Бахшҳо
19 фев 2015 12:50Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Баҳси додгоҳии Babilon то ду моҳи дигар тул мекашад

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, шикояти ширкати мобилии Вавилон (Babilon) аз ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, ки ба баҳси судии ин ширкат бо Кумитаи андоз ба нафъи дуюмӣ нуқта гузоштааст, мавриди омӯзиш қарор дошта, баррасии он то ду моҳи дигар тӯл хоҳад кашид.

Ҷамшед Файзуллоев, раҳбари дастгоҳи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикисон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “Ҷамъияти саҳомии “Вавилон мобайл” ҷиҳати аз нав дида баромадани санадҳои судӣ ба Додгоҳи олии иқтисодӣ муроҷиат кардааст ва ҳоло парвандаи мазкур дар марҳалаи назоратӣ қарор дорад ва баррасии он то ду моҳ тул хоҳад кашид.”

Нофаҳмӣ миёни Кумитаи андоз ва ширкати мобилии “Вавилон” дар ҳоле ба миён омада, баҳси онҳо то зинаҳои додгоҳӣ кашида шуд, ки аввалӣ дуюмиро дар риоя накардани нархномаҳои таъинкардаи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон муттаҳам ва 337 миллион сомонӣ қарздор намудааст. Ҳарчанд ахиран Додгоҳи иқтисодии Душанбе ин баҳсро ба манфиати Кумитаи андоз ҳал намуд, вале масъулини ширкати Вавилон ин ҳалномаро ноодилона хонда, аз болои он ба Додгоҳи олии иқтисодии кишвар шикоят бурданд.

Масъулини ширкати мазкур иддаои Кумитаи андоз дар мавриди риоя нашуданги нархномаҳои давлатиро комилан рад карда, мегӯянд, онҳо то кунун ҳар хидматрасониеро, ки ба муштариён пешкаш кардаанд, нархномаи он бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа шудааст. Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати Вавилон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ширкат ҳамаи хизматрасониҳои асосӣ ва иловагии худро ҳамеша бо мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ роҳандозӣ намуда, дастраси муштариён гардонидааст. Мо ба суд ҳам нусхаи «Нақшаҳои тарофавӣ»-и бо мақомоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабри соли 2010, 17 майи соли 2012, 12 апрели соли 2013 мувофиқашударо пешниҳод намудем. Хидматрасониҳои иловагии мо дар радифи хидматрасониҳои асосии «Выгодный», «Обичный», «Особый», «Активный, «Успешный», «Бизнесмен» тасдиқ шудаанд ва ҳар яке дорои хидматрсониҳои иловагии «Илова ва иваз кардани рақамҳои дӯстдошта» мебошанд. Хидматрасонии иловагии дигари мо «Мобипакетҳо» мебошанд, ки онҳо низ бо мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ пешкаши муштариён гардонида шудаанд. Мо ба суд инчунин таҳлилҳои хаттиеро низ пешниҳод кардем, ки аз рӯи санадҳои муҳосибию молиявӣ ҳолати воқеии хароҷоти дар давраҳои баҳсӣ масрафкарда, инчунин даромади дар давраҳои баҳсӣ гирифташуда, маблағи андозҳои мустақим ва ғайримустақими ба буҷет пардохтаи ширкатро дар бар мегирад. Дар пешниҳодҳои худ мо ҳаматарафа собит кардем, ки хизматрасониҳои асосӣ ва иловагӣ ҳама бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа шуда, онҳо ба муштарӣ пулакӣ пешниҳод шудаанд ва аз онҳо даромад гирифта шуда, супоридани андоз низ таъмин карда шудааст.”

