Сафир: Эронҳаросӣ дар Тоҷикистон кори дасти салафиҳост

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузории "Форс" дар баробари густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ду кишвар раванди эронҳаросиро низ шарҳ додааст.
“Форс” суол гузоштааст, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон раванди эронҳаросӣ ба назар мерасад ва он махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аён аст, ки ба афкори мардум таъсир мерасонад: “Оё сафорат барномаеро барои ҷилавгирӣ аз ин раванд рӯи даст дорад?”
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дар посух, сухани марҳум Муҳаммад Тақии Ҷаъфариро зикр кардааст, ки касе ба қатори истода санг намезанад ва чун қатори Эрон пайваста дар ҳаракат аст, мухолифин нақшаи эронҳаросиро роҳандозӣ кардаанд: “Ман дар Тоҷикистон сиёсатеро, ки аз тарафи давлат бо ҳадафи эронҳаросӣ дунбол шавад, эҳсос накардаам, балки равобити мо бо давлати Тоҷикистон дӯстона ва бародарона мебошанд. Бархе гуруҳҳои салафӣ дар ин ҷо ва ҷойҳои дигар дунболи доман задан ба ихтилофи шиа ва суннӣ ҳастанд ва табиатан пружаи эронҳаросиро дунбол мекунанд. Вале инҳо на дар байни давлати Тоҷикистон ва на миёни мардуми кишвар ҷойгоҳе надоранд ва гузашти замон ҳам нишон медиҳад, ки Эрон ҳамеша дар канори миллатҳои минтақа будааст ва миллатҳои минтақа ҳам ҳамеша аз Эрон ҳимоят кардаанд.”
Ба гуфтаи Фағонӣ, Эрон дар талоши ваҳдати уммати исломист, ки феълан мусалмонон аз он бархӯрдор нестанд: “Ҷумҳурии Исломии Эрон мунодии ваҳдати шиъа ва суннӣ аст. ҶИЭ як кишвари шиъа аст, вале шумо агар ба савобиқи рафтори он нигоҳ кунед, бештарин ҳимоятро аз миллатҳо наҳзатҳои суннӣ дар минтақаро доштааст. Шумо сиёсатҳои Эронро дар Фаластин нигоҳ кунед. Ҳимояти мо аз Ҳаммос ҳимоят аз шиъа нест. Дар Босня вақте мусулмонон мушкил доштанд, Эрон ҳимоят кард.”
Сафири Эрон изҳори боварӣ кардааст, дар сурати ваҳдат ҷаҳони Ислом як қудрати бузург дар тамоми дунё хоҳад буд: “Бархе аз кишварҳои минтақа тоблуи Исломро дар даст доранд, аммо дар онҳо камбуди муҳтавои Ислом вуҷуд дорад ва ҳукумати ин кишварҳо, ки диктаторӣ идора мешавад, аз намунаи мардумсолорӣ, ки Эрон ироа додааст, метарсанд. Дар натиҷаи пружаи эронҳаросиро роҳ андохтанд.”
Зимни мусоҳиба Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ инчунин ба масоили терроризму ифротгароӣ дахл карда, онро падидаи таҳти ҳимоятҳои фароминтақавӣ донистааст, ки Эрон аз дер боз бо он мувоҷеҳ аст. Ба гуфтаи Фағонӣ Эрон аз ҷумлаи кишварҳои ангуштшумор аст, ки масъулини олирутбааш хеле зиёд ҳадафи террор қарор гирифтаанд.
Фағонӣ ба ин назар аст, ки набуди таваҷҷуҳи кофӣ ба решаҳои терроризм ва вуҷуди стандартҳои дугона боиси нокомии мубориза бо он аст: “Хеле аз онҳое, ки хориҷ аз минтақа ва махсусан дар Ғарб шиори мубориза бо терроризмро медиҳанд, дар амал худашон бузургтарин терроризм, чӣ аз навъи давлатӣ ва чӣ аз навъи ғайридавлатӣ ҳастанд. Агар ғайри ин буд ва садоқате вуҷуд дошт, мубориза бо терроризм хеле зудтар аз инҳо ба натиҷа мерасид”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |