Бахшҳо

Норозигии наздикони кӯчарӯб аз афви прокурор

Наздикони Зеварбону Пирова, роҳруби 53-солаи тоҷик, ки дар пай садамаи нақлиётии Фирӯз Холиқзода, корманди прокуратура даргузашт, аз афв шудани ӯ изҳори норозигӣ намудаанд.

Муҳаммадризо, яке аз наздикони марҳум дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Фирӯз Холиқзода бояд мувофиқи қонун ҷазояшро мегирифт ва бидуни ҳеч гуна ҷазо озод намудани ӯ, ин беадолатӣ мебошад.

Номбурда иброз дошт, ки онҳоро рӯзи душанбе, 3-юми ноябр барои ширкат дар мурофиаи Холиқзода ба додгоҳи ноҳияи Сино даъват намуданд ва ҳамон рӯз афваш карданд: “Вақте қонун чунин аст, дигар аз дасти мо чӣ ҳам меояд. Он як садамаи фоҷиабор буд, ки боз ӯ гурехта буд. Мо ӯро дигар ба Худо супоридем”.

Фирӯз Холиқзода, ёвари 31-солаи додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, писари Кароматуллоҳ Холиқов, собиқ декани факултети ҳуқуқшиносӣ тибқи қонуни нави афв озод шудааст.

Ҳодисаи пахши Зеварбону Пироваи 53-сола, ки ба ҳайси кӯчаруб фаъолият дошт, субҳи 28 сентябр ҳангоми тамиз кардани роҳи назди меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рух дод. Ҳамкорони Зеварбону, ки шоҳиди ҳодиса будаанд, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, қазия соати 4:30 дақиқа рух дод: “Мошин баъди он ки Зеварро пахш кард, ҳатто суръатро паст накарда ҳамчунон ба роҳаш идома дод. Вақте ду ҳамкори дигарамон ин ҳодисаро диданд, аз тарс аз ҳуш рафтанд. Онҳоро ба Қарияи Боло бурданд” гуфтанд тамизкорон. Наздикони Зеварбону ба “Озодагон” гуфтанд, суръати мошин ба ҳадде баланд будааст, ки ҷасади марҳумро ба қисмҳо ҷудо кардааст.

Наздикони Зеварбону Пирова қаблан гуфта буданд, ки Фирӯз Холиқзодаро барои чунин амалаш ҳеч гоҳ намебахшанд. Онҳо пешниҳоди кӯмаки хонаводаи Холиқзодаро рад намуда, посух доданд, дар ин қазия ҷонибдори волоияти қонун мебошанд: ”Мо ҷавоб додем, ки ҳамааш бигузор тибқи қонун шавад ва муттаҳам дар марги Зеварбону тибқи амали кардааш ҷазо гирад.”
Мӯҳр
инсон
э мардум конун, накзи конун мегуед
Ай конун монанди мох дуред намедонед конун чист чи гапои сафсата менависед охир ин чиноят аз беэхтиетист на касдан аст аз ин холат касе эмин нест. магар шумо, фарзандонатон е наздиконатон сари чамбарак намегарданд ки ин кадар доду вой доред

Детектив
Парво накун бародар мо фарзандони ба номуси миллат рузе мерасад тибки конун ба инхел сохибдорхо чазо медихем.
Шумо чинояткорон хам интизор хастед ва гунахгоро нонаш то вакти марг талх аст ва фишору калбашро вичдонаш азоб медихад ва у худ дар зиндон ба сар мебарад хабар надорад.

Дамри
Агар конун чунин аст вой бар холи миллату Ватан Бояд кормандони Шерхон и Одина Низ чазо гиранд Ин чи хел конун худо ту котили зани кучарубро чазо дихад

донишчу
Ин одам бисёр ба арвохи падараш ранчиш овард. Агар гуем падарашро хамин фарзандони беаклаш кушт хато намекунем. Падараш шахси нотакрор буд. Холиков.

Уро хатман Худованд мезанад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)