Ҷаноби Ҷумъаев низ илова намуд, ки ҳалли баҳси онҳо бо Кумитаи андоз ба нафъи дуюмӣ ва додани ҳақ барои дастрасии кумита ба суратҳисобҳои онҳо дар ҳолест, ки бо дархости онҳо додгоҳ ду корманди Хадамоти зиддиинҳисориро низ ҳангоми баррасӣ парванда даъват карда, аз онҳо посух гирифтааст, ки воқеан ҳам Вавилон тамоми хидматрасониҳояшро танҳо баъди мувофиқа бо Хадамот манзури муштариён гардонидааст: “Ҳайратовар он аст, ки агар чӣ суд намояндагони Хадамоти зиддинҳисориро пурсида бошад ҳам, аммо дар ин бора дар қисми баёнии ҳалнома маълумотеро зикр накардааст ва дар қисми асоснокунии ҳалнома бошад, ба нишондоди намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ баҳои ҳуқуқӣ надодааст. Асоси ҳуқуқӣ ва мантиқии ба инобат нагирифтан ва рад кардани нишондоди онҳоро, ки иртиботи бевосита ва пайваста бо ҳолатҳои ба парванда аҳамиятдоштаро доранд, дар санади судӣ наовардааст. Агар ширкат хидматрасониҳои мавҷударо бемувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва ройгон ба муштариён пешниҳод мекард, чигуна метавонист аз ҳамаи хидматрасониҳои давраҳои баҳсӣ, яъне, солҳои 2011, 2012 ва 2013, ки мақомоти андоз онро ройгон меноманд, даромад ба даст оварда, дар маҷмўъ 406 миллиону 923 ҳазору 419 сомонию 93 дирам андоз супорад?”

Ба гуфтаи сухангӯи ширкати Вавилон, бори охир хидматрасониҳо ва тарофаҳои ин ширкат аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисорӣ охирҳои моҳи апрели соли 2014 мавриди санҷиш қароргирифта буданд: “Рӯзи 28-уми апрели соли 2014 аз тарафи се нафар сармутахассисони соҳибтаҷрибаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳама тарофаҳои ширкат, мавриди санҷиш қарор гирифта, дар асоси он «Санади санҷишӣ» тартиб дода шуд. Дар қисми хулосавии «Санади санҷишӣ»-и тартибдодаи масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфта мешавад: «Аз ҷониби ҶСП «Вавилон-Мобайл» ҳангоми иҷрои кору хидматрасонӣ дар соҳаи хидматрасонии алоқаи барқӣ талаботи қоунунгузории Ҷумҳурии Тоҷикитон рақобат ва маҳдудкунии инҳисорӣ дар бозорҳои мол, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва реклама риоя гардидааст». Пас чи гуна метавон хулосаи як Хадамоти масъули давлатиро зери суол бурд, ки ҳама тарофаҳо бо он мувофиқа шуда, бо нархҳои муайян пешкаши муштариён гардонида шудааст?”

