Бахшҳо
29 сен 2014 17:00Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

БДА: Парвандаи пахши маргбори кӯчаруб ба додситонӣ рафт

Бозрасии давлатии автомобилии шаҳрӣ мегӯяд, парвандаи марбут ба ронандаи сабукрави “Мерседес”-ро, ки зани 53-солаи роҳрубро дар назди меҳмонхонаи "Ҳаят Реҷенсӣ" пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор кард, ба додситонии шаҳрӣ ирсол кардааст.

Як корманди БДА, ки худро Саидов муаррифӣ кард ба “Озодагон” гуфт, онҳо садамаро сабт карда, парвандаро ба прокуратураи шаҳрӣ фиристодаанд. Ӯ аз ифшои ному насаби ронанда ва ҷузъиёти бештари ин ҳодиса худдорӣ карда изҳор дошт, "салоҳияти дар ин бора гап задан"-ро надорад.

Пахши "даҳшатовар"-и кӯчарӯб аз ҷониби ронандаи "Мерседес" дар Душанбе


Як ронандаи "Мерседес" субҳи 28 сентябр Зеварбону Пирова, як зани роҳрӯби 53-соларо дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, рӯбарӯи меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” ба таври "даҳшатовар" пахш карда, фирор намудааст. Дар пайи дидани ин манзараи мудҳиш, ки ҷасад ба чанд қисм ҷудо шудааст, ду роҳруби дигар аз ҳуш рафта, дар беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ шудаанд.

Ҳамкорони Зеварбону, ки шоҳиди ин ҳодиса будаанд, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, қазия соати 4:30 дақиқа рух дод: "Мошин баъди он ки Зеварро пахш кард, ҳатто суръатро паст накарда ҳамчунон ба роҳаш идома дод. Вақте ду ҳамкори дигарамон ин ҳодисаро диданд, аз тарс аз ҳуш рафтанд. Онҳоро ба Қарияи Боло бурданд”-гуфтанд тамизкорон.

Ба гуфтаи онҳо, Зеварбону соҳиби чор фарзанд буд ва шавҳару писари бузургаш дар Русия мардикоранд: “Ӯ як инсони хеле хуб буд. Ба наздикӣ бояд писари дуюмашро тӯй мекард”,

Дар ҳамин ҳол наздикони Зеварбону ба “Озодагон” гуфтанд, суръати мошин ба ҳадде баланд будааст, ки ҷасади марҳумро ба ду қисм ҷудо намудааст: “Ҷасад аз миёнаш ду тақсим шудааст".

Аз Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфтанд, дар робита ба ин садама ронандаи “Мерседес” боздошт шудааст. “Муфаттиш ба баррасии ин парванда оғоз кардааст ва ҷузъиёти бештари он баъдтар эълон хоҳанд шуд”,-илова кард ҳамсуҳбати мо аз БДА. Гуфта мешавад, сари фармони "Мерседес" корманди мақомоти интизомӣ будааст, аммо расман ин хабар то ҳол тасдиқ нашудааст.

Ин дуюмин ҳолати пахши роҳрӯбон дар Душанбе дар ду рӯзи охир аст. Ду рӯз пеш аз ин, дар маҳаллаи мавсум ба 9-ум киллометр, Эркамоҳ, як роҳруби дигари тоҷик низ зимни тамиз кардани роҳ зери чархи мошин мондааст. Ӯ ҳоло дар беморхонаи Қарияи Боло бистарист ва дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, вазъи сиҳатияш нисбат ба ду рӯзи қабл каме беҳтар шудааст. Аммо табибон бо далели ҳанӯз хуб набудани саломатӣ иҷозаи суҳбати бештар бо Эркамоҳро надоданд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мурод
Худо рахматаш кунад фавтидаро марг бар хамин хел ронанда

1
худо рахматаш кунад

Фаррух
агар фарзанди ягон " болоӣ" бошад ҳатман ягон камбағала дар сари чамбарак мешинонан

Mavlon
Худо рахмат кунад ин зани мазлумаро. Камерахоро хам насб кардан, аммо хамоно он барои мардуми камбагал будааст. кормандони макомоту сохиби молу мулки "халол" хамоно ки чи хеле хоханд хамон зел мегардан.
Ба хонадони мархума сабри чамил мехохем дар ин аеми вазнин.

орор
Хафт экспертиза мегузаронанд, гунохро ба гардани зани мархум мегузоранд.

абдуло абдулоев
худо нигахдор бошад модарони рохрубро

Худованд бар оилаи ин майит сабру шикебои наасиб гардонад умедворем ин ронанда мувофики конун ба чавобгари кашида шавад

Ситора
Чаро ба чои тоза кардану руфтан "тамиз" мегуед бародарони ботамиз?Мурод,

Худованд ин хонашери майдонгариби пулмастро ба балои бад гирифтор кунад. Чунки аз тарафи давлат барои ин гуна ашхос конун нест, ки нест. Барои ахли байти фавтида, сабри чамил.

Rustam
Мурод,
Нафари гунахкор меугянд, ки корманди прокуратураи нохияи Исмоили Сомони аст.

Мирзокарим
Мурдаро гунахкор карда туро низ чавоб медиханд,ба фиркрам. Э й худо ин конун кай барои хама як хел мешуда бошад?

Ситора, Sarivakt qayd karded Sitorabonu! Darhakikat mo kalimai toza kardanro baroi chi tamiz kardan meguem? Okhir in umuman kalima dar zaboni ozorboyjoni manoi toza kardanro dorad. Aknun mo haminash kam bud,ki boz ba zaboni ozari payravi namoem?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)