Бахшҳо

Суҳбат бо "Шайх Темур": Шайх нестам ва худамро Пайғомбар нагуфтаам (ВИДЕО)

Саид Маҳдӣ Сатторов, мулаққаб ба “Шайх Темур” мегӯяд шайх нест ва ҳеч гоҳ худашро Пайғомбари охирзамон ҳам эълон накардааст. Ӯ ин ва дигар суханҳоро дар бораи ҳақиқат ва дурӯғи филми “Ривояти Шайх Темур” ва паҳлуҳои зиндагии худаш дар суҳбати ихтиссосӣ ба хабарнигори ҳафтаномаи "Тоҷикистон" Абдумудассир Аҳмадзода зикр кардааст. Ин мусоҳиба дар ду шумораи ахири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (6, 7 (1100/1101) 12/19 феврали соли 2015) нашр шуда.

Шайх нестам, тоҷикам

Саид Маҳдӣ Сатторов, мулаққаб ба Шайх Темур дар ин суҳбат гуфтааст, ки ӯ шайх нест: “Не, ман Шайх не, ман тоҷик ҳастам. Шайхҳо дар Арабистон мешаванд. Онҳо пулу моли зиёд доранд.... Завод доранд, фабрика доранд”.

Хабарнигори ин нашрия менависад, ки Маҳдӣ Сатторов ба назди онҳо бо ҷомаи хеле чиркин ҳозир шудааст. Алорағми гуфтаҳои муаллифи филми “Ривояти Шайх Темур”-и Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон Сатторов гуфтааст, ки аз зани аввалааш ҷудо нашудааст ва бо бародараш ҳам ҷанҷоле накардааст, балки замоне мехост ба Пашми куҳна, деҳаи баландкӯҳе дар водии Қаратоғ биравад, занаш ва фарзандонаш розӣ нашуданд, ки бо ӯ бираванд. Ба гуфта ӯ падараш замоне дар ин деҳа хона ва сукунат доштааст. Ин қаҳрамони чанд ҳафтаи ахири расонаҳо эътироф кардааст, ки дар солҳои 80-уми асри гузашта воқеан ду зан доштааст ва барои ин зиндон ҳам шудааст: “Ин маҳрумшавии ман аз озодӣ дар асоси аризаи як занам буд, ки ду зан байни худ моҷаро карданд ва маро яке аз онҳо ба суд дод. Баъд аз ҳардуяшон ҳам ҷудо шудам”.

Сатторов ҳарчанд дар ин суҳбат эътироф кардааст, ки чанд зан дорад, вале теъдодашонро нагуфтааст. “Вақте дар қишлоқи боло будем (Пашми куҳна) бо иҷозати оилаам боз бо як нафар хонадор шудем, ки аз вай панҷ фарзанд дорем. Баъд боз бо иҷозати ин оилаам ба як духтаре хонадор шудам, ки касалии руҳӣ доштааст. Хонаро гарм кардан натавонист, наистод, аз вай ҷудо шудам” - зикр кардааст “Шайх Темур”.

Маҳдӣ Сатторов гуфтааст, ки воқеан аз занҳояш 20 фарзанд дорад ва танҳо агар бо онҳо рӯбурӯ шавад номҳояшон ба хотираш мерасанд. Ҳамчунин гуфтааст, ки номи Маҳдиро ба худ на бахотири ин ки ӯ худро Имом Маҳдӣ эълом дорад, ихтиёр кардааст, балки “ҳанӯз дар бачагиям падарам ба ман ин номро гузошта буд. Аммо фаромӯш шуд... Баъдан ба ман барои номи Темур бисёриҳо интиқод карданд ва дар ҳар куҷо “Шайх Темур” мегуфтанд, ки ба худам ҳам маъқул набуд. Ман бо иваз кардани номам хостам, ки фарзандонам бо ҳамин ном насаби худро гиранд”.

Ман худамрро Пайғамбари охирзамон нагуфтаам

“- Кӣ гуфт? Инро дигарон гуфтаанд, на ман... Пайғамбар дар китфашон муҳри нубувват доранд, ки мисли тухми кабк аст. Одамоне, ки инҷо меоянд ҳама бесаводанд, аробакашанд ва онҳо намефаҳманду ҳар гапро мегӯянд”- омадааст дар мусоҳиба.

Маҳдӣ Сатторов наворҳоеро, ки дар телевизион дастбусии муридонаш ва ҳато бӯса задан ба мошине, ки ӯ савор буд пахш гардид, эътироф кардааст. Аммо таъкид кардааст, ки худаш ин амалро ҳам хуш надоштааст. Доштани саллаи кабудро ҳам, ки муридонаш мебастаанд, гуфтааст, ки ифодакунандаи ҳеч ҳадафе нест ва тавсия ҳам накардааст. Фақат ин ки салла суннати пайғамбар аст ва рангаш муҳим нест: “Қиблагоҳи мо ҳамин ранг салла доштанд, Эшони Абдураҳмонҷон ва Домуллои Ҳисор ҳам ҳамин ранг салла доштанд...”.

Бале, калонҳои Душанбе меомаданд

Шайх омадани одамони баландпоя ва мансабдоронро ҳам ба ҳузураш таъйид кардааст, вале аз онҳо ном набурдааст: “Бале, ба назди мо ҳар хел одамони зиёд меоянду ихлос карда, дуо мегиранд.... Ҳаққи гапро гӯям ба назди ман бисёр калонҳо аз Душанбе ҳам меомаданд, аммо номҳояшонро намедонам”.