Мусоҳиби мо дар мавриди он ки дар сурати риоя шудани тамоми нархномаҳои давлатӣ аз сӯи Вавилон масъулини Кумитаи андоз бо чӣ далел ин ширкатро ҳудуди 340 миллион сомонӣ қарздор кардааст, мегӯяд, худи онҳо низ намедонанд, ин қарз аз куҷо омадааст. Ҷумъаев мегӯяд, иддаои беш аз 300 миллионии Кумитаи андоз дар ҳолест, ки дар “Санади санҷишӣ”-и ин ниҳод хатоҳои зиёди “барқасдона” ва ҷиддӣ ба назар расида, даромади умумии ширкатро дар соли 2011 «4 миллиарду 232 миллиону 789 ҳазору 393 сомонӣ», баробар ба нисфи ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2011 нишон дода шудааст: “Мо намедонем, ки ин рақамҳо аз куҷо гирифта шудаанд. Вале дар «Санади санҷишӣ» -и мақомоти андоз ғалатҳои зиёди ҷиддии арифметики ҳисоб кардани манбаи андозбандии андозҳои овардашуда, хироҷи иҷозатномавӣ ва бар илова ҳисоб кардани андозҳоро мо ошкор кардем, ки аз куҷо гирифта шудаанд, касе намедонад ва ба назар чунин менамояд, ки чунин иштибоҳҳоро тафтишгарон махсус барои зиёд намудани манбаи андозбандӣ содир кардаанд. Масалан дар саҳифаи 11 «Санади санҷишӣ»-и Кумитаи андоз даромади умумии ширкат дар соли 2011 «4 миллиарду 232 миллиону 789 ҳазору 393 сомонӣ» нишондода шудааст, ки ин баробар ба нисфи ҳаҷми умумии Буҷети давлатии ҶумҳурииТоҷикистон барои соли 2011 мебошад. Ин магар боваркарданӣ аст? Чунин ғалатҳои барқасдона кам нестанд, ки ба назари мо масъулин махсус бо чунин роҳ манбаи андозбандиро афзун намуда, андозбандиро зиёд кардаанд ва мометавонем дар оянда ҳар яке аз онҳоро дар алоҳидагӣ ба матбуот пешкаш гардонем. Ҳол он ки дар соли 2011 даромади ширкат ҳамагӣ 423 миллиону 789 ҳазору 391 сомонию 64 дирамро ташкил медод. Дар ин ҳолат, масъулини мақомоти андоз, даромади ҷамъиятро ба маблағи 3 миллиарду 809 миллион сомонӣ зиёд нишон додаанд ва аз ҳамин ҳисоб андозҳои гуногунро дар солҳои 2011, 2012 ва 2013 барзиёд ҳисоб карда, ширкатро зиёда аз 340 миллион сомонӣ қарздор намудаанд. Чунин иштибоҳҳои ба назари мо ҳадафмандона кам нестанд ва анқариб дар тамоми саҳифаҳои «Санади санҷишӣ» ба чашм мерасанд, ки омӯзиши хеле ҷиддиро тақозо мекунад.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳарчанд зимни як нишасти хабарии ин ниҳод гуфта буданд, ки фаъолияти “Babilon-mobile” зери назорати қатъист ва то ҳол қонуншиканиеро аз ҷониби ин ширкат сабт накардаанд, вале ба суоли “Озодагон”, ки “оё боре дар марҳалаи баҳсӣ ҳолатҳои риоя нашудани нархномаҳои давлатӣ аз ҷониби ширкати Вавилонро ба қайд гирифтаанд?” ҳозир нашуданд дубора посух гӯянд. Масъулини ин ниҳод гуфтанд, баҳси Кумитаи андоз ва ширкати Вавилон дар марҳалаҳои судӣ қарор дошта, онҳо ҳоло наметавонанд, дар ин бора чизе гӯянд.”

Раҳбари дастгоҳи Додгоҳи олии иқтисодӣ эҳсоси таъсирӣ берунӣ ба баррасии ин парвандаро рад карда, ба баррасии одилонаи он таъкид менамояд: ”Аслан парванда аз сӯи як судя баррасӣ мешавад ва вақте яке аз ҷонибҳои баҳс норозӣ бошад, дар сурати даъво ин бор аз сӯи колегияи судӣ, яъне се судя баррасӣ мешавад ва ман шахсан ҳамчун раҳбари дастгоҳ боварӣ надорам, ягон таъсиррасонӣ аз берун бошад ва хабарҳо дар бораи он ки аз берун ба мо “амр”-е барои муфлискунии ин ширкат омада бошад, комилан рад мекунам ва онҳо беасос мебошанд.”

Ин баҳси додгоҳии кумитаи андоз бо ширвати Вавилон дар ҳолест, ки қаблан, ин ниҳоди давлатии кишвар бо ширкатҳои мобилии "Билайн" ва "Мегафон" низ баҳсҳои додгоҳӣ дошт ва ниҳоят Додгоҳи олии иқтисодии кишвар баҳсро ба фоидаи ин ду ширкат ҳал кард.
Мӯҳр
Савол ба Раиси Кумитаи андоз, мухтарам Нусратулло Давлатзода!
Оё дар доираи талаботи Дастурамал "Дар бораи тартиби ал намудани басои андозсупоранда бо макомоти андоз, ки тибки карори Хукумати кишвар №46 аз 3 феврали соли 2000, чора андишидед, то , ки бахс дар ин сатх мардуми ё ин ки расонаи нашавад?
Ё шумо манфиатдори халли ин бахс нестед?

