Бахшҳо

Посухи Билайн ба Кумитаи забон: “Любой ҷо” қонунист!

Ширкати мобилии “Таком”, ки зери тамғаи Билайн фаъолият дорад, изҳор медорад, ки номи тарифи наваш “Любой ҷо” қонунӣ буда, муҳтавояш бо забони давлатии тоҷикӣ шарҳ дода шудааст.

Ин нуқтаро Билайн дар посух ба Кумитаи забон ва истилоҳот баён дошт, ки ба иддаои ин ниҳод номи тарифи “Любой ҷо” мухолифи қонуни Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ ва нақзи меъёрҳои забони адабӣ мебошад.

Мария Веторази, масъули робита бо ҷомеаи Билайн дар шарҳи “Любой ҷо” номгузорӣ шудани тариф ба “Озодагон” гуфт, ки он соддаю фаҳмо буда, дар омма васеъ истифода мешавад ва инчунин аз омилҳои шӯхӣ бархӯрдор аст: “Ин ном ба таври пурра моҳияти тарифи навамонро инъикос мекунад, ки дар он тамосҳо ба ҳамаи операторони мобилӣ нархи дастрас доранд. Баъдан ин номи сода, хотирмон ва дорои омилҳои ҳаҷв мебошад. Иттилооти таблиғотии тарифи “Любой ҷо” низ дар доираи қонунгузории Тоҷикистон мебошад, чун ба забони тоҷикӣ баён шудааст. Инчунин дар маводи таблиғотӣ маънои “Любой ҷо” шарҳ дода шудааст.”

Билайн таъкид мекунад, ки истифодаи калимаҳои ғайр дар тамоми ҷаҳон як меъёри маъмулӣ буда, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ роиҷ аст.
Ин дар ҳолест, ки Кумитаи забони Тоҷикистон иддао дорад, ки Билайн мухолифи қонун дар бораи забони давлатӣ кор карда, ба ҷои номҳои тавсиядодаи ин ниҳод-“Ҳама ҷо” ва “Самти дилхоҳ” тарифашро “Любой ҷо” номгузорӣ кардааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Узбек
Ahmad,
Сабабаш он аст, ки дар ин ширкат аксаран узбектаборҳо кор мекунанд. Бовар накунед, "проверка" кунед.

саид
Ин тахкири забон аст.Ширкат бояд конунхои Точикистонро риоя. кунад.Э мардум гурури милли доред е не?

Дустони арчманд, хадаф аз реклама чалб намудани теъдоди бештари муштариён аст. Барои ин аз забони зинда истифода бурдан зарур аст. Айби Билайн нест, ки мо, хохару ака ва фарзандонамон хамаги "любой" мегуем. Бо "Билайн" чи мечангед? Аз худ ва атрофиён бояд талаб кунед.

Агар мо хамаамон ба чои любой бештар "х,ар" ва "дилхох"-ро истифода барем, Билайн хам аз инхо истифода хохад бурд. Лекин бо он ки Билайнро ба дилхох-гуи мачбур мекунем, фарзандонамон любой-гуиро бас намекунанд.

Насиб бошад мо ба наздики тарофаи "ХАРИ БАДАИ"-ро мебарорем.

Модари точик
Дар ин давлат бо хар рох бо забони точики муборизаи ашадии пантуркистон рафта истодааст!

Точик
Мария Веторази аз Билайн суханони "хайвонча" (яъне зур) гуфтааст. Худаш хам шояд духтари "тинч" бошад ба ин донишаш.

Салом бар хама хонандагони Озодагон.Баъдан фикри ман дар бораи тарифи "Любой чо"хамин аст,ки аввалан кормандони Билайн аз Кумитаи забони Точикистон мепурсид ,ки чи хел номгузори кунам.Ин аз руй одоб нест ин як бехурмати нисбати забони мо мебошад. Фикри шахсии ман хаминаст, ки кадом корхона ё фирмае ,ки нисбат ба забони мо бехурмати мекунад чарима баста шавад!

Ковишгар
Прокуратураи генерали бо харфхои калон дар пеши бино навиштагӣ магар точикист?

Муаллим
Ҳамон кумитаи забон номи худашро намебинад? Номи у низ тоҷикиву лотинист. "Любой ҷо" аз "кумитаи забон" дида хушнавотар аст! Э бесаводҳои кумитаи забон!

Трабзонспорн
Вокеъан на миллат дорему на номуси милли,ин мардум ба хотири чор танга пул миллату забони моро ахмак карда гашта истодаанд.Кани нангу номуси милли!Дар кучо дидаед,ки любой чой точики бошад.Ин мардум аз бесохибии миллати точик ин корхоро анчом дода истодаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)