Бахшҳо

Интиқоди атеист Амиршоева аз намози Ҷумъа ва пешниҳоди Аниса Собирӣ

Навиштаи Маҳбатқадам, махсус барои "Озодагон"

Гулнора Амиршоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки худро атеист эълон кардааст, дар шабакаи иҷтимоии фейсбук аз намозгузории оммавӣ дар рӯзи ҷумъа интиқод намудааст, ки мунҷар ба халалдор шудани рӯзи корӣ мегардад.

Амиршоева мегӯяд, нисфирӯзҳои ҷумъа наметавонад бисёриҳоро дар ҷои кор пайдо кунад ва пешниҳод кардааст, ки “ба ҷои кӯфтани пешонаатон дар замин, беҳтар аст, ки дар кор чунин серталош бошед!”

Гарчанде бисёриҳо ин пешниҳоди Амиршоеваро нақзи ҳуқуқи диндорон арзёбӣ кардаанд, ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бар ин аст, ки кормандон бояд дар рӯзи корӣ дар ҷои кор бошанд.

Аниса Собирӣ, нависандаи ҷавони тоҷик барои риояи ҳаққи диндорон ва ҳам Кодекси меҳнат пешниҳод кардааст, ки танаффуси нисфирӯзӣ дар рӯзҳои ҷумъа ду соат эълон шавад. Ӯ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир нисфирӯзи ҷумъа бисёри коргарон дар коргоҳ нестанд, пеши ҳоҷатхонаҳо навбат барои таҳорат ва дар роҳҳо танбаи мошинҳо ба вуҷуд меояд: “Бисёриҳо дар рӯзҳои ҷумъа интизор мемонанд, ки кай коргар аз намози ҷумъа бармегардад. Аксаран кормандонро одатан дар ин рӯз то соати 14:00 дар ҷои кор пайдо кардан мушкил аст. Барои он, ки гуруҳе интизор намонанду намозгузорон баҳузур, бе саросемагӣ намозашонро гузоранд, беҳтар аст, ки танаффуси нисфирӯзиро дар рӯзҳои ҷумъа аз 12 то 14:00 эълон кунанд.”

Ин нависандаи ҷавон мегӯяд, танаффуси дусоатӣ роҳи беҳтарини таъмини риояи Кодекси меҳнат ва ҳам ҳаққи диндорон аст.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон 99 дарсади аҳолӣ мусалмон буда, намози ҷумъа барои муслимин фарз аст. Дар мавриди кай ва чӣ гуна фарз шудани намози ҷумъа Эшони Маҳмудҷон, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик ба суоли корбари сомонаи хонаводагияшон чунин гуфтааст: “Дар кадом вақт фарз шудани намози ҷумъа байни уламо ихтилоф аст. Аксари уламо бар ин қавланд, ки намози ҷумъа баъд аз ҳиҷрат соли аввали он дар Маданиаи мунаввара фарз шуд ва пеш аз ҳиҷрат Паёмбар алайҳиссалом дар Маккаи мукаррама намози ҷумъа намегузориданд. Аввалин намози ҷумъае, ки Паёмбар алайҳиссалом гузоштанд дар деҳаи қабилаи бани Солим буд, ки байни Қубо ва Мадина қарор дошт.”

Ба гуфтаи Эшони Маҳмудҷон иддаи дигар аз олимон бар ин қавланд, ки намози ҷумъа пеш аз ҳиҷрат дар Маккаи мукаррама фарз шуд: “Далели эшон ривояти Байҳақӣ ва дигарон аст, ки тибқи он аввалин шахсе, ки дар Мадина бо амри Паёмбар алайҳиссалом намози ҷумъа гузошт. Ҳазрати Мусъаб Ибни Умайр буд. Паёмбар алайҳиссалом пеш аз ҳиҷрат Мусъабро аз Макка ба Мадина барои даъвати мардум равон карда буд.”

