Бахшҳо
27 ноя 2014 10:30Тоҷикистон / Сиёсат

“Намедонамҳо”-и раҳбари “Барқи тоҷик” ва нигаронии Зуҳуров

Абдулғанӣ АБДУЛВАҲҲОБ

Рустам Раҳматзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, ба назар гирифтани вазъи иҷтимоии мардум ин ниҳоди назораткунандаи тақсимоти нерӯи барқ дар Тоҷикистонро зери қарзҳои ҳангуфт қарор додааст.

Раҳматзода рӯзи 26 ноябр дар парлумон гуфт, ширкати “Барқи тоҷик” аз неругоҳҳои кишвар, ки ҳоло дар ихтиёри ширкатҳои хориҷиянд, нерӯи барқро бо нархи гарон харидорӣ ва ба сокинон арзон мефурӯшад. Ба гуфтаи ӯ, ин ширкат гӯиё аз неругоҳи “Сангтуда-2” бо нархи наздик ба 15 дирам нерӯи барқро харидорӣ карда, ба сокинон бо қиммати 12,6 дирам (бо дар назардошти андози арзиши иловашуда) мефурӯшад: “Сабаби ин қарзҳо дар он аст, ки имрӯз мо аз “Сангтуда-1” низ нерӯи барқро қиммат харида бо назардошти беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии мардум онро арзон мефӯрушем”.

Раҳматзода инчунин талафоти нерӯи барқ ва баъзе аз корхонаҳоро омили дигари зери қарз мондани ниҳоди таҳти раҳбарияш дониста, изҳор дошт, “инҷо “патерия” бисёр аст ва мо ҳоло талош дорем онҳоро аз байн барем. Дар баробари ин баъзе аз субъектҳо низ ҳастанд, ки Шумо худатон бисёр хуб медонед, имкониятҳояшон барои пардохт кардани маблағи барқ маҳдуд аст”.

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” таъкид кард, ҳоло дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ ё худ СНГ аз ҳама нерӯи барқи арзон дар Тоҷикистон аст: “Дар Тоҷикистон нерӯи барқ хеле арзон аст нисбат ба давлатҳои СНГ ва сабаби асосиаш таваҷҷуҳи ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳбуд бахшидани ҳолати иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум аст”. Аммо ӯ дар посух ба суоли Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки ҳоло нархи нерӯи барқ дар кишварҳои ҳамсоя чи қадар арзиш дорад, натавонист ҷавоб гӯяд. Раҳбари ягона ниҳоди назораткунандаи тақсимоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон иқрор кард, намедонад, ҳоло дар Узбакистон ё Русия қиммати нерӯи барқ чӣ қадар аст: “Дар Узбакистон ҳам гуфта наметонам нархи нерӯи барқ чанд аст”.

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз огаҳӣ надоштани раҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” дар бораи арзиши нерӯи барқ дар кишварҳои хориҷ ибрози норизоӣ карда, аз ӯ хост, ин ҳамаро омӯзаду таҳлил кунад: “Вақте намедонед, ин бисёр бад аст. Таҳлил кардан даркор! Мо ин хел наметавонем коре кунем, чӣ хел барқе, ки истеҳсол мешавад, худро пӯшонда наметонад?!”

Бино ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон ҳоло ширкати “Барқи тоҷик” беш аз 7 миллиард сомонӣ қарздор аст, ки аз ин нишондод 418,5 миллион сомонӣ дар назди “Сантгтуда-1”, 165 миллион сомонӣ аз “Сангтуда-2” мебошад.