Мехохам, аз суди иктисодии шахри Душанбе ва мархилаи кассатсионии Суди ОЛии иктисоди бипурсам, оё ин мархилахои суди иктисод, тибки талаботи моддаи 137 Кодекси мурофиавии иктисодии Чумхурии Точикистон, чихати халли ин бахс, аз байн бурдани ихтилофхои байни Вавилон ва макомоти андоз бо масоили мавриди бахси чой дошта, барои оштии тарафхои бахс ва бастани "Созишномаи ошти" байни тарафайн, кушиш ба харч додед?

Суоли дигар ин аст, ки магар зарур буд, ки як бахсеро, ки имкон дошт, хануз то мархилахои суди хал кард, ба хотири ким кадом "гаразхои шахси" ё ин ки "гурухи" то ба ин холати ташвишовар расонид, ки боиси нигаронии хазорхо нафар коргарони ширкат, миллиёнхо нафар муштариён ва шарикони Вавилон, гардидааст?
Суд, мустакил аст ва аз макомоти андоз ва андозсупоранда вобастапгие надорад, аз ин бармеояд, ки бояд карори конуни кабул карда, ба бахс нуктаи нихои гузорад.

Аз Паёми Президенти кишвар, мухтарам Эмомали Рахмон, суханронихояшон дар чалаи Шурои амният дарёфтам, ки Рохбари кишвар, аз фаъолияти масъулини макомоти давлати, ки талаботи конунхои кишварро нодида мегиранд, норозианд ва хама кушиши гайратро чихати таъмини волоияти конун ва бехтар кардани сатх ва сифати зиндагии мардум равона кардаанд. Аз масъулини макомоти андоз такозо менамоям, ки ба конун эхтиром гузошта, ба он беэътиноии накунед. Дар назар дошта бошед, ки шумо такдири миллионхо нафарро бо ин масъалаи бахси, хал мекунед, на се чор нафар рохбари Вавилонро, ки шояд аз ягон чихат, бароятон макбул нестанд.

Ман хамчун шахрванди ин кишвар ва давлати сохибистиклол гуфтаниям, ки бигузор кумитаи Андоз ба инобат гирад, ки чи кадар шахрвандони мо дар ин ширкат кор мекунанд. Аз ин бар меояд, ки макомоти андоз ин ширкатро муфлис кардани хаст! Дар ин чо саволе бар миен меояд, оё макомотхои давлати метавонанд баъд аз муфлис шудани ин ширкат шархрвандонро бо кори доими таъмин кунанд??? коргарони макомоти андоз худро бо хонахои бохашамат месозанду як кудаки бечораи дигар ноне намеёбад. ки хурад((((((

Ин ягона ширкатест ки дар чумхури хизматрасонихои навро чори кардааст ва кушиш кардааст ки ба мардуми точикистон ки бештарашон камбизоат астанд нархњои дастрас пешниход намояд.

Мы гражданы Таджикистана все надеемся на то, что нас поддерживает наша Конституция и глава государства Эмомали Рахмон,нужно обратить внимание на это "Республика Таджикистан - суверенное, демократическое, правовое, светское и унитарное государство.
Таджикистан, являясь социальным государством, создает условия, обеспечивающие достойную жизнь и свободное развитие каждого человека.
Человек, его права и свободы являются высшей ценностью
Жизнь, честь, достоинство и другие естественные права человека неприкосновенны.
Права и свободы человека и гражданина признаются, соблюдаются и защищаются государством."

Иншоллох Чаноби оли лачоми налога мекашад ва Намемонад, ки инхел корхонахои калон ба монанди Вавилон муфлис шаванд.

Муфлискуни осон дар 3-4 мох мекуни лекин ин хели корхонаи бохашамат сохтан 10 солахо даркор!

Эй бародаро я фикр кунен ин катастрофа мешава 4000 коргари Вавилон ага бекор монанд.

Мухтарам, Нусратулло Давлатзода! Худатон казоват кунед? Оё чабр ба ширкату чанд нафар рохбарони он, ё ин ки хазорхо нафар кормандону ахли оилаи онхо мекунед?
Набояд фаромуш кунед, ки бузургон гуфтаанд:
Аклхоро аклхо ёри дихад,
Машварат идроку хушёри дихад.
Ё ки лоик гуфтааст:
Набояд аз барои моли дунё,
Бародарзода бифребад, бародар.
Ки о фарзанди куххои баландем,
Ба мо пасти намезебад бародар.

Ширкати Вавилон ширкати ватани аст. Кумитаи андоз хадамоти давлати аст. Яъне харду мутааллик ба Точикистонанд. Ин аст, ки ба фикри ман бехтарин рох ин аст, ки ин бахс дар доираи гуфтушунид миёни Кумитаи андоз ва ширкати Вавилон хал карда шавад, то ин ки ин бахс то ба судхои байналхалки кашида нашавад.
Якмнам, ки кумитаи андоз тарафдори рушди сохибкори дар Точикистон аст. Зеро хар кадар ширкатхо рушд кунанд, хамон кадар андоз бештар чалб мешавад. Ширкат хам тарафдори рушд аст. Агар ба ин нуктаи назар нигарем хар ду тараф хохони рушди ин сохаянд. пПс рохи ягонаро ман дар гуфтушунид ва халли сулхомези бахс мебинам.

Ё ин ки дигар бузрги мо гуфтааст:
Эй забардасти зери даст озор,
Гарм то кай бимонад ин бозор.
Ба чи кор оядат чахондори,
Мурданат бех, ки мардумозори.
Фаромуш накунед, Шумо доим дар вазифа масъул монда наметавонед.
ВАлебояд донед, ки тичораит доред, тасаввур кунед, ки рузи яке аз собик зертобеъатон омада мегуяд, ки "Шумо агар як метри муррабаъи хонаи истикоматиро 700 доллар не, балки 1100 доллар мефурухтед, он вакт ба бучет ба ин маблаг андоз мепардохтед? Дар ин холат, шумо хатман ба мегуфтед, чи хел маблагеро, ки ман аз мизоч хамчун даромад нагирифтаам, андолз супорам. Кормандони зертобеъатон нисбат Вавилон инчунин кардаанд. Аз ширкат маблагеро, ки аз муштариён нагирифтааст, даромад хисобида, мавриди андозбанди карор додаанд. Пас казоват аз шумост?

Хамеша азасуламали чомеа харос бояд дошт.
Бо рохи фишоровари ягон мушкилиро наметавон хал кард.Хакки мардум одамро мехурад. Бахшидану мерубони, сарчашма ва сабаби дусти аст. Дар навбати худ, дусти сабаби хушбахти мешавад. Баръакс, душмани сабаби бадбахти шуда, дер ё зуд ба сари тарафхои бахс рузи сахто ба бор меоварад. Итоъат аз конуни бад хам бехтар аз беконунист. Набояд фаромуш кунед, ки Хофизи бузург гуфтааст:
Осоиши ду гети тафсири ин ду харф аст,
Бо дустон мурувват, бо душманон мадоро.
Хохишмандам, бо хотири хамватони азизи мо, мухтарам Президенти Чумхурии ТОчикистон, ба Раиси Кумитаи андоз дастур манзур намоед, ки ба кори Додгохи Оли бо хар бахона дахолат накунанд, судяхоро аз номи шумо натарсонанд. Баръакс, чихати халли мусолихаомези ин бахси "сузанда" мусоидат намояд.

