Бахшҳо

Магар мешавад бо нашнохтани мусалмонҳо дар бораи онҳо қазоват кард?

Далер ШАРИФОВ

Банда узви ягон ҳизб ё корманди кадом ниҳоди илмие нестам, аммо натавонистам посухи Академия ба “мулло-вакил” ва “қарсак-вакилон”-ро нодида бигирам. Баъди мутолиаи он чанд нукта маро водор кард, ки андешаҳоямро бинависам.

КАБИРӢ МУАРИФГАРИ АКАДЕМИЯ!

Бояд ба Кабирӣ ва ҳизбаш ташакур гуфт. Зеро мавҷудияти ҲНИТ ва Кабирӣ дар Тоҷикистон баъзе сохторҳои моро зинда кардааст, то ҳамеша “фаъол” бошанду дар бораи Тоҷикистон “оянданигарӣ” намоянд. Хусусан, ишораи ахири Кабирӣ дар мавриди гуруҳе аз кормандони илм ин ниҳодро ба ҷунбиш овард ва Академия бо тамоми он зеҳнияти бузурги илмӣ ба Кабирӣ ду маротиба изҳороти “шадид” дод. Ин баҳс матбуоти давриро гарм кард ва боис шуд, мардум ба ниҳодҳои илмии Тоҷикистон таваҷҷуҳ намоянд ва бубинанд, ки онҳо бо чи кору бор банданд. Билохира садои онҳо дар Тоҷикистон шунида шуд. Албата, на бо дастовардҳои бузурги илмӣ, балки бо баҳсу изҳоротдиҳӣ алайҳи Кабирӣ ва ҳизбаш.

ВАКИЛ, ПАРЛУМОН ВА ҲИЗБ АЗ АКАДЕМИЯИ ИЛМ ФАРҚ МЕКУНАНД

Дар ин посух Кабирӣ ба он айбдор мешавад, ки ҳамчун номзади илм байни илмҳои дақиқ ва ё гуманитарӣ фарқ гузошта наметавонад ва даҳ сол инҷониб дар курсии гарму нарми парлумон нишаста, ҳеч пешравие барои кишвар накардааст. Боз дар ин посух суоле ҳам гузошта мешавад, ки “чаро мудати ин солҳо Кабирӣ ва наҳзатиёнаш аз кашфиёту дастовардҳои худ хабар надодаанд?”

То ин вақт дар ягон ҷойи дунё надидаву нашунида будем, ки вакилу ҳизбу парлумон бояд даст ба кашфиёту ихтироот бизананд. Ё ин кашфиёти навини Академияи илмҳост? Тӯли қариб садсол мешавад, ягон ниҳоди илмӣ, хосатан Академияи илмҳо дар Тоҷикистон на дар ихтиёри наҳзат асту на зери назорати Кабирӣ. Агар Академия ё ҳукумат дар ихтиёри Кабирӣ мебуду солҳои тӯлонӣ онро идора мекард, аммо вазъ тағйир намеёфт, ин эрод дуруст мебуд. Онвақт ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ин ҳақро дошт, ки аз Кабирӣ ва наҳзатиёнаш бипурсад, ки тӯли ин қадар соле, ки имкону шароит доштед, чи коре барои миллат анҷом додед? Ҳоло дар Тоҷикистон Кабирӣ танҳо як вакил ва раиси ҳизбест, ки ягон вазорат, идора ё Академияи илмҳо ба онҳо тобеъ нест. Аз ин хотир вазифаи вакилу ҳизб дигар аст ва вазифаи илму академия дигар. Набояд олимони муҳтарами мо наҳзату Кабириву парлумону академияро як ниҳод фикр кунанд ва аз онҳо кашфиёту ихтирооту пешрафтро баробар талаб намоянд.

