Бахшҳо
12 сен 2014 16:08Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Аз гиряҳо то маҳрум мондани Кабирӣ аз стипендияи ленинӣ

Муҳиддин Кабирӣ, райиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумон дар мулоқоташ бо ҷавонон гуфт, имрӯз Истиқлол ба арзиши миллӣ табдил шуда, ифтихор бо он вазифаи шаҳрвандӣ ва дифоъ аз он фарзи имонӣ аст. Ӯ дар идома афзуд, “ба хотири ҷонибдорӣ аз истиқлолияти давлатӣ 23 сол қабл моро хоин эълон карда, ҳатто аз стипендияи ленинӣ маҳрум карданд”.

“Ба афроде ки имрӯз истиқлолиятро ба манофеи шахсӣ табдил додаанд, чун истиқлолият ба онҳо мансабу мақому хона додааст, гуфтаниам, нафароне ҳастанд ки дар вақташ барои ин истиқлолият ҷонбозиҳо кардаанд”,-илова намуд Муҳиддин Кабирӣ.

Райиси ҲНИТ аз Тоҳири Абдуҷаббор, Қадриддин Аслонов ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ барои мустақил шудани Тоҷикистон нақши калидӣ доштанд: “мо мехоҳем вақти чунин ҷашнҳо дар баробари дигарон аз ин шахсиятҳо ҳам ном гирифта шавад, набояд хидмати бархеҳоро нодида гирифт”.

Дар идомаи суҳбаташ Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандию аҳзоби сиёсӣ борҳо собит кардаанд, ки бо вуҷуди ихтилофи назар бо ҳукумат, дар масоили марбут ба манофеи миллӣ “дар гирди ҳукумат ҷамъ мешаванд”. Ба таъкиди ӯ, “замоне расида, ки истиқлолияти давлатиро бо баргузории интихоботи шаффоф комилу мустаҳкам намоем. Вақте давлат қудратманду ҳарфаш ҳарф аст, ки пушти он миллату мардум меистад".

ДАР БОРАИ ҶАВОНОН ВА ГУРУҲҲОИ ИФРОТӢ


Вакили парлумон далели аслии гароиши ҷавонон ба сафи гуруҳҳои ифротиро ба интихоботҳои ғайришаффофи ҳукуматдорон марбут донист: “Вақте интихобот шаффоф аст ва ҷавонон дар сурати мағлубият, интихоботи ояндаро интизор мешаванд”. Ӯ дар хитоб ба онҳое, ки бо ифротгароӣ мубориза мебаранд гуфт, “шумо ҳоло натиҷаро илоҷ мекунед, ба ҷои он ки сабабро муолиҷа кунед”.

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, онҳо дар масъалаи мубориза бо ифротгароӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамфикранд, аммо ба навъҳои он ихтилоф доранд: “Инҳо фикр мекунанд вақте ҳиҷобро манъу шиорҳои исломиро барчинанд ифротгароӣ кам мешавад, аммо ин дидгоҳи танг аст, роҳҳали асосӣ адолати иҷтимоӣ, интихоботи шаффофу озод ва мардумӣ аст”.

ОЗОДИИ ДИНӢ ДИҲЕД, КАСЕ АЗ НАҲЗАТ ПАЙРАВӢ НАМЕКУНАД


Муҳиддин Кабирӣ дар мулоқот бо ҷавонон ба маҳдудиятҳои динӣ ва фишор болои ҳизбаш ҳам дахл карда, гуфт, “шумо озодиҳои динӣ бидиҳед касе аз ҳизби наҳзат пайравӣ намекунад. Панҷ соли натиҷаи фишору маҳдудкуниҳоро дидем, тоҷик дар Сурия амир шудааст, биёед панҷ соли дигар озодии динӣ диҳем, бинем чӣ мешавад”. Дар идома Кабирӣ даъват кард, ҲНИТ-ро ҷузъи миллат дониста, рақобатҳои носолимро канор бигузоранд. “Агар бо фишору маҳдудсозӣ ва эҷоди монеа барои аҳзоб мехоҳед пеши ифротгароиро бигиред, донед ки шумо роҳро барои онҳо боз кардед”,-гуфт вай.

ЧОР ГИРЯИ КАБИРӢ, ЯКЕ БАРОИ ЗАЙД

Ҷаноби Кабирӣ гуфт, барои соҳибкори зиндонӣ Зайд Сайидов гиристааст: “Дар 5-6 соли охир 4 бор гиристаам: барои реҳлати раҳбарони ҲНИТ, барои реҳлати модарам ва бори охир ба ҳоли Зай Сайидов”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
tojik
Райиси ҲНИТ аз Тоҳири Абдуҷаббор, Қадриддин Аслонов ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ барои мустақил шудани Тоҷикистон нақши калидӣ доштанд
чаро хукумат аз фидокорине ки барои ин кишвар мубориза бурдан то истиклол ба даст ояд ро ном намугирад акалан чени Восе ки шуриши исиклолият кард
пас ин мансабдорон чаро дар вакташ намехостан ки точикистон сохиб истиклол бошад вале имруз боз намехоханд аз вазифа раванд ва икрор кунанд ва бигуянд ки дар вакташ барои истиклол наёфтани точикистон мубориза бурдаанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)