Бахшҳо

Рустам Гулов: Милисаҳои Хуҷанд ришамро маҷбурӣ тарошиданд

Рустам Гулов, блогнависи ҷавони тоҷик имрӯз, 3 апрел дар саҳифаи Фейсбук ва торнамои шахсияш - www.blogiston.tj, навишт, ки милисаҳои Хуҷанд ришашро маҷбурӣ тарошиданд.

Вай дар як суҳбати телефонӣ ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, дар робита бо навиштани як номаи боз уновонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва Юсуф Раҳмонов, додситони кулл аз ин амали милисаҳо шикоят кардааст.

Ӯ дар торнамои расмияш навиштааст, “имрӯз, санаи 2 апрели соли 2015 ман дар мавзеи бозори “Панҷшанбе”, тахминан соатҳои 17:15 дақиқа бо ҳамроҳии шиносам тарафи истгоҳ барои нишастан ба маршрутка рафта истода будем, ки наздикии гузаргоҳи зеризаминӣ 3 (се) нