикистон коста мегардонад.”

Масъулини бахши ҲНИТ дар Суғд гуфтаанд, ин гуна муносибати мақомоти қудратӣ бо аъзои ҲНИТ барои амнияти кишвар хатар дошта, боиси гароиши ҷавонон ба сафи гуруҳҳои ифротӣ хоҳад шуд. “Вақтҳои охир пайравони ҲНИТ дар вилояти Суғд мавриди таъқибу фишори мақомоти қудратӣ қарор дошта, ҳатто ҳолатҳои таҳқиру латту кӯб ва талаби рӯйхати аъзои ҲНИТ ва хориҷ шудан аз сафи ҳизб мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, аз Абдураҳмон Қодирӣ, раиси ҳукумати вилояти Суғд ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ин минтақа эҳтиромона хоҳиш мекунем, дар асоси ваколатҳои худ чораҳои мушаххас биандешед”,-омадааст дар номаи бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.
Мӯҳр
Бехизб
Шумо ба касе шикоят мекунед ки худашон бевосита дар тамоми фишору тахдид даст доранд.

99
Мақоли "Гӯсфанд аз гург мадад хостааст"-ро мемонад!

99
Гӯсфанде бирафт назди гург.
Гуфт: "К-ей шери ҷангали олам!
Омадам, то ба ту арз кунам,
То ту донӣ зи ҳолати зорам,
Ки зи нафси бади сагу гургон
Гӯсфандон ҳама талаф дорам.
Гар куни тараҳҳуме бар мо
Сад ҷаҳон ман зи ту сипос орам"
Гург гуфто: "Аҷаб ту соддаи!
Гар надонӣ, ки ризқи гургон чист!?
Пас чаро омадӣ ба наздики ман,
То кунам пора ман туро ин дам!?
Ҷангал аст ин ҷо, азизи ман, бидон!
Гургро баҳри худ бародар нахон!...

Ин бародарони ХНИТ ачоибанд, о шумо бо кадом акл ба унхо мактуб менависед? Шумо ё аз ин чомеа нестед? Хама чиз ба бачаи мактабхон маълуму шумо холо хам демократия гуфта гаштаедда...

Худованд тавфик тияд.....

100%
Шумо хубтараш ба Ансори мурочиат кунед!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)