Бахшҳо

Абдулқодирзода дар бораи арчаи солинавӣ ва хурсандии пайравони Исо (а)

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар арафаи таҷлил аз соли нави милодӣ дар хутбаи намози ҷумъа таъкид кард, “рафтан ба гирди арчаи солинавӣ инсонро кофир намекунад”.

Ин нуктаро оқои Абдулқодирзода рӯзи 26 декабр дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе баён дошт. Ӯ гуфт, ҳоло бархе руҳониён рафтан ба гирди арчаи солинавиро омили кофиршавии инсон медонанд, ки чунин нест: “Ба гирди арча рафтану аз пеши арча гузаштан инсонро кофир намекунад. Бо вуҷуди ин ки иди мазҳабӣ ва динии мо нест. Аммо инсонро кофир намекунад.”

Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бар асоси эътиқоди пайравони баъзе аз динҳо, гӯиё Ҳазрати Исо (а) дар зери арча ба дунё омадаасту онҳо дар гирди он хурсандию хушҳолӣ мекунанд: “Мегӯянд, дар соли нав дар гирди арча инсон кофир мешавад, аз барои Худо аз Худованд тарсед, ҳоло он ки эътиқоду ихлоси баъзе аз динҳо ҳаст, ки гӯиё Ҳазрати Исо (а) дар зери арча ба вуҷуд омада бошаду онҳо дар гирди он хурсандию хушҳолӣ мекунанд.”

Сайидмукаррам Абдулқодирзода инчунин таъкид кард, бо пӯшидани навъе аз либос инсон кофир намешавад. Ӯ изҳор дошт, “ҳафтаи гузашта комилан мо дар доираи як сафари расмӣ дар вилояти Хатлон қарор доштем. Бародаре аз мо савол кард, ки ҳоло дар мо ду никоҳ ба миён омадааст, яке пеш аз ЗАГС ва дигаре баъд аз ЗАГС. Ин бар асоси ақидаи бегонае ба вуҷуд омадааст, ки мехоҳад, миёни мардум адовату душманӣ ҷорӣ кунад ва шакку шубҳа дар зиндагӣ орад. Кӣ гуфтааст, инсон бо содир кардани гуноҳе кофир мешавад? Инсон бо муртакиби гуноҳ гунаҳкор шуда, ба азоби Худованд гирифтор мешавад. Аммо кофир шудан ин ширк овардану инкор кардани Худованд аст”.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз сокинони кишвар даъват кард, ба фатвоҳои бархе аз руҳониёни кишвар, ки ба гуфтаи ӯ, фаҳму дарки амиқе аз Қуръону суннат надоранд, гӯш надиҳанд: “Навъи дигари зулм, ин содир кардани фатвоҳо миёни мардум аст. Бархе одамон на мақоми расмӣ доранд ва на ҷиҳате ба расмият шинохта шудаанду эътирофашон мекунанд, аз номи Ислому илм фатво содир мекунад”.

Ӯ дар идома ба “Гуруҳи 24”, ҳаракати фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ишора карда, онро ҳамчун як нерӯи золим ном гирифт: “Зулм ба ҷомеаи муслмонӣ фитнаҳое мебошанд, ки ба хотири ба мақсад расидан, фитнаҳо миёни мардум паҳн мекунад. Ба монанди “Гуруҳи 24”-у дигару дигар. Инҳо танҳо мехоҳанд, обро лой кунанду моҳӣ гиранд, яъне ҷомеаро ноором кунанду ба мақсад бирасанд. Бо роҳи номардӣ ва зулму ситаму хунрезӣ. Магар инсон метавонад, бо ин роҳ ба мақсад бирасад?! Ҳамон гуруҳе, ки дар инҷо аз роҳи ҳарому ҳараҷ маблағ ҷамъ карду гурехту ба берун рафт, ҳоло он ҳаром дигар қарораш намегузорад. Мехоҳад ҳамаро ноором кунаду ба мақсад бирасад”.
Мӯҳр
Хирошида
Чаноби Муфти аз нигохи илми шарху тафсири дуруст додааст. Соли Нав дар муносибат ба арча тамоман бегонааст, махсусан Пирамарди сарсафеди Бобои Барфи ва Барфак дар гирди арча. Ягоне аз ин атрибутхо дар китобони масехиён ва яхудиён аз огоз то имруз мавриди парастиш карор надорад. Ин акидаи бофта ва хаёлоти одамон дар тули 2000 сол пайдо ва зам шуда, ба хамин шакл омада расидааст. Дар ин ташаккули ин фантазия Римиён, Яхудон,Олмонихо, Чинихо, Империяи Русхо ва Коммунистхо бисёр сахм гузоштанд.

