Дар вилояти Суғд ходисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он нисбати хамин давраи соли гузашта 37 адад зиёдтар ба кайд гирифта шудааст.
Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар РВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, тайи 10 моҳи соли 2012 дар шаҳру навоҳии вилоят 240 (2010-203) ҳолатҳои худкушӣ ва 75 ҳолатҳои сӯиқасд ба ҳаёт аз тарафи 129 нафар мардҳо ва 16 писарбачагони ноболиғ, 111 нафар занон ва 31 нафар духтарокони ноболиғ содир карда шудаанд. Аз ин миқдор 166 нафар шахрвандон бо рохи доркашӣ, 42 нафар бо роҳи заҳролудшавӣ, 11 нафар бо рохи худғарқкунӣ, 6 нафар бо роҳи худсӯзӣ ва 3 тан бо дигар роҳҳо худро ба ҳалокат расонидаанд.
Манбаъ афзуд, 55 нафар шаҳрвандон бо сабаби бемории рӯҳӣ, 37 нафар дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ, 6 нафар бо сабаби камбизоатӣ ва 68 нафар бо сабабҳои гуногун ин амали номаталубро содир кардаанд. Муайян намудани сабабҳои худкушии 74 нафар шаҳрвандони дигар ба мақомоти тафтишоти пешакӣ муяссар нагардидааст.
Мӯҳр