Бахшҳо

Додситони Суғд: Пӯшидани либоси мардуми арабу покистониву эронӣ чӣ маънӣ дорад?

Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд аз фарҳанги либоспӯшии занон дар шимоли кишвар нигаронӣ карда, аз онҳо хостааст, ба либоси миллӣ таваҷҷуҳ намоянд.

Қурбонзода дар мулоқот бо раҳбарони макотиби олию миёна, мудирони шӯъбаҳои мақомоти маҳаллӣ, намояндагони уламои дини шаҳру вилоят, раисони маҳаллаҳои шаҳру шӯроҳои занон ва бибихотунҳои ин минтақа изҳор доштааст, занҳои тоҷик ҳоло аз фарҳанги либоспӯшии ниёкони худ рӯй гардонида, ба тақлиди мардуми арабу покистонӣ ва эронӣ пардохтаанд. Ӯ гуфтааст, “либоси миллии худро пушти по зада, либоси мардуми арабу покистониву эрониро ба бар кардани занону бонувони мо чӣ маънӣ дорад?”

Додситони вилояти Суғд дар идома аз бонувони ин минтақа даъват кардааст, ҳангоми интихоби сару либос фарҳанги ниёкони худро ба назар бигиранд: “Либоси тоҷикии мо чӣ нуқсон дорад? Ҳар давлату халқияту сохтор либоси махсуси худро дорад. Ва ба халқи тоҷик низ ниёкон либосҳои миллии худро ба мерос гузоштааст. Чаро таассуб ба либоси бегонагон мекунем? Амалҳои мо асосан аз урфу одат сарчашма мегиранд ва ҳуқуқҳои мо низ дар асоси урфу одат пайдо шудаанд”.

Ба дунбол, додситони вилояти Суғд фазои динии кишварро мусоид арзёбӣ карда, аз сокинон хостааст, тағйири мазҳаб накунанду зери ниқоби дин ба амалҳои ҷиноӣ даст назананд: “Дар ҳаққи дини мубини Ислом ва иҷозати давлат дар озодии виҷдон хизмати хирсона кардан нашояд. Дар қаламрави кишвар 4000 масҷид амал мекунад. Марҳамат, намоз хонед, рӯза гиред, ибодат кунед! Аммо ба мамлакатҳои ғайр пайравӣ накунед”.

Шариф Қурбонзода дар идома ба шарҳи сабабҳои даст задани шаҳрвандони кишвар ба худкӯшӣ пардохта, дар он бетаваҷҷуҳии раисони маҳаллаҳо ва сокинонро низ яке аз омилҳо донистааст: “Ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд омилҳои гуногун доранд, масалан бемории асаб, бемориҳои вазнин ва хушунати оилавӣ. Суоле пеш меояд, модоме 41% ба бемории асаб гирифтор будаанд, чаро дар ташхису рӯйхати табиб наистодаанд? Раисони кумитаҳои маҳаллаҳо чаро аз бемории сокинон ва хушунати оилавии онҳо бехабаранд? Шояд бетарафии ҳамсоягон чунин шаҳрвандонро ба худкушӣ мерасонад? Бояд фаъолияти занон, ҷавонон, калонсолони маҳалла пурзӯр карда шавад”.

Ӯ аз ҳолатҳои хариду фурӯши одамон низ дар қаламрави вилояти Суғд ёдовар шуда, гуфтааст, аз аввали соли ҷорӣ то кунун 19 ҷинояти хариду фурӯши инсон ба қайд гирифта шудааст: “Духтарону занони гумроҳро бо баҳонаи дарёфти кори серпул ба кишвари араб фиристода, бо ин васила маблағҳои калон ёфтани иддае боиси ташвиш ва нигаронии кормандони мақомоти ҳуқуқ ва ҷомеа гардидааст”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
СТУДЕНТ
ЭЭЭЭЭ НЕКИ САВСАТА ГУФТИ ДААА. ВАЗИФАРА КИ ХАРИДИ ИНАМИХЕЛ МАРИАНЕТКА МЕШАЙ. МЕГУИ ОН ЧИЗЕРО КИ БОЛО МЕХОХАД НА ИНКИ КОНУНУ ДЕМОКРАТИЯ .... МИНИ ЮБКА ДА ЗЫНЫКЫШ ГРФТАЮ ХИЧОБУ САТРИ АЧДОДИ МУСАЛМОНХО АЗ АРАБУ ПОКИСТОНИВУ ЭРОНИ БДАСТ.

Поча канда бе изорро хандидааст! Шарм кардан дар кор мансаби козигира худо насибат кардаасту рафтори козигиро не. Аз туркманхо акалан ибрат гирен? Эрону, Арабу Покистон гуфта як хелота хоб намебара, чи хел пешвозашон гирем, ки сармоя гузоранд мегуед....................!

Ба хамин коромон мемонем 10 солахои дигар дар хамин камбагалию бесаводи! Дар Донишгохоям ана хамин хел, барои галстук хорич мекунанд даркор бошад, лекин барои бесаводи ягон кас гам намехурад.