Эй муфти! охир чаро дуруг мекуни мардумро??? Худованд гуфтааст, ки аз дину оини беимонон пайрави накунед!!!! Чаро мардумро ба арча даъват дори??? магар ягон зристиян ё яхуди идхои мусалмонии моро (иди Курбон ва Иди Рамазонро) чашн мегиранд??? Садкат шавым , ки доим дар фоидаи Хукумати хозира гап мезани!!! ки дар минбари Расулаллох нишаста сухан аз дунё мерони ки ин на танхо мумкин нест балки шармандагист!!!
Умуман нисбати мусалмонон зулм бисёр аст аз чумла конунхо бар зиди хукукхои дини мусласмонон, лек овози туро хечкас намешунавад.

лррл
Мо гох-гох ба дискотекахо меравем. Баъзе муллохо мегуянд, ки наравед, ки он чо чои нахси харом аст. Аз мухтарам муфти илтимос дорем, ки як фатво диханд, то мардум озодона ба дискотека раванд. Заранее ташаккур.

Чорер
Хамин одам боиси гап нест хохиш дигар бор дар бораи у нанависед

Muslim
Тормоз, Бародар неким рост гуфти wink

Огои муфти рост мигя. Ун нафарое, ки хохиш доран ба асрхои миёна барбигардан, мархамат созан ба давлати Исломии Афгонистон. Дар ин чо барои шумо на ин ки арча, дарахте хам ёфтан як мушкиле аст. Шароити кофир шудан хейли камт аст. Маънавияти инсон рохат микуна ва халоват мебара. Афсус, чунон ки ёд доштум, дар Точикистон соли навора факат бо арчаю бобою бибии барфи мегузаронидан. Барои хами кудако бисьёруш зоб дора.

тарафдори соли нав
Суханхои огои муфти ва Раиси кумитаи дин монанд хастан, фикр мекунем маслихат кардагивори гап мезананд. Аз вакте ки Раиси кумитаи дин ва муфти таъин шуданд гурухбози дар байни мулло боз авч гирифтю Чи мехоста бошанд инхо. Раиси кумита депутат мешаваду чонашро аз камбудихояш халос мекунад муфти чи кор мекарда бошад. Депутат хам шавад дар хамончо uehe[,jpbhj сар мекунад ана мебинем. Чунки...

НАФАХМИДАМ ИН КОММЕНТНАВИШТАХОРО, ЧАРО ДАРАХТИ АРЧАРО ТАМОШО КАРДАН ГУНОХ БОШАД, БОБОИ БАРФИ, БАРФАК ВА ДИГАР ЧОНВАРАКОНРО КИ КУДАКОН ОНРО ДИДА ХУРСАНДИ МЕКУНАНД, КОФИРИ БУДААСТ. КАБЛ АЗ ОН КИ ЧУНИН БИНАВИСЕД АВВАЛ ХУРОКАТОНРО БО БИСМИЛЛОХ ГУФТА ОГОЗ БИКУНЕД БАЪДАН БА АТРОФ БО НИЯТИ НЕК ВА ФИКРХОИ ХУБ НИГАХ КУНЕД, БАЪДАН САХОВАТУ НАКУКОРИРО ПЕША КУНЕД ВА ХАТМАН НАМОЗРО АЗ ТАХТИ ДИЛ ВА РУЗАРО БЕ СУХАНХОИ КАБЕХ ДОРЕД ВА ДОИМО ДАР УНКИ ДИЛ аЛЛОХАМРО НИГАХ ДОРЕД АНА БАЪД ИДИ АРЧАРО ТАНКИД КУНЕД. ИДИ АРЧА ИДИ МАСЕХИ НЕСТ, РОЖДЕСВОРО ДАР КАЛИСОХО ВА ЦЕРКОВЬ БО ДУОХОНИ ЧАШН МЕГИРАНД НА ИН КИ ДАР НАЗДИ АРЧА. ИДИ АРЧА ИН ИДИ КУДАКОНА АСТ ВА КАЛОНСОЛОН НИЗ АЗ ХУРСАНДИИ КУДАКОНАШОН КУДАК ШУДА МЕБОЛАНД.

Акбар
уфффффффффффффф

Шараф
Муфтии бехтараш дар бораи карикатурахои франсузхо сухан мекардед ва аз пайгамбари гироми дифо мекардед на инки аз арча ана ин аз мантик буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)