БОЗ ТАҲҚИРИ 99% ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

“Мардум беш 1300 сол аст, ки даст ба сӯи осмонҳо доранду ҳеҷ нест, ки аз осмонҳо ноқилу микросхема, копютеру робот, мошину таҷҳизот ва дигар асбобу лавозимоти барои зиндагӣ зарурӣ резад”. Ин ҷумла аз ҷониби олимони Академияи улуми кишваре навишта шудааст, ки 99 дарсади мардумаш ба Худо бовар дораду даст ба сӯи осмон барои дуо кардан мебардорад. Оё ин таҳқири оммавии мардуми Тоҷикистон, хусусан роҳбарони ин кишвар, аз ҷумла Президент Эмомалӣ Раҳмон нест, ки борҳо ҳангоми дуо кардан дасташро боло бардоштааст? Ба назар мерасад, ин посух олимона набуда, як ҷавоби пур аз эҳсос аст. Баъди хондани ин ҷумла Худоро ҳазорон бор шукр гуфтам, ки 0,001 фисади ин ҳама роботу техника ва ниёзҳои ҳаррӯзае, ки истифода мекунем, ба дасти олимони тоҷике, ки ҷуръати навиштани ин ҷумларо доранд, ихтироъ нашудааст. Вагарна онҳо дар ин кишвар нафаскаширо барои эътиқодмандон “қонунан” манъ мекарданд.

Боз бо як тамасхур давоми ҷумлаи боло идома дода мешавад: “Тамоми дастовардҳое, ки шумо ва пайравонатон истифода мебаред, ҳамааш маҳсули дастранҷи инсонҳои заминианд, на аз авлиёву анбиёи илоҳии пиндоштаатон”. Авлиёву анбиёе, ки мо мардуми мусалмон ба онҳо эмону боварӣ дорем, ҳамагӣ инсонҳои заминӣ буда, барои пешрафту рушди башарият хидматҳои бузурге анҷом додаанд (хондани Қуръон ва тафсирҳои он, инчунин улуми таърих барои онҳое, ки чунин иддао доранд, тавсия дода мешавад, то бубинанд, авлиёву анбиё дар сохтани ҷомеаҳо ва зиндагии мардум чи нақше доштанд).

Ба назари банда, кормандони ин ниҳоди илмӣ аз доираи баҳси одоб берун баромада, ба ҷойи Муҳиддин Кабирӣ ба эътиқоду боварҳои мардумӣ таҳқиру дуруштгӯиро раво дидаанд ва бардошти ин олимҳо аз Исломи азиз дар доираи ҳоҷатхонаву таҳорату кулух хулоса шудааст.

КАБИРӢ, АКАДЕМИЯ ВА ВАО

“Чун Кабирӣ, Тураҷонзодаҳо ва чанд тан аз ҳамрадифонашон фазои иттилоотии кишварро барои худ танг дида, якбора ба таҳқиру бадном ва такфир эълон намудани кормандони марказ рӯй оварданд”. Нафароне, ки пайваста матбуоти давриро мутолиа мекунанд ё аз андешаҳои Кабириву Тураҷонзода бохабаранд медонанд, ки онҳо ҳеҷ касеро ба такфир ҳукм накардаанд. Ҳатто таҳқиру бадном ҳам намекунанд. Олимони муҳтарами мо вақте ин ҷумларо навиштанд, бояд дар идома далел ҳам пешниҳод мекарданд, ки ҲНИТ ё Тураҷонзода миёни мардум нафаре аз онҳоро кофиру мулҳид эълон кардааст (оне ки Худоро инкор мекунад, мусалмонҳоро пайваста таҳқир мекунад, авлиёву анбиёро афсона мепиндорад, таҳорату кулуху ҳоҷатхонаро тамасхур мезанад ба андешаи Шумо ӯро чи бояд бигӯянд: мусалмон ё кофару бедин?)

Чаҳор шабакаи телевизионии давлатӣ, телевизионҳои шаҳру навоҳӣ, ҳафтаномаву маҷаллаҳо, родиёҳои сартосариву ноҳиявӣ ҳеч гоҳ ҲНИТ-у Тураҷонзодаро тарғиб накардаанд. Ҳатто акс, навишта ё гуфтаи онҳоро инъикос намекунанд. Баръакс, солҳои ахир ҳамеша аз онҳо интиқод мекунанд. Инки ду-се нашрияи мустақил гуфта ё навиштаи кадоме аз онҳоро нашр мекунад, ба хотири гуногунандешӣ ва риояи принсипҳои озодии баён буда, ҳеч кадоми онҳо ба Тураҷонзодаву Кабирӣ вобаста нестанд. Ва ин ки ба фарқ аз кормандон ва олимони шумо ҳарфи онҳо тезтар ба мардум мерасад, бояд аз худ бипурсед, ки чаро чунин аст?