Яке аз муридони Сатторов бо номи Эшони Фузайл, ки ҷиянаш низ мешудааст, ба хабарнигори ҳафтанома гуфтааст, Шайх мактаб сохтааст ва об гузарондааст. Худи Сатторов ишора намудааст, ки ин корҳоро аз ҳисоби мардум, ки маблағ медодаанд ва боз боғ доштаасту се говашро фурӯхтааст, роҳандозӣ намудааст.

Ба масҷид намеравам. Нақшбандӣ ҳастам ва ба Ҳақ нарасидаам

Ҷаноби Сатторов таъйид намудааст, ки ба масҷид намеравад ва ҳамчунин ба намози ҷумъа ҳам намеравад. Далели инро чунин тавзеҳ додааст: “...шароит нест... Дар деҳаи боло як меҳмонхонача дорем, дар ҳамон ҷо мехонам...”. Ӯ гуфтааст, ки пайрави ҷараёни Нақшбандия аст ва худро дар зиннаи аввали ин равия медонад ва даъвии ба Ҳақ расидан надорад. Ба онҳое, ки ба наздашон меоянд вазифа медиҳад.

Дар навори филме, ки дар телевизион чанд бор такроран пахш шуд, гуфта мешуд, ки Маҳдӣ Сатторов падару модари як духтаракро аз тариқи муридонаш таҳдид кардааст, ки агар духтарашонро барои ҳамсарии ӯ надиҳанд, дуо мекардааст ва онҳо ба фалокат дучор мегардидаанд. Аммо “Шайх Темур” гуфтааст, ки вай барои надодани духтарашон, ҳеч оиларо “дуо-пуо намекунад”. Инро кори тақдир донистааст. Ҳамчунин гуфтааст, ки чилланишинӣ намекунад, зеро барои чилланишинӣ шароит мавҷуд нест.

Ба якчанд суоли хабарнигор Сатторов чунин посух додааст:
Суол: Чун Шумо на дуо мехонед, на табобат мекунед ва на кори дигареро иҷро мекунед, чаро мардум ба назди Шумо бо дастовез меоянд? Мақсадашон чист?
Посух: Бале, онҳо ба назди мо меоянд. Яке фарзандаш дардманд аст, дигаре худаш бемор аст ва боз ҳастанд онҳое, ки барои кушоиши корашон меоянд. Ҳар ки бо дарди худ...
Суол: Пас, Шумо чӣ кор мекунед?
Посух: Мо, фақат дуо медиҳему маслиҳат. Ба яке мегӯем, ки рафта мазороти ватанашонро зиёрат карда табобат пурсанд, ба дигаре оби дам медиҳему ба сеюмӣ дуо...

Ин ки онҳо шифо меёфтаанд ё не, гуфтааст “Намедонам”.

Ҳоло “Шайх Темур” бо қарори Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми феврал барои 2 моҳ, ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Абдулҳаким Холиқов, раисикунандаи мурофиаи “Шайх Темур” дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дархости ҳабси пешакии “Шайх Темур” аз ҷониби Додситони кулли Тоҷикистон ироа шуд. Шайх Темур аз рӯи моддаи 250 қисми 4 - тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калон, моддаи 170 - бисёрзанӣ ва 164 - монеъ шудан ба таҳсили фарзандон, муттаҳам мешавад.

Амволи Шайх Темур, ки ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо ишораи “шарҳи мақомот” баршумурдааст:

Манзил бо 8 сотих замин дар ш. Турсунзода.
Манзили сеҳуҷрагӣ дар ш. Турсунзода.
Магазин бо 8 сотих замин дар ш. Турсунзода
Манзили истиқоматӣ бо 10 сотих замин дар ҷ.д. Работи ш. Турсунзода.
Манзили истиқоматӣ бо 12 сотих замин дар деҳаи Сангмелаи Муллои н. Шахринав.
Ҳафт гектар замин дар деҳаи Пашми куҳнаи н. Шаҳринав (иҷора)
Манзили истиқоматӣ бо 54 сотих замин дар н. Шаҳринав
Манзили истиқоматӣ дар н. Ҳисор
Манзили истиқоматӣ дар ш. Душанбе.


"Ривояти "Шайх Темур", ки тариқи шабакаи аввал пахш гардид:

Мӯҳр
Рустам
Хукуматихо мегуем, лекин ин муллои охирзамон гузарондаст-ку!. Одамон зори 4 сотих заминанду муллои беимон дар дах чо замину моликият гирифтааст. Дар Вахдат будагихош холо хисоб нашудааст. Дар хакикат айби макомдорон хам хаст. Наход ба як муллои бесавод ин кадар замин диханд. Ин раисони чамоату, нохияхо, прокурору раисони заминхо хамагй муридони мулло будаанд.

фарида назарова
ин гунохи шайху мулохо не балки аз одамони бесаводу бефахм аст

эй точдорон, хохиш мекунам Паембари Исломро дуруд бар У, суханони нолоик нанависед, ки гунох аст. Одам аз ислом бехабар бошад мо чи гунох дорем, ки Азизи калби моро озор медихед. Китоби КУРЪОНро ба забонхои гуногун тарчума кардаанд гирифта хонед ва тахлил кунед ана баъд доир ба ислом гап занед. Касе ки салла пушад вайро мулло мегуед, касе ки риш дорад мулло мегуед, касе ки намоз хонад мулло мегуед, касе ки руза медорад мулло мегуед, касе ки аз Худо тарсад мулло мегуед,касе ки саховатманди ва садакаю хайр мекунад мулло мегуед. ва кушиш мекунед ки онхоро бадном мекунед. Мулло гуфта хамаро бадном мекунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)