Ин руҳонии тоҷик дар идома аз қавли Ибни Раҷаб дар шарҳи Бухорӣ овардааст, ки “паёмбар алайҳиссалом саҳобагонро амр карданд, то дар Мадина намози ҷумъа гузоранд ва худи эшон дар Макка намози ҷумъа нагузоштанд ва ин далолат мекунад, ки намози ҷумъа дар Макка фарз шуда буд. Аз уламое, ки бар ин қавланд Абу Ҳомиди Исфароинии шофиӣ ва Абуяълои ҳанбалӣ мебошанд.”
Мӯҳр
Гулнора Амиршоева ва Аниса Собирӣ, чи хак доран ки дар бораи намози чума ва хал ин мушкили сухан мкунанд ? инхо аз кумита дин набошанд ё аз ягом шубаи фархнаги ки ба мардум кор гиран.Он коргароне ки намераванд банамоз гиё ки хамша дар чои кор хозир бошан ин бахохна хаст инхо ба ислом нафрат доран харчизро бахона мекунанд.Расули Аллох(с) дар хадис мфармояд аз нишонахои киёмат ( дар охири дунё одамхои ки на илм на ахлок ва на вазне дар чоме доран дар корхои дунявиву ухрави забондарози мекунанду )" ин хадисро албата мазмунашро зикр кардам" хулоса ки инхо хамун Рувайбизаи ки дар хадис омадаст хамонхо хастан.

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ الله عَنْهُ قَالَ : قَالَ رَسُولُ الله صَلَّى الله عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : « قَبْلَ السَّاعَةِ سِنُونَ خَدَّاعَةٌ ، يُصَدَّقُ فِيهِنَّ الكَاذِبُ ، وَيُكَذَّبُ فِيهِنَّ الصَّادِقُ ، وَيَخُونُ فِيهِنَّ الأَمِينُ ، وَيُؤْتَمَنُ فِيهَا الخَائِنُ ، وَيَنْطِقُ فِيهِنَّ الرُّوَيْبِضَةُ » . رواه الحاكم في المستدرك (4/465)

мусофир
ин зан аз ахли хамон инсонхое. ки дар кумитаи дин ва шурои уламои мешинанд будастми:...?

Ин фаьол не ОЗОДИ ин зан вайронкунандаи чомьеаи Точикистон аст .Бо шарм надошта навистед . Дурустараш ин гуна занро бедин ё аз дин бехабар гуфта менависти хуб мешуд ОЗОДАГОН !!!!! Ин гуна инсонхоро у ки набошад коргари ОЗОДИ бошад ё каси дигар ба дини МУБИНИ ИСЛОМ санг мезанад Худованди БУЗУРГ ноком ва ба максадаш нарасонад. ОЗОДАГОН дигар макола наёфти ин кадар бесавод ё корбурда наметовонен.ки ки чизе гуяд менависед.Айбас аст .Шарм аст. (Аз худо талабдорам.ки ба Амиршоева тавфик дихад )

Як рузи чумъа дар навбат истед, ин ё он намозгузорро поида, ки як имзои ин одам даркор аст, баъд мефахмед, барои чи мардум норизои мекунанд. Баьд аз намоз умуман ба кор намеоянд, мардум онхоро то бегох поида меистанд. Кани ягон кас фатво дихад, хазорон нафар туро поида истанд маъкул аст?

Донишчу
Амиршоева
мухтарама! шумо аз бачои кор кадан рафта фарзандонатонро тарбия намоед, ки калимахои ХАР, ХАЙВОНАЙ байни мардум пахн нашавад. Дар Точикистон як матал хаст " Зи модари гар гар бирауяд зеро ки устодаш гар аст"

Сайф
Ку бинем муфти чи мегуяд....оё садое барои хифзи исломи азиз баланд мекунад??.........

