Бахшҳо
04 фев 2015 10:58Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Вавилон-М” дастдарозӣ ба суратҳисоби бонкияшро ғайриқонунӣ хонд

Масъулини ширкати мобилии “Вавилон-М” қарори Кумитаи андози Тоҷикистон дар мавриди аз суратҳисобҳои бонкии ширкат ба таври маҷбурӣ ситонидани беш аз 337 миллион сомониро ғайриқонунӣ хонданд.

Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати “Вавилон” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, мактуби кумита “Оиди аз суратҳисобҳои бонкии ҶСП “Вавилон-Мобайл” ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи баҳсӣ” ба идораи ширкат низ ворид шудаст ва афзуд, ки онро хилофи қонун медонанд: “Баҳси ҶСП “Вавилон-Мобайл” бо Кумитаии андоз роҷеъ ба маблағи номбурда ҳанӯз ба итмом нарасида, дар айни замон дар марҳилаи назоратии Суди олии иқтисодии Тоҷикистон қарор дорад. Бинобар ин мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ изҳор медорем, ки қарорҳои Кумитаи андоз, аз 28 январи соли 2015 “Оиди аз суратҳисобҳои бонкии ҶСП “Вавилон-Мобайл” ба таври маҷбурӣ ситонидани 337 миллиону 204 ҳазору 546 сомонӣ” хилофи қонун буда, то ба итмом расидани баҳсҳои судӣ Кумитаи андоз ба ҳеч ваҷҳ, бе қарори дахлдори судӣ ҳуқуқи аз суратҳисобҳои ширкат ситонидани ҳеч гуна маблағи баҳсиро надорад”.

Сухангӯи “Вавилон” афзуд, ин қарорро боз аз он ҷиҳат хилофи қонун меҳисобанд, ки маҳз дар марҳилаи назоратӣ, Суди олии иқтисодӣ шикояти назоратии “Вавилон-Мобайл”-ро баррасӣ карда, 26 январи соли 2015 ба ин мазмун, таъинот баровардааст: “1. Шикояти назоратии ҶСП “Вавилон-Мобайл”-ро аз болои ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 20 октябри соли 2014 ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди олии иқтисодии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2014 оиди парванда бо аризаи ҶСП “Вавилон-Мобайл” ба ҷавобгарии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи қисман беэътибор донистани санади санҷишии ҳуҷҷатии маҷмӯии такрории андоз аз 30 июни соли 2014 ва қарор (огоҳнома) оид ба натиҷаи санҷиши ҳуҷҷатии андоз аз 14 июли соли 2014 ба маблағи 216 152 985 сомонӣ, ба истеҳсоли Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад. 2. Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи ин таъинот, аз 26 январи соли 2015, иҷроиши ҳалномаи суди иқтисодии шаҳри Душанберо аз 20 октябри соли 2014 то хотимаи мурофиа дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ, боздоштааст. 3. Нусхаи ин таъинотро, Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи мактуб таҳти №15/38 аз 26 январи соли 2015 ба шикояткунанда, тарафҳои манфиатдор ва иҷрочиёни суди иқтисодии шаҳри Душанбе фиристодааст. Ин маънои онро дорад, ки Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, тибқи ин таъинот, аз 26 январи соли 2015, иҷроиши ҳалномаи суди иқтисодии шаҳри Душанберо аз 20 октябри соли 2014 то хотимаи мурофиа дар суди иқисодии марҳилаи назоратӣ, боздоштааст ва ҳама қарорҳои то ин замон баромада то ҳалли баҳс дар марҳилаи назоратӣ боздошта шудааст, аз ҷумла қарори мазкури Кумитаи андоз дар бораи аз суратҳисоби ширкат ба таври зӯри ситонидани маблағи баҳсӣ”.

Оқои Ҷумъаев дар идома гуфт, раҳбарияти Кумитаи андоз ҳангоми қабули қарор дар бораи ситонидани маблағ аз суратҳисоби ширкати “Вавилон-М” ба инобат нагирифтаанд, ки сухан дар бораи баҳсе меравад, ки “Вавилон-Мобайл” онро эътироф накардааст ва айни замон, ҳалли ниҳоии худро наёфта, аз ҷониби марҳилаи назоратии Суди олии иқтисодӣ дар арафаи баррасӣ қарор дорад.
Мӯҳр
Кумитаи андоз ин кадар ба Вавилон часпид. Окибат чи мешуда бошад? Ё вокеан ин ширкатро муфлис кардан мехоста бошанд?

памир
Ман чанд бор навистам, лекин чоп нашуд.Дар ВМКБ нест ягон бонк е ширкате е худи хамин кумитаи андоз, ки бо интернети Вавилон кор намекунад.Вактхои пеш аз набудани интернети Вавилон одамхо аз нохияхои дурдаст омада барои гирифтани интиколи маблаг азоб кашиданд. Дар рохи мошингарди Хоруг-Душанбе 98% алокаи мобилии ин ширкат дастрас аст. Дар Хоруг маркази хизматрасони ин ширкат хусни шахро зебо месозад.Чандин фарзандони Бадахшон бо чои кории пурра таьмин шудаистодаанд.Наход кумитаи андоз бо ин ширкат ба як хулосаи бегаразона омада наматавонанд.Озодагон агар чоп куни мардуми шарифи Бадахшон аз шумо рози мешавад!!!

Акаи Бехзод Худои тоъло нигохбони шумо бошад бигзор душманхоятон шармандавор бошад

Ман хамчун шахрванди ин кишвар ва давлати сохибистиклол гуфтаниям, ки бигузор кумитаи Андоз ба инобат гирад, ки чи кадар шахрвандони мо дар ин ширкат кор мекунанд. Аз ин бар меояд, ки макомоти андоз ин ширкатро муфлис кардани хаст! Дар ин чо саволе бар миен меояд, оё макомотхои давлати метавонанд баъд аз муфлис шудани ин ширкат шархрвандонро бо кори доими таъмин кунанд??? коргарони макомоти андоз худро бо хонахои бохашамат месозанду як кудаки бечораи дигар ноне намеёбад. ки хурад((((((

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)