Бахшҳо
23 сен 2014 14:31Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Раҳоии Далер Нақибов: Гап сари 30 $ будааст?

Далер Нақибов, корманди Раёсати консулии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки рӯзи 17-уми сентябр ба иттиҳоми порагирӣ аз ҷониби Кумитаи амният дастгир шуд, аз боздоштгоҳ раҳо гардидааст.

Дар ин бора як нафари наздики Нақибов ба “Озодагон” хабар дода, афзуд, ки ҳаққи ифшои ҷои будубошашро надорад.

Ба иттилои ин манбаъ расонаҳо аз чор ҳазор доллар гирифтани Нақибов хабар доданд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо сухан танҳо сари ҳамагӣ 30 доллари амрикоӣ мерафтааст: “Касе, ки ба ҳаёти хоксоронаи Нақибов бовар надорад, метавонад биёяд ва шароити манзилу зиндагияшро бинад. Ин, ки мегӯянд, ӯ чор ҳазор доллар гирифтааст, дурӯғ аст. Гап сари 30 доллар мерафтааст, ки он ҳам баҳсбарангез аст ва далели кофӣ вуҷуд надорад.”

Дар мақомоти амниятии Тоҷикистон низ хабари раҳоии Нақибовро таъйид карда, афзуданд, ки тафтиши парванда алайҳи ӯ идома хоҳад дошт. Ба иттилои манбаъ тайи тафтиши парванда Далер Нақибов ҳаққи тағйири ҷои иқоматро надорад.

Қаблан гуфта мешуд, ки дар ин робита Манучеҳри Маҳкам, сардори раёсати консулӣ ва роҳбари бевоситаи Нақибов низ мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Манучеҳри Маҳкам писари Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон мебошад, ки ахиран дар симмати раҳбари сарраёсати консулии Тоҷикистон Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз намуд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Чавоб ба Аслиддини чун, аввал хамон маколаро нагзтар хонед баъд посухаторо нависед.
Далер Накибов падараш раиси Суди Конститутсионии ЧТ намебошад, балки падари Манучехр Махкамов. Чихели, ки мегуянд аввал гуфтор баъд рафтор.
Дар бораи 30$ пораи гирифтаи Далер бошад, инро бояд тафтишоти Кумитаи амният маълум кунад, ки ин пора ё подстава. Барои шахсан ман 1$ пораю 4000$ пора, лекин ба фикри ман ин шахс барои 30$ шуда обруи худашро намерезонад. Тафтишот бояд хамаашро бояд нишон дихад. Танхо тафтишот.

Хеле хурсанд шудам, аз ин хабар. Далер босаводтарин , хушмуомилатарин коргари консулгари аст. Доимо ба хамаи корафтодагон муомилаи хуб дорад. Домаоди касе будан ягон ролро дар ин чо бози намекунад. Хушдоманаш бошад, низ босавод ва бехтарин инсон аст. Ин хел хизматчиёни давлатиро бояд дастгири намуд. Дар мо одат шудааст, ки агар хизматчии давлати бошад хатман бояд ба чашми бад нигох кунему танкид кунем. Бародарон ва хохароне, ки хар хел гапхои беасос менависанд бояд далел дошта бошанд ва ба иззати нафси одамон нарасанд. Чи магар хизматчии давлати шуди хатман бояд инсони бадахлок хасти. Дар зиндаги хар кас хато кардан мумкин аст. Далер шояд бо фармони ягон каси дигар ба ин кор даст задааст. Камбудии вай ин камтар бечуратии вай аст. Хама аз рохбар вобаста аст. Давраи Чамолидин хама конунгузори риоя мешуд. Хоричиён хама аз кори консулгари рози буданд. ва мегуфтан. ки кори ин идора дар сатхи баланд аст. Баъди рафтани вай тамоман бардак шуд, хусусан рафтори ДАГАЛОНАИ кормандон раёсат.Вайхо хуши ягон чизро фахмондан надоранд, вакте мурочиат мекуни гуё, хонашон ягон чиз пурси омада боши. Хуччатхоро метавонанд бе ягон асос рад намудан. Муомилаи дуруст Далер ва Саидчон Шафиев доранд. Рости гап шармам меомад дар назди хоричиён.
Рахмати калон ба Махмадсаид Убайдуллоев барои тарбияи ин хел фарзанди босавод ва боодоб!

Корпусия
Фатох САид кучо шуд, кани наворбардории ин бача. дИгаронро ку навор мегиранд ин бачаро чаро нагирфитанд? Дигаронро бо 100 ё 600 доллар 1 ним соли зиндоник арданд и бача хурда гаштесас.

Ачоиб-да
Хайрият ки ин Далер хушдомани зур доштай. Халолуш. Дигар чавонхои точикро, ки касе дастгири намекунад, мебаран мезанан, тухмат мекунан, фохишахо бо кимки хобу хез карда, аз бачахои чавон хомиладор шудам гуфта хона талаб мекунан. И чи гапай худаш? Пора дар хама чо порахай. Мо хушдомани зур ё шефи бакувват надорем. Баъд чи, мора 27 сол мешинонан? Баробари бародари. АМНИЯТ, кучора нигох мени ту?

ман Далерро намешиносам, вале дакик ва аник аст, ки панчакентихо босавод мешаванд, вале агар донишгохро хатм накунанд хам, хиради азали дар хуни онхо чорист. табиат инро ба онхо фаровон ато кардааст.аз симои ин шахс равшан аст. ки чавони боадабу ботарбият буда барои 30 доллар худро паст намезанад. ба Далер Накибов бурдбори ва комебихои беназир хохонам. Доимо сарбаланд бошанд.

салом озодгон бахшиш раёсат сар раёсат шидагия хушру нависонен

сарвар
Далер бе хушдоманшам да вазорат кор мекад.Халки шимол халки конундонан хеч гох барои 30 доллар обруша паст намекна, причом тут Хайринисо ура тарбияи карда калон накада боша ёфтен дига хами занаки бечорара гайбат мекнен,

Не согласен
muhammad,
Вакте рохбараш Чамолиддин буд Раёсат буд, нав сарраёсат шудааст. Одамора фиреб накун

читатель
Не понимаю, откуда ИА "Озодагон" получает информацию. Такое ощущение, будто сидят над магическим шаром в одной из башен Хогвардса и гадают... Никого не отпустили, Далер до сих пор в СИЗО. Какие именно родственники оповестили "Озодагон"? Не информационное агентство, а сборище врунов и дезиформаторов!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)