МАСЛИХАТ БА ЮРИСТОНИ ВАВЛИОН МОБАЙЛ:

ФАКАТ ЧАНОБИ ОЛИ КОРИ ШУМОРА ОДИЛОНА МЕТОНАД ХАЛ КУНАД

(ПРОСТО НУЖНО ПРАВДУ ДОНЕСТИ ДО ПРЕЗИДЕНТА)

МАН БОВАРИ ДОРАМ АГАР ГАП БА ГУШИ ЧАНОБИ ОЛИ РАСАДУ ВАЙ НУСРАТУЛЛО ДАВЛАТЗОДАРО ФАРЁД КУНАД ИН НУСТРАТУЛЛО ТАМОН ВАВИЛОНРО СИЁХ МЕКУНАД ВА ХАМАША НАОБОРОТ МЕФАХМОНАД.

НУСРТАУЛЛО МЕТОНАД ТОХАТО КУШТАНИ ЛЕНИНАМ БОРИ ВАВИЛОН КУНАД.

БАРОИ ХАМИН ПРЕЗИДЕНТРО ХАБАРДОР КУНЕД РОСТИ ГАПРО!

И налоговый комитет чи кор кадестай, барои чи ихали мекнан, нохаки када кор кадестян, барои чи иммено вавилона суд кашида дровардан, Барои Чи налоговый Комитет, Гайри конун кор мекнан .... Конун барои хама Яг хас. Бо фикри ман ин гапо то болои болоя нарасид, ё нодруст расит. и ширкати мобели бояд ин гапа хакша то президента расона.... тез хал мешава... бароики президент, ширкатои ки Ба республика фойда мебёра дастгири мекна

Э хамин счетный палатаву коррупция раван худи структураи кумитаи Налога тафтиш кунан.

мошину касхояшона хам тафтиш кунан

Бо Фикри ман, Вавилон инчо гунахгор нест, ин кадом канкуренташон ин кора ташкил кардаги, Дар боло навистаги спискаи Ширкатои ки карзои калон дорадн, барои чи вай ширкатоя Комитет хабар намегират, штраф намекна. Вавилон Ширкати нагз аст, ва связашон бехтарин аст, ман аз симкорти вавилон, чанд сол истифода мебарам, ва ич вах мана гам надод связашон, ва хизматрасонияшон хеле хуб аст наза бо дигар кампанихо.
мухтарам Нусратулло Давлатзода. Дар кор нест Вавилон кати Суд каши кардан, бо Як гапе хуб биёен. Ин Ширкан бо фикрам хеле хуби овар ба халки Точикистон. А Асоси Ин Халк аст.

Саломалейкум хамада,
ман як чизда хайрон, хамавахт дар Точикистони худмон, як кас тагадор боша хамуда пешрави хаст, Вавилон ай вахтуш бе ягон тага худша ба по хезонд укадар одама сохиби кор кард, аку хози чашми дидан надоранша. Аз хамада кори бехтарина андози худмон мекна, компанияи ки таракаиет ёфтестай хавая бояд шиканан. Дар кучо тугри мегира? Кай точико одам мешаван? Як дигаришонда бахили намекунан..?

Хатарнокии ин омил дар он ифода меёбад, ки масъулиени Кумитаи андоз онро нодида мегиранд, чихати халлаш, чора намеандешанд. Дар тамоми холат, масъулиятро ба зиммаи андозсупоранда мегузоранд. Ин мавкеъ, мавкеъи зараровар аст. Бехуда русхо намегуянд6 "Умейте признавать свои ошибки и исправлять их, а не искать биз вини виноватых"

Не представляю что бы делала налоговая, еслиб в стране не было таких организации с которых можно было бы дербанить деньги и набивать "бюджет страны". Одно я знаю точно, пока мы не научимся развивать а не наоборот забивать на такие организации, никакой эволюции у нас не будет. Все так и буду сидеть с модемами и слабым интернетом и жаловаться, аааай америкара бин чи дора, ааай россияра бин чи дора..это провал друзья, больше сказать нечего.

Ширкати Вавилон Бехтарин ширкат аст, боварим нест ки ин ширкат Андози давлатия намеспорид.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)