Бахшҳо

Маслиҳати Тураҷонзода ба зане, ки масеҳиро дӯст доштааст

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, руҳонии саршиноси тоҷик ва қозии пешини мусулмонони Тоҷикистон издивоҷи зани мусулмон бо марди ғайримусулмон, аз ҷумла масеҳиро ҳаром хондааст. Ин руҳонии тоҷик гуфтааст, “Издивоҷи зани мусалмон бо марди насронӣ (масеҳӣ) ба иҷмои уламо ҳаром аст.

Ин ҳарфҳоро қозии пешини мусулмонони кишвар дар посух ба суоли Фотима, яке аз корбарони торнамои хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо - Turajon.org баён доштааст. Фотима навиштааст, “як марди масеҳӣ (христиан) ва як зани мусалмон ба ҳамдигар хело муҳаббат пайдо карданд ва мехоҳанд издивоҷ кунанд. Ҳатто мард мехоҳад барои издивоҷ бо ин зан Исломро қабул кунад . Аз Шумо хоҳиш дорам шарҳ медодед чӣ бояд кард?

Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, издивоҷи зани мусулмон бо ин марди масеҳӣ замоне аз нигоҳи шариати исломӣ раво дониста мешавад, ки он мард дини мубини Исломро қабул кунад ва пайвандони зан низ ба ин издивоҷ розигӣ диҳанд: “То он мард мусалмон нашавад ҳаққи издивоҷ кардан бо зани мусалмонро надорад. Агар мусалмон шуд ва соҳибони духтар ба издивоҷи фарзанди худ бо ӯ розӣ шуданд, пас метавонанд бо ҳам никоҳ карда, зиндагӣ кунанд.”

Ин дар ҳолест, ки Саодат Амиршоева, вакили парлумони Тоҷикистон низ ахиран гуфта буд, ӯ зидди издивоҷи духтарони тоҷик бо мардони ғайримусулмон аст. Амиршоева таъкид кард, ки ҳамчун намояндаи мардумии тоҷик барои ҷилавгирӣ аз ин раванд талош хоҳад кард: “Дар ҳақиқат имрӯз мо мебинем, ки духтарони мо аз паси бойгарию пулу мол рафта, ба мардони миллати дигар издивоҷ менамоянд, ки барои ҳамаи мо модарони тоҷик бисёр аламовар аст. Мо мардуми тоҷик, ки мусалмон ҳастем ва дар дини мубини ислом қарор дорем, ягон хел ҳуқуқ надорем, ки бо мардони ғайри дин издивоҷ намоем. Ман ҳамчун вакил ба Шумо ваъда медиҳам, ки агар чанде Сарқонун (Конститутсия) озодии никоҳро кафолат медиҳад Худо хоҳад ман ҳаракат мекунам, ки барои пеши ин амалро гирифтан ягон чораи дахлдор ҷӯям.”

Ба иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳолатҳои ақди никоҳи шаҳрвандони кишвар бо хориҷиҳо тайли солҳои ахир коҳиш ёфтааст. Рустам Менглиев, вазири адлияи кишвар дар нишасти хабарии ниҳоди таҳти раҳбариаш моҳи январи соли равон гуфта буд, тайи соли 2013 шаҳрвандони Тоҷикистон бо 137 атбои хориҷӣ ақди никоҳ бастаанд. Дар ҳоле ки ин нишондод, ба гуфтаи ӯ, дар соли 2012 наздик ба 300 ҳолат ва дар соли соли 2010 теъдоди чунин издивоҷҳо аз ҳадди 700 адад гузашта буд. Масъулини Вазорати адлия ин камшавиро ба шартҳои нави издивоҷи шаҳрвандони тоҷик бо атбои хориҷӣ рабт медиҳанд, ки аз соли 2011 мавриди амал қарор гирифтаанд.

Пас аз тасвиби тағйиру иловаҳо дар Кодекси оилаи Тоҷикистон дар соли 2011 танҳо он хориҷиёне метавонанд, бо шаҳрвандони Тоҷикистон ақди никоҳ банданд, ки як соли охир дар Тоҷикистон зиста, ҳамсари худро бо манзили зист таъмин карда метавонанд.
Мӯҳр
точик
алишер ба ту пешниход агар духтар доштабоши як масехи мехохад бо зани гирад чихел худатро хис карди розибоши овоз баландкун

Салом ба бародарону хоҳарони мусулмон. Ин мавзӯъ барои мусулмонон аст. Ин ҷо мусулмонон аз ислом дифоъ мекунанд. Оне, ки кофир ҳасти кофириатро кардан гир, ба дини мо чи кор дори?

Нушдору
Ба алишер,Dev ва Muslim!!!!!
Агар ин навиштахо фикри шахсии шумо бошад ба саволи ман чавоб гуед: Оё шумо рози хастед хохари шумо бо Гена
Вова ё Петяи рус оила барпо кунанд?
Илтимос худ як казоват кунед!!! ....аз хаво гап назанед. Muslim тафсири Куръонро пеши Эшони Нуриддин рафта дарс гир!!! Бехуда нагуфтаанд: Пирча пих занад, чуча рих занад!!! Dev ту дар хакикат девй (образи бадй)!!! алишер ту ба фикрам насрони шудаги аз руи гапхоят, вой бар холат!!!

абдуллох
Эй мӯъминон, чун занони мӯъмин ҳиҷрат карда пеши шумо биёянд, пас, онҳоро имтиҳон кунед.(Яъне: онҳоро қасам диҳед, ки ба сабаби нохушии шавҳарони худ ё ба сабаби ишқи мардони дигар наомадаанд) Худо ба имонашон Донотар аст. Агар онҳоро мӯъмин дарёбед, пас, онҳоро ба сӯи кофирон боз нафиристед; на ин занон барои кофирон ҳалоланд ва на он кофирон барои ин занон ҳалоланд; ва ба шавҳарон – он чи ки харҷ карданд, бидиҳед.(Яъне: маҳре, ки шавҳарони кофир дода буданд, бозгардонед) Ва бар шумо гуноҳ нест, ки агар маҳрашонро бидиҳед, бо онҳо никоҳ кунед. Ва ақдҳои занони кофираро нигоҳ мадоред.(Яъне: бар никоҳи кофира иқомат набояд кард) Ва он чиро талаб кунед, ки шумо харҷ кардед ва кофирон бояд он чиро талаб кунанд, ки харҷ карданд.(Яъне: агар зане муртад шуда, ба кофирон пайвандад, маҳри ӯ бояд талабид ва агар зане мусулмон шуда, ҳиҷрат кунад, маҳри ӯ бояд дод) Ин ҳукми Худо аст, ки [ба он] дар миёни шумо ҳукм мекунад. Ва Худо Донои Боҳикмат аст.сураи мумтахина ояти 10

СаидКомил
Капаи духтари мусалмонзода, ҳатто аз нияти ба масеҳӣ шавҳар кардан дуд мекунад... , чи монад аз амал..

чобир
бародари чонии иблис ва вампири асри 21.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)