Иддао дар мавриди мавҷудияти арзонтарин нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки соли равон Ҷоомарт Оторбоев, сарвазири Қирғизистон изҳор дошт, Бишкек аз Душанбе бар ивази ду сент, муодили наздик ба 11 дирам нерӯи барқро харидорӣ карда, барои сокинони кишвараш бо нархи 1,5 сент, ҳудуди 8 дирам мефурӯшад.
Мӯҳр
Алюминзавод дар як сол чанд килловат барк истифода мекунад мумкин 1 дирамам хаки баркро насупорад гуфти гапо ( а бача хамаш ай хдмонай)

лимитбой
Рост мегуяд Раиси барки точик- дар мо аз хама арзонаст барк. Барои мисол дар Туркманистон бепуласт, ки ин "шармандагист", наход барка бепул тиед ба мардум, онхо чи талбандаанд. Киргизхохам аз мо кимат харида ба мардумаш арзон мефурушанд. Магар хамин сиёсатаст? мардума мутахам кардан. Дар мо бехтаринаш хаст аз хама "арзон". Дар кишвархои пасошурави аз хама маоши арзонам аз мост!!! Агар рохбари як ниходи бонуфузи Точикистон вазъи бозори сохаашро дар минтака намедонад пас мо мачбурем ки боз 25 соли дигар хамчун мардуми лимитдзадда ё Лимитзодда ба сар барем. !!!

Сайф
Аввал ин ки ба гуфти ин раис" барк дар точикистон аз хама арзоН" гуфта чор мезанад, магар у намедонад. ки дигар давлатхо об надоранд ва баркр харида ба ахоли мефурушанд. Мо ку тавлидкунандаи барк хастем.. Дигараш ин ки гуё аз Сангтуда киммат мехарему ба ахоли арзон мефурушем, шумо раис нагуфтед, ку фаркият нархро ширкатхои хусуси ба гуфти баркчиён "НЕПРОМ" бо нархи 0,37 дирам барои 1 килловатт., мепушонанд. (сауна, нонвойхона ва г). " Патери" бошад аз хисоби дуздии аст.

коргар
ин марди хуб замони раисаш дар нохияи Айнӣ мардуми бечора дар моххои декабр, январ, феврал руи баркро умуман намедиданд ва дар хонахои торику сард нимзиндаву ниммурда солхоро паси сар карда буданд, акнун чи расад ба системаи баркдихи дар сатхи чумхурӣ, аёнро ҳоҷати баён нест.

Э ба хаму нархе ки аз сангтуда мехаред ба хаму нарх хам мо рози, барк тед мо мехарем. 15 не 17 дирам мехарем. Ин бехтар аз баркзои дизели харидану бензинхари. Боз бо он барки движоки намешавад ба хузур тамошо кард, чун медони ки соаташ хеле кимат афтода ба гайр аз ин наздик ба тамомшавист. Торики ба чон задаст. Вакте кимат харем боз калларо кор фармуда росту дуруг хамаи чарогхоро дарнамегиронем. Пилта хам бисер намемонем. Як ду чарогро рушан кунем басаст телвизор тамошо кунем кифоя. Сарфакор мешем. Дуздии баркро бошад бештар амалдорон бо хатхои гайриконуни доранд. Хати сурх. Ин хатхоро худи монтерон ба хонахои бойхо мекашанд. Холо хар касе бойаст барк дорад, дигаронро барки осмон задаст.

Хамватанони гироми. Точикистон ба чунин ширкати ба истилох "Барки Точик" умуман ниёз надорад. Дар вилоятхову шахру нохияхо идорахои фуруши барк мавчуданд, ки метавонанд бевосита бо истехсолкунандагони барк шартнома баста онро ба истеъмолкунандагон фурушанд. Ин идораи "торик" ангушти шашум дар панчаи иктисодиёти заифи Точикистон аст.

сухроб
агар 15 дирам харида ба халк 11.60 дирам фурушад хам карзи барки точик ба ин дарача намерасад якумаш тачхизоти баркиро бо нархи арзон харида ба барки точик кимат нафурушед карздор намешавед

чинди
идораи фуруши баркро кадом хеши чаноб сардор аст....инхо киммат харида арзонфуруши намекунанд...ин тухмат аст дар хакки онхо..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)