Бахшҳо

Эшони Нуриддин сатрро фарзу ранги сиёҳро савоб хонд

Эшони Нуриддин, руҳонии маъруф ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо дар пайи дастуру супоришҳо алайҳи “бегонапарастӣ” миёни занон дар Тоҷикистон ба ин масъала дахл карда, таъкид кардааст, ки ҳиҷоб ва сатр моли ягон миллат набуда, моли Ислом ва фаризаи илоҳӣ аст.

Ӯ ин нуктаро дар посух ба суоли Одил, яке аз корбарони торнамои Тurajon.org изҳор доштааст, ки аз ин руҳонӣ пурсидааст: “Оё либоси сиёҳ сатр ҳисоб мешавад ва чӣ гуна рангҳо барои либоси сатр дуруст аст, чун ҳоло сатрро либоси бегона гуфта, бо сатрпӯшҳо мубориза мебаранд?”

Эшони Нуриддин дар мавриди ранги ҳиҷоб изҳор доштааст, ки дини Ислом як навъ рангро ҳатмӣ накардааст, вале дар мазҳаби ҳанафия пӯшидани ҳиҷоби сиёҳ савоб аст: “Дар мавриди ранги сиёҳ дар Фатвои ҳиндия ҷ 5 саҳ 330,, яке аз фатвоҳои муътабари мазҳаби ҳанафӣ, ки мо мардуми Тоҷикистон пайрави ин мазҳаб ҳастем, чунин омадааст: Пӯшидани ранги сиёҳ мустаҳабб аст. Дар аҳодиси саҳеҳ низ ворид шудааст, ки занҳои саҳоба ҳиҷоби сиёҳ доштанд. Ҳазрати Умми Салама мегӯяд: Вақте ояти ҳиҷоб нозил шуд, занҳои ансор бо либоси сиёҳ аз хонаҳояшон мебаромаданд. (ривояти Абудовуд).”

Ба қавли Эшони Нуриддин, либоси исломии занон баъзе шарту меъёр дорад, ки бояд онҳо риоя шаванд. Ӯ мегӯяд, ҳиҷоб бояд ба ҷуз руй ва ду кафи дастон, тамоми бадани занро пӯшонаду тангу тунук ё рангҳои назарҷалбкунанда надошта бошад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аввали моҳи равон дар мулоқот бо занони фаъоли кишвар гуфт, вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст ва аз мақомоти кишвар даъват намуд, ки миёни мардум бештар либосҳои миллиро тарғиб кунанд: “Меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳимми мусулмонӣ мебошанд”.

Дар пайи ин изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дастур додааст, ки мақомот аз урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллии занони кишвар тариқи корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Мӯҳр
Муслим
Агар шахс чиркин бошад тамоми баданашро мешуяд на ин,ки масалан сарашро шуяду баднашро не ё баръакс.
Ба мисли хамин мо бояд хама фарзхои аллохро ичро кунем на ин,ки кадомеаш ,ки ба манфиати мост хамонро гирему оне,ки ба мо маъкул нест манъ кунем.
Ин амали хилофи шариъат окибати хуб надорад,
Адабгохи мухаббат нозу шухи бар намедорад.
Худо моро аз зулми золимону фитнаи фитначуён нигох дорад.

антиараб
сабо, Чаро президент кор надоштааст? Точикистон давлати дуняви аст ва муллохои чаласавод бояд ба сару либоси мо кор надошта бошанд. Барои ин чаласавод харчи кадар халк чохил бошад хуб аст. Зеро чохил охирин тангаи худро ба ин тоифаиц муфтхур бароварда медихад. Ба доми ин тангназврон наафтед. Ба Ироку Афганистан. Сурияву Либие нигаред!!!!! Нест бод хурофот! Асри 21 аст лек ин миллати бечора гуе дар карни 7-8 кврор дошта бошад. Ташаккури зиед ба президент. ки ба ингуна шахсони асримиенаги лачоми сахт зад! Озодагон ку бинем чи гуна озоди!?

эй мардум хи либоси точикирам дату пой махкам аст. чунки модараи мо руймоли дароз пушида бо либоси милли озодонагаштугозор мекардандю имруз бшад сатро ба бар карда чунон танг духта шудааст ки хамаро аз назар гузаронида мешавад. аз ин истифода бурда занхои гумрох ва фохша истифода бурда исломро пастмезананд. бародарон соати 11 шаб баромада дар кучхои шахр хамаи инро мебинед ки ба сатр чи корхоро ба анчом мерасонанд бо меганки бобои эшон рост мега. бояд хакикатаро гуем. ин икдом хуб аст арзи милли боло аст.

САПЕДА ва касе ки асри 6-7 гуфтаст, Ба суханони БЩБЩИ ЭШОН хуб фикр кун ки ин мар суханони киро ба шумо расонида истодааст, Ояти хичоб дар замо ни РАСУЛУЛЛОХ нозил шудаги, фахмида мешавад даринчо паёмбар васф кардаги, имон ки надори ба илми ислом дахолат накун рав гапи олимони асри 21-худрогиру ба асри 6-7 кордор нашав, чи замину осмон ё мурдан дар кадом аср омадаги кани дар руи олам кобед ба монанди асри 6-7 ягое шоиру ягон нависада ё ягон пархез кор меёбед, ОЗОДИ ЧОП КУНЕД