Абубакр
Чаро Курбонзода либоспушии аврупоиро нагуфтааст ин беадолати

Ба Радиои Озодагон:
Мухтарам масьулини радиои Озодагон, Барои чи суханони ин масьулонро танхо дар ин сомона чой медихеду ба саволхои мо ягон шахси масьуле ефт намекунед Ки саволхои Моро чавоб гуянд аз шумо хохиш мекунем Ки бигузор ба суолхои мо чавоб гуянд,

нурия
Чаноби додситон, фарханги миллии мо бар пояи фарханги дини мост. холо агар хам баъзе аз занон дар либоспушиашон аз арабу покистону эрон таклид мекунанд пас чаро ба зиёде аз заноне ки дар либоспушиашон ба европа таклид мекунанд хеч харфе ва ё ишорае намешавад онхо либоспушиашон ба урфу одати ниёгони мо мутобикат мекунад магар? ё онхо бо хамин тарзи пушишашон бомаданиятанд?

тyда чи занҳо чихел пушанд, тy ба корат рас додраси масабталаб. Тy бояд ба мардyм риоя кардани қонyнро ба мардyм бифаҳмони вале баракс хyдат ҳамин қонyни кишварро дар нисбати пушидани занҳо бо суханонат поймол карди. Масyлияти хyдатро дар назди халқ иҷро кyнy мyҷримини кишварро дастгир кyн. Шармам меояд вақте мебинам ҳар нохалаф додситон, вазирy кабир дар кишварам мешаванд ва инсонҳои мухлис самими ва ватандустy покиза аз кишвар ронда мешаванд

салом Дустон!! хамин мансабдорони точик дигар кор надоранд факат аз вазир то малими мактаба хамаша либоси милли пушед мегуд вазираш бошад пошнадори баланд пушанд духтархо яки дигараш токи пуш мегуяд хамин мансабдохо худашон бо либоси милли биенд корба кани як бине мардхо бо музаи дароз чома бо румолбанд аз миен ва токи агар гугури милли дощта боши ва занхои ниегони мо боянд масхи чома ва чомасар дощта бошанд ана ин милли АСТ!!!!

Ч,аннби додситон шумо ба суханх,ои худатон сарфах,м нарафтаистодаед, чаро факат занхоро эрод мегиред о худатон хам либоси бегона ба бар доред ку кани мисли ниеконамон шалвору куртахои фарох пушед!, Манхам тарафдори хамун куртахои остин дарози васеъ хастам аммо дар муасисахои давлати занхо бо либосхои эвропои кор мекунанд касе чизе намегуяд дотситони мухтарам.

Механ
Хуб мешуд, ки хар инсоне дар бораи ислом гап мезанад маънои гап заданашро донад! Паёмбари ислом хазрати Мухаммад с.а.с гуфтанд: "хар касе дар бораи ислом чизеро намедонад бехтараш сухан нагуяд ва бехтараш дахонашро накушояд, ки Худованд ин гуна инсонеро, ки бар зидди фармони у нофармони мекунад харгиз намебахшад" ман барои Шумо чунибарин одамон мегуям, ки пеш аз оне ки Шумо дар хаки ислом чизе мегуед фикр кунед баъдан сухан биронед. Аз либоси апрупои дида либоси исломие, ки Шумо мегуед ин аз мо нест хамин либос хубтару бехтар аст, аслан аввал каме бошад ба таърих назар кунед модарони пештари мо сатрро истифода мекарданд. аммо шумо таърихро каме бошад назар кунед баъдан ба сари миз омада фикратонро гуед!!!

Диловар
Ака мебахшед ами авал зану фарзандони худатонро либосси миллии Точики пушонида сони баъд дигаронро таъна занед

Сафарали
https://fbcdn-photos-h-a.akamaihd.net/hphotos-ak-xap1/v/t1.0-0/10711042_62827364

3960498_1790485501004792039_n.jpg?oh=4d47e5fa0fb6f99a55d8eff9000da8f2&oe=548F9BF

3&__gda__=1422544431_62c5eb9e9e25b5a7af35aa44bdbce0be

ин ссилка ба либосхои милли точики аст ин огои бесавод бинад момаву очаш хаминхел либос мепушид.

Арбоб
Агар Шариф Курбон хадди акал се моҳ прокурори ВМКБ таъин шуда дар Хоруғ кор кунад, автоматически булбулакаш аз хондан мемонад. Вакти он расидааст, ки покурори ВМКБ Арбобов ба ҷои Шариф таъин карда шавад ва бечора аз самбусаву мантухои Амбаройи Хуҷандӣ нуши ҷон карда мисли акаи Шариф фарбеҳу ғафсу шикамдор шавад. Хуб мешуд, ки Шариф Курбон агар ватандуст бошад ва тарафдори ваҳдати миллӣ бошад, як чанд давра прокурори Хоруғ шавад ва маззаи ширчойи помириро чашад, солисан кадри тавоно ва пухта мешавад.

salom ba hama charo libosi avrupoiro gav namezanen hama fasod shudestay sa i raisi sud diga kor nadora

кулоби бача
786
эмон ки набоша, дусти яхуди израилу аврупо мешайю масту пиён савод хам ки нест баъд намедони ки либоси ачдоди мусулмони мо сатри пура буд ё лич Тура зант гапта намегира бо ай либоси зано гап мезани. Хитойхо ва афгоно ба сум паспорту праписка гирифта миллати точика харром карда партофтестахан, ира пешша бги, пеши пахши секса дар Тв1 бги пркрор кори т чия ба сатру либоси зано ва риш пиш,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)