Бахшҳо

АКС: Узрхоҳии наздикони прокурор аз хонаводаи кӯчарӯб ва насиҳатҳои мулло

Наздикони Фирӯз Холиқзода, корманди прокуратура, ки дар пахши маргбори Зеварбону Пирова, роҳруби 53-солаи тоҷик муттаҳам мешавад, аз хонаводаи марҳум узрхоҳӣ намуда, кӯмаки моддӣ пешниҳод кардаанд.

Дар ин бора ба “Озодагон” Маҳмадризо, бародари шавҳари Зеварбону Пирова хабар дода, афзуд, ки “аз ҷумла модар ва холаи Холиқзода омада, дархост карданд, ки аз гуноҳаш гузарем.” Ба иттилои манбаъ наздикони Холиқзодаро ҳамчунин як руҳонӣ ҳамроҳӣ мекардааст, ки ба бахшиш даъват менамуд: “Ӯ гуфт, агар Шумо дар ин дунё набахшед, Худо ӯро дар он дунё ҳам намебахшад ва агар бубахшед дар он дунё Худо низ мебахшад”.

Наздикони Зеварбону Пирова пешниҳоди кӯмаки хонаводаи Холиқзодаро рад намуда, посух доданд, дар ин қазия ҷонибдори волоияти қонун мебошанд: ”Мо ҷавоб додем, ки ҳамааш бигузор тибқи қонун шавад ва муттаҳам дар марги Зеварбону тибқи амали кардааш ҷазо гирад.”

Ҳодисаи пахши Зеварбону Пироваи 53-сола, ки ба ҳайси кӯчаруб фаъолият дошт, субҳи 28 сентябр ҳангоми тамиз кардани роҳи назди меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рух дод. Ҳамкорони Зеварбону, ки шоҳиди ҳодиса будаанд, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, қазия соати 4:30 дақиқа рух дод: Мошин баъди он ки Зеварро пахш кард, ҳатто суръатро паст накарда ҳамчунон ба роҳаш идома дод. Вақте ду ҳамкори дигарамон ин ҳодисаро диданд, аз тарс аз ҳуш рафтанд. Онҳоро ба Қарияи Боло бурданд” гуфтанд тамизкорон. Наздикони Зеварбону ба “Озодагон” гуфтанд, суръати мошин ба ҳадде баланд будааст, ки ҷасади марҳумро ба қисмҳо ҷудо кардааст.

Дар ҳамин ҳол додситонии Душанбе иттилоъ дод, ки муттаҳам дар ин ҳодиса Фирӯз Холиқзода, ёвари 31-солаи додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ феълан дар боздошт қарор дорад. Мақомот бо вуҷуди ифшои ному синни муттаҳам аксҳои ӯро пешниҳод накардаанд.

Аммо дар шабакаи иҷтимоии “Однокласники” ба номи Фирӯз Холиқзода нафаре сабт шуда, ки дар маълумотномаи ӯ синнаш 31 нишон дода шуда, корманди додситонӣ муаррифӣ шудааст:



АКС: Узрхоҳии наздикони прокурор аз хонаводаи кӯчарӯб ва насиҳатҳои мулло

АКС: Узрхоҳии наздикони прокурор аз хонаводаи кӯчарӯб ва насиҳатҳои мулло

АКС: Узрхоҳии наздикони прокурор аз хонаводаи кӯчарӯб ва насиҳатҳои мулло


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ном
Нокарда гунах дарин чахон кист бигу. Магар бародарон ба суд кардани ин бародар у модар зинда мешавад ё рухаш шод не бар акс аз гунахи касе гузаштан и кори бехтар ва хубтар аси кани бинем суд мешавад ё не магар хами суханест ки гуен бародарон Ба чои у хукме ки метан гуйян ёрдам кунад зарардидагонро худашам дар озоди монад сабукихо дар кори ин бародар мехохам

Муҷоҳид
Ҳатман ин додситони шумахера зиндонӣ кунед, зеро ин номард бо вуҷуди куштори даҳшатноки ин модари шаҳид, аз ҷои ҳодиса гурехта, боз аз азизони марҳум авфи гуноҳ кардааст, Худои бузург ту номарда ҷазо диҳад

хонанда
Ин гуфтахо танхо барои тасалии мардум хаст, ё ин ки дар хакикиат додситон ба махкама кашида шудааст, бовари кас намеояд

Бегуноҳ
Чоҳкан зери чоҳ

Ba Mansur
Мансур,
Agar u dar haqiqatan ham prokurori asil va sof mebud vaqte hami hodisa rukh dod. Boyad meistod va KUMAK mekard. Medonem ki hama harkhel fikru khayol mekunad dar in holat. AMMO U KORMANDI MAQOMOT BUDDDDDD!!!! Ana dar kujost hama aLLLLLLLLLLAmmmmm.

Салому алейкум, ахли хонандагон. Авалан Парвардигор, рахмату магфират кунад, ин зане ки аз дасти ин бандаи бесохиб халок гардид. Ба хотири тоза кардани шахр, ин одамон мехнату зиндаги ба сар мебаранд. Лекин, ин чи давлату чи система бошад ки, факат руи хотири фалончаю тагаву хешу табор. прокурор ки ин хел кору бор куна, дигарош тамоман одамро - одам намегуя. Худо ояндаи Точикистона, дар пушти панохи худаш нигох дора.

Ман дар як чиз хайрон мешавам вакте. як бачаи простой ба чунин ходиса мегалта, ягон прокурор фикрша нисбати тафтишот намега, СМИ-да Вакте чохканои худшон мегалта, сар мекунан тарифа, хами чохкан медона, хамаичода камера истодаст. медона, ки дар шахр бояд ба як суръати муайян мошинро бирони, БАРОИ ЧИ КОНУНРО ХУДИ ХАМОНХО ПОЙМОЛ МЕКУНАНД? МА МЕДОНУМ КИ ИН САБАБАСТ, НЕКИ ВАКТЕ ЯК ШАХСРО МЕРАНЧОНИ ШАРТ НЕСТ КАЙ ВА ДАР КУЧО, ХАЙР НАМЕКУНИ ФУКА ЧУХТ МЕКУНИ ПЕДАЛИ МОШИНА МЕЧУКИ. ХУДТОНА ГАРЕНИ МЕГИРЕН. АГАР АКЛ МЕДОШТЕМ ХАМИ КОРА НАМЕКАРДЕН, ХАМАИ КОРМАНДОНЕ ХУКУМАТИРО БОЯД АЗ МОШИН РОНДАН БАРКАНОР КУНАН БИГЗОР ДАР РУЗОИ КОРИ БО НАКЛИЁТИ ЧАМЪИЯТИ БА КОР БИЁЯНД БУДОНЕН, КИ ХАТМАН, ЧАЗОИ ХУДОВАНДА САЗОВАР МЕШЕН, БО ЧУНИН ГУФТОРУ РАФТОРЕ КИ ШУМО ДОРЕН,

Ба ахли оилаи мархум гуфтаниям, ягон намуд узру бахшишро кабул накунед. Бигзор айбдоршаванда тибки конун чавобашро бигуяд. Ман аз тамоми журналистону рушанфикрони чомеа хохиш менамоям, ки хамин матлабро то охир пайгири намоед ва нагузоред, ки ин ночавонмард дар озоди гардад. Хешу акрабои мархум агар Шумо аз гунохи хамин инслн гузаред бовар кунед рухи хамон шахс Шуморо ором намегузорад ва ба Шумо аз чониби хамин прокурор ягон фишор мешавад мархамат ба ВАО мурочиат намоед. Инхо хамрохи ин муллояшон аз диндору ба дини мубини ислом содик будани мардуми точик бахусус Шумойон истифода намуда истодаанд.

Муаллим
Ёрдамчии прокурор айбдор нест. Бояд ҳукми суд чунин бошад: айбдор ана ҳамон ахлоти кӯча аст, ки роҳро ифлос кардааст. Илоҳи марҳумро ҷояш ҷанат шавад!

афсона
худо накунад ки ба кишлокихо вазифаю курси дихад - дигар одамон мисли мурча е пашша кадре надоранд дар пеши ин наврахбарони бадбахт

ю
ном,

Агар модари туро пахш мекарду номардона мегурехт, хамин суханонатро такрор мекарди?

ман нафахмидам дар Хукумати мо чи проукуроро ягон Конститутсия алохида доранд ки одама зер кардай наистода рафтай яъне бовар дошт, ки хеч кор намекунандаш. Агар ягон камбагал очаи ин прокурора зер мекард баъд чи мешуд?

Kishvar
Мансур,
albatta hamkor ki hasti boyad uro pushtigiri kuni tuham noni uro khurdai ku namoyandai Prokuratura. SAFSATA nakhon u kudaki 18 sola nest ki bad az zadan tarsida sarhisobi korashro gum kardaast. U albatta zeri taasiri MASHRuBOT buda az tarsi badtar shudani jazoyash az joi Hodisa GAYB zadaas.

Барои пойдорӣ ва пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон қудрати қонун бояд болотар аз ҳама қудрати дигар бошад. Модару холаи Фирӯз Холиқзода бояд фарзанди худро дуруст тарбият мекарданд. Бо бахшиш пурсидану бахшида шудан қонун наметавонад сарфи назар шавад ва парвандаи ҷиноӣ баста шавад. Адолати ҳуқуқӣ бояд амалӣ шавад, то ки эътимоди мардум ба ҳукумат бештар гардад.

Муаллим
Бечора, Фирӯз. Аз чашм ва нигоҳаш маълум аст ки инсони хуб аст. Он саҳар мумкин ягон ҳодисае будааст, ки ӯро ба тез рондани мошин водор намудааст. Ин ҳол ба сари ҳама омаданаш мумкин. Марҳумаро илоҳи ҷояш ҷаннат ва қабраш пурнур шавад. Кори шудагӣ шуд. Фирузро бахшидан даркор.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)