Аслам
[b]Маруф

Бародари Азиз агар он касоне ки кор кардани набошанд дар рузи Чумма низ дар чоийхои кориашон пайдо карданашон мушкил хаст лекин ба ин максад ки ба хотири базе касхо мардум аз намоз рафтан намонанд ин худаш як тахкир ба ИСЛОМ ва Мусалмонхо мебошад.
пеш аз ин ки як чиз гуед як бор хам бошад фикр кунед ки чи гуфта истодаед.
бисёрихо хастан ки факат дар як хафта як намоз мехонанд ва инхам намози Чумма мебошад агар ки аз хаминам даст кашанд пас чи даркор ин зиндагие ки Худо барои мо дода аст кай метонем шукронаи инро кунем.

Ин шахсоне ки худро мусулмон мегуянду аз алфози кабех истифода мекунан, дар сини бачаги дар назди ба ном муллохое хондаанд ки ба чои ислом охоро, мисле ки бо телевизион нишон доданд бачабози карданд. Аз ин ру онхо нокилакл шудаанду ба як зани бечора, ки факат акидаашро руирост навиштаас дарафтоданд.

бале ман ба фикри хонум Аниса хам розиям..чаноби гариб хам фикри хуб карданд..бале дар чумхурии исломии эрон хам рузи чумъа ба кули таътил аст то мардум битавонанд хам ба намози чумъа бираванд ва хам аедати падару модару атрофихояшон...бояд рузи чумъа таътил эълон шавад..хадафи ин зиди исломихо ва рузи чумъаро таътил эълон накардан мардумро аз имонашон дур кардан аст..агар хамон амиршоеваи фаъоли чамъиятиро бо як одами куча дар холи мусохиба карор дихи мутмаинан одами кади куча босаводтар аст то амиршоева..Озодагон озодиатро бо чопи ин гуфтахо исбот кун.Саидчон аз Ёкутистон,

Атеист
Мебахшед чомеъаи мо демократи ва дунявист,хам диндорон хастанду хам атеистон,мо кишвари исломи нестем ва будан низ намехохем,мо намехохем,ки кишвар мисли даврони мангитихо ва салчукихо шавад!Ин республика аст,республикае,ки сиёсати ленинии партия кучак хам бошад бо чонбозихои Нусратулло Махсум ва Шотемур барин коммунистони точик насиби мо гашт.Он вакт рухониёни бесавод кариб буд,хаморо турк кунанд!

Суубхон
Аниса Собири jazzakallohu khayr! Аз кумитаи дину аз "муфтиии" бехтар!!Саидчон аз Ёкутистон,

Озод
Офарин бар чуръати ин зан. Дар ин чомеъаи хурофоти хар мард хам озод сухан гуфта наметавонад.,

хакикат
Рост мегуяд ин зан. Аз намоз мкбарояду боз ба фиребу порагири машгул мешавнд. Намоз барои онхо як муд. Худеамоишдихи асту халос.

Эстафета времен
Анисабону фикраш бад нест, аммо озодагон бояд ба ин тавр масъалагузори нанамояд, ки масалан фалони чунин арз кард, бигуяд. Чунки масъулияти Собири барои матрахсозии чунин масоил нест. Амиршоеваро хам таъкиб кардан маъни хам надорад. Чаро рухонии машхур метарсанд, ки талабгори истирохати будани рузи чумъа гарданд? Хосатан, ин масъалахо барои чомеаи точик чунин боки мемонанд ва мафкураи харду чониб: хам рухоният ва хам гайри он ба дарачаи дар кирдор ва рафтори матлубчавобгу нест. Миллат бе тарбия ба воя расида истода аст.

Санъат
хак ба чониби Амршоева мебошад. офарин Гулнора сухани дуруст гуфти, давлати мо хеле давлати мулоим ва нарм аст,ки расман барои исломихо хизб кушодааст ва боз ичозат медихад ки аз хисоби кор намоз раванд. Вале дин аз давлат чудо аст! Чи лозим хамакаса ба масчид рафтан? Бехтар нест дили нафареро шод сози ё ба ниёзманде кумак намои? Масчид хам чои худнамои шудааст. 90 % масчидравхоро агар боздошт намуда, телефонашронро аз назар гузаронед фахш ё аксхои безеб меёбед.Abdulloh,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)