ТАВАҶҶУҲ

Мутаасифона, навиштаҳои илмии баъзе олимони кишвар имрӯзҳо дар доираи ғайбат, таҳқир ва паст задани ин ва ё он шахсият хулоса мешавад. Баъзеҳо кӯшиш мекунад, бо паст задани мусалмонҳо ё ба тамсхур кашидани муқаддасоти онҳо нишон диҳанд, ки донишманд ва шахсони замонавиянд. Ба андешаи онҳо мусалмонҳо инсонҳои ақибмонда, бедониш ва дур аз пешрафту ихтироот буда, нақше дар тамаддуни башарӣ надоранд. Ин ҳарфҳо мунсифона нест. Агар олимони мо адабиёти ҷаҳони оид ба Исломро мутолиа менамуданд, медиданд, ки мусалмонҳо дар бинои кохи тамаддуни башарӣ дар таърихи ҷавони худ чи қадар пешрафту дастовардҳое доштанду доранд ва дар оянда хоҳанд дошт. Барои мисол, “Нақши мусалмонҳо дар бунёди кохи тамаддуни илму дониш” (Пизишкӣ, дорусозӣ, кимиё, санъаткорӣ, риёзиёт, ҷуғрофӣ ва ҳунар. Манбаъ: сомонаи turajon.org 10.01. 2015). Аз ин гуна мисолҳо метавон садҳо навишт...

Акнун дар мавриди дониш ва навиштаҳои руҳониёни тоҷик дар 20 соли ахир. Танҳо навиштаҳои марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ки аз мақолаву рисолаҳо иборатанд ва қариб ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии мардумро фаро мегиранд, ба сад адад мерасад. “Раванди муҳокимаи масъала дар хусуси моҳияти давлат дар Конститутсия”, ”Ислом метавонад сиёсӣ ё ғайри сиёсӣ бошад”, “Дин ва давлат”, “Танзими насл ва стратегияи ҷаҳонӣ”, “Насли тоҷик бо генҳои миллатҳои пешрафта омехта мегардад”, “Тоҷикистон Шветсария мешавад?”, “Фирори мағзҳо”, ”Ислом зидди бидъат ва хурофот”, “Ҳуқуқи зан дар ҷомеа аз нигоҳи Ислом ва ҷомеаи демократӣ”, “Масҷиду мактаб бояд ҳамкорӣ кунанд”, “Тафсири ғалати дунявӣ-бадбахтии миллат”, “Мавлоно ақл дошт” ва даҳҳои дигарро метавон мизол зад.

Рисолаи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки сураи “Ал-Муъминун”-ро тафсир карда, инсон ва зиндагии ӯро ҳамчун унсури биологӣ ва руҳӣ баён месозад. Ин чунин рисолаи илмии “Он сӯи сиёсат” ва даҳҳо навиштаи дигари ӯро метавон ёд овард. Ё навиштаҳои марҳум Домулло Муҳаммадии Қумсангириро, ки дар мавзӯъҳои гуногун буда, ҳаждаҳ китобу рисоларо дар бар мегирад. Навишта ва пешниҳодҳои Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода - “Ҳуқуқи зан дар ҷомеа”, “Шариат ва ҷомеа”, “Нақши масҷид дар ҷомеа” ва даҳҳо мақола, ки дар бораи иқтисоду сиёсат ва буҳрони энергетикӣ дар кишвар гуфтааст. Навиштаҳои Муҳиддин Кабирӣ ва мақолаҳои сершумори Маҳмудҷони Тураҷонзода оид ба фалсафа ва таъриху фарҳанги исломиву миллӣ ҳам қобили тазаккуранд. Ин нукта ҳам бояд зикр шавад, ки ба ҷуз Муҳиддин Кабирӣ ҳеч нафари номашон овардашуда кормандони илм ё номзади илм набуданду нестанд.

Хуллас, агар чуқуртар таҳил намоем, тӯли ин солҳо даҳҳо фарзандони мусалмон, ки онҳоро олимони мо руҳониён ё мулову “мулло- вакил” мегӯянд, дар пешрафту рушди ҷомеа саҳми камтар аз проффесору номзадҳои илм надоштанд. Ҳоло низ дар бахшҳои мухталиф бо донишу малакаашон дар хидмати ин миллатанд. Шаке нест, ки агар Академияи улум ҳадди ақал даҳ сол дар ихтиёри ин тоифа мешуд, ҳоло илми тоҷик ба тарзи дигар рушд мекард.

Бояд як институт барои таҳлили холисонаи фаъолияти ин шахсиятҳо амал кунад ва холисона назару андешаҳо ва нақшашон дар миллатсозиро баҳогузорӣ намояд. Он вақт мушаххас хоҳад шуд, кӣ чи қадар ба ин миллат хидмат кардаву ҳарфи созанда мезанад. Оянданигари миллат кисту кӣ ғами онро мехӯрад, кӣ муздури хориҷӣ асту кӣ пуштибони ақидаи ботилу нолозим. Аҷиб аст, ки бидуни омӯхтан, шинохтан ва таҳлилу баррасиҳо мегӯянд, фалони кисту чи кор кардааст, магар ҳамин ҳам илм мешавад, магар мешавад бо нашнохтани мусалмонҳо дар бораи онҳо қазоват кард?

ХУЛОСА

Баъд аз таназзули давлати миллии тоҷикон - Сомониён, ки руҳониён ё ба қавле муллоҳо дар раъси давлатдорӣ буданд, ҳукуматҳои муғулу манғит пайи ҳам донишмандони руҳонӣ, хусусан тоҷикони асилро ҳамеша мавриди таҳқиру таҳдиду фишор қарор додаанд. Донишмандон ва руҳониёни асилро аз дарборҳо ронданд. Ин кор то замони Аморати Бухоро идома кард. Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Садри Зиё, Абдурауфи Фитрат ва даҳҳои дигар, ки руҳонӣ ё мусалмонони ҳақиқӣ буданд, бо ҳар баҳонаи сохтаву бофта, таъну маломат ё ҳабсу зиндон карданд. Дар замони шуравӣ кор то ҳадди қатлу куштор ё бадарғаи руҳониён анҷомид. Аммо ин ҳама ҷойгоҳу мавқеи онҳоро дар зиндагии мардум камранг накард. Баръакс мусалмонҳо зиёд шуда, бештар ба қадри ҳамдигар расиданд, таълим гирифтанд ва нобиғаҳоро ба ҷомеа доданд. Шуравӣ бо тамоми иқтидораш ҳафтод сол алайҳи руҳонияту мусалмонҳо он қадр рисолаву китобу маводи таблиғие нашр кард, ки дар ҷаҳон назир надошт. Бо гузашти замон онҳо ҳама моли таърих шуданд.
Бояд аз ин ҳама сабқ омӯхт, ки бо паст задан, тамасхур кардан ва таҳқири мусалмонҳо илм ба ҷое намерасад. Насли баъдӣ ба ин амал баҳо хоҳад дод.

Хуб буд, агар олимони мо бо назардошти хусусияти миллат, эътиқоду боварҳои онҳо корашонро ба роҳ монда, дар натиҷаи табодули афкор, ҳамдигарфаҳмӣ ва суҳбату муколама корашонро пеш мебурданд. Ин кор ҳам ба манфиати миллат ва ҳам ба нафъи илми тоҷик мебуд.
Мӯҳр
озоди
Далер бехтарин фикру мулохиза. Рахмат, Худо нигахбонат бошад. эхтиёт карданро низ фаромуш насозед.

Мо хамаамон Алхамдулилох мусалмонем байни якдигар бадбини накунем аз паи ободии Ватанамон шавем гапхои зиёдатиро як тараф монем.Шукри неъмати тенчиро кунед шукр кунед хамааш ба хости Аллох хуб мешавад.Хост хости Аллох аст хости бандааш нест хамин Рохбари давлатро Аллох хостааст ИншоАллох Аллох ба бандахояш хамаи хубиро мехохад Сарвари мохам дар хубии халк аст ва хизмат кардаистодааст ва хизмат мекунад ИншоАллох.Ватану миллатро бояд дуст дошт агар дуст надорем обод намешавем.

lutfullo
Мо фазр мекунем ки чунин чавони бонангу бономус дорем.
Худо нигахбонат бошад бародар Далер.