МУҲАММАД АЗ ХОВАЛИНГ
ИЛТИМОС ОЗОДАГОН ЯК ПЕШНИҲОД МЕНАМОЯМ ОНРО БА ИНОБАТ БИГИР. ИНШООЛЛОҲ АЛЛОҲИ БУЗУРГАМОН ҲЕҶ ВАҚ ХОРАМОН НАМЕКУНАД.
ДАР ИН ҲОЛАТ МЕФАҲМЕМ, КИ МАРДУМ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТИ, ҲУҚУҚБУНЁД, ДУНЯВИ, ЯГОНА ВА ИҶТИМОИ (МОДДАИ 1 САРҚОНУН) ЭЪЛОНШУДА ЧИ ГУНА ҲОЛАТДА УМР БА САР МЕБАРАНД.
ИЛТИМОС ОЗОДАГОН ИН ПЕШНИҲОДАМРО БА ИНОБАТ БИГИР АЛЛОҲ ҚАЛАМАМОНРО БОЗ ҲАМ ТЕЗТАРУ ҒУРРОНТАР ГАРДОНАД.ОМИН. ПЕШАКИ МИНАТДОРАМ.


1.ҲИҶОБ ФАРМУДАИ АЛЛОҲ ВА ИСТИФОДААШ БАРОИ МУСУЛМОНОН ФАРЗ АСТ.
2.ҲИҶОБ МОЛИ АРАБ ВА ЭРОН АСТ.
3.БЕТАРАФ.

ИЛТИМОС ОЗОДАГОН БА ИНОБАТ ГИРИФТА ЧОП НАМО ТО БИДОНЕМ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН БЕШТАР ТАРАФДОРИ ЧИ ҲАСТАНД.

Мухтарам Эшон хуб гуфед рахмат ,бештар маълумотхо медодед, ки мо аз ислом бештар донем. Саломат бошед.

сабо агар президент ё рохбари давлат назорат накунанд дар кучахои караболо пури сатрпуши пулаки ва мулохои замонави барои мардуми бечораро фербкуни лабрезон мешава ва ягон мулло ин кор пешгири намекунад ва хато тарафдори менамоянд. барои афтаритетшон нареза .

Рустам
И Нуриддина ки хак додаст, ки аз номи Шурои уламо гап занад. Агар ба у монанд, мардума ба асри миёна мебарад. Дар давраи Мухаммаду сахобахош ин хел либосхои памбарху коши Путину Эмомалй набуд вагарна хамин муллохо аввалин шуда барои заношун мехариданд.

Абу
Масъалаеро имрузхо пеш мондаанд,ки гуё дар чомеа дигар камбуди нест.Хадафи асосии инхо аз байн бурдани яке аз фарзи ИЛЛОХИСТ.Ин масъала мардумро хеле ба ташвиш овардаст. Хохиш мекунам аз САРДОРОНИ давлат то ки дустдори дини ислом бошанд ва обуруи худу миллату давлатро танхо бо ин дини исломи азиз болобардор бошанд.Ягона чизе ки мардумро ба салох меорад ин ислом аст хохиш мекунам то ки танхо пайрави нафси худ набошед.АЛЛЛОХ хамаи мову шуморо хидоят намояд то ки дор хизмати миллату давлат бошем омин омин омин.

Гариб
Цитата: Сапеда

Дар асрхои пеш ва замони Шурави Точикистон Мусалмонони хобро дида буд . акнун асри 21 аст ва бо хар афсонае наметоавон насли рушанфикри ро фиреб дод . акнун Мусалмонони бедор ро дида истода аст Точикистон . ба хар хол Худо окибати Ватанамонро ба хайр гардонад !

Манучер
Ман дигар чизе гуфтан надорам хаминкадар мегуям,ки хазратчон Аллох шуморо нигохбон бошад аз шарри инхо эшончон шумо фахри мо точикони мусалмони Точикистон хастед охи шумо Эшони Нуридинчон хастед. Бовар кунед ашкам омадаистодааст.

Исфара
Хайрияте дар точикистони азизамон шахсе будааст, ки аз ислом дифоъ кунад! Чонам фидоятон бобои ешон мухтарам емомхатибон шумо бояд аз бобои ешон ибрат бигиред шумоён абади дар минбар нестед рузе назди зоте меравед, ки хичобро фарз гардонидааст онвакт чаноби оли шафоат карда наметавонад зеро бо ин исломситезияш худаш чи хол дорад худо медонад!

Кабири,
Ха рост гуфти неки, дар давраи СССР сатр намепушиданду челаку чомаву сала намебандиданд аммо дар рафтор аз хамин тавр зохирпарасти бехтар буданд, холо бошад, сатр мепушанду риши суунати мемонанду саллаи 5-килоа мепушанду аммо амалашон ба зохирашон тугри намегирад. Зохир хуб нишон додан даркор нест, шахс бояд дар ботин тоза бошад. Хамин либоси точикии милли барои модари мусалмони точик бехтарин либос аст.

Gap dar sari asri 6u 7 nameravad... Gap dar sari past budani shuuri mardumi zuyode rafta istodaast ki onho az ilm farsangho durand. Hudo nigahbonaton boshad ustodi Aziz. Kadomeda hijob mahkul nestu peshravivu tarakiyot hohad..marhamat hejkas shumoro majbur nakardaast...

Салом бародарону хохарони азизи хамватан, масъалаи сатр як амри илохист барои занхои мусалмон ки дар куръон зикр шудааст, агар касе фарзи худоро инкор кунад аз дин хорич мегардад, мо ба камунисту зардушту бединхо кор надорем агар даъвои мусалмони доре касе набояд зарае шак дар дилаш бошад барои пушидани хичоб барои зани мусалмон, худованд хидоят куна хама ра!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)