Донишманд
Далери азиз!!! Барои чи ва барои ки ин кадар сафсата ва ёвагуи мекуни!!!
Дигар дар асри нав ин гапхои кухнаро, ки аз хондану шуниданашон ба чон расидем, дар ВАО пахн накун!
Ту ки дар илм ворид нести, олимон ва илмро аз кучо медони? Бас будагист музахрафот бофтан!!!
Дар асри нав дигар дину оин накше надорад. Оянда дин хамчун эътикоди фарди арзиши фархангиро ба худ касб мекунад.
Аз хоби чахолат бедор шав ва пайи зиндагии худат шав, то ки дар зиндаги гумрох нашави!!!Агар ватандусти,ба омузиш машгул шав, на ба пахнсозии музахрафот ва "афсонахо барои хурдтаракон", то ки дар зиндагиат ба кор ояд!!!Як маротиба ба дастовардхои илми чахони аз дидгохи инсони нигар, баъд хохи фахмид, ки илм аз дин чи бартари дорад!!!

АХСАН ДАЛЕРЧОН МО ИН МАКОЛАИ
ШУМОРО МУНТАЗИРИ МЕКАШИДЕМ.
БАР ГУЗАШТАГОНАТ РАХМАТИ ХУДО,
БОВАР КУНЕД

демократ
Далер, худата тза натарош. Аз суханот маълум аст, ки пайсае ба чайбат аз ХНИТчон мерасад. ин храбат нагузашт

Тахлили бехтарин! Бародарону Хохарони гироми, як хохиш аз кучо хамин китобхои номбаркардаи муаллифро, по тарзи электрони пойдо карда мешавад. Сомонае медонед ё касе агар пдф- и хамин китобхоро дорад илтимос сурогахашро дихед, кори хайр мешавад. Бародари гироми Далер, агар имконят бошад, мефахмондед аз кучо ин китобхои аломахои точикро дастрас кунем по тарзи электрони?... Чунки аз ватан дурему харидан аз магозахои китоб-фуруши имконят нест.

комунист
Ин академикҳо мо хобанд ки мусалмонҳо дунёро тасхир кардаанд..

Бехтарин. МОШООЛЛОХ.

Вокеъбин
Ончунон бо алам навиштааст, ки гуё нигахбони ягонаи Ислом хамин бача бошад! Фаромуш накуни Исломро наигахбонаш Худост! Агар ба хамин гап бовар дошта боши дамта бги пак паки зиед накун! Озодагон ами гапа чоп мекуни намекуни мда фарк надорад....мухим навиштам ...

Аллох баракатат дихад

Унвончу
Ба фикрам , вакти он расидааст, ки ходимон ва кормандони Академия дар бораи вазъи имруза ва рисолати аслии ин ниходи илми андеша кунанд. Бисере аз устодон , ки имрузхо оиди ин масоил сухбат мекунем, аз ин вазъ норозианд ва мегуянд, ки Академия набояд як ниходи таблиготи ва майдони хангомачуен бошад. Бояд Академияро аз нав ба майдони илм, андеша ва тахкикот табдил дод. Яке аз устодон гуфт, ки пештар инчо фалсафа ва тахкик буд, холо сафсата ва тахкир дида мешавад. Мо насли чавон аз ояндаи илми милли нигаронем

Dev
Kujoe musulmon hast, islom ast onjo jangu jidol , kushtoru katl ,johilivu kajfahmi safsata nahon Dalerkul.In "musulmon"-hoi tu budan,ki tamomi shoironu navisandagoni guzashtai millatro lagadzani kardan.Hudashon ba kore kodir nestan, vale kasero niz ruz namedihand. Suhanhoi Kabiri dar hakki ilmihoi tojik durust ast, vale kuluh dar mavridi zaruri shudani tu barin zhurnalist, ba tozagi nameorad.Hubtar mebud ruj ba Suriya meovardi onjo hostahot barovarda meshud.

ДОНИШЧУ
Офарин бародар Далер. бар падару модарат хазор ташаккур ки чунин Далеру Часур ро ба дунё оварданд. ХУДО КУВВАТ БАРОДАР .

OFARIN BA TU NAVISANDAI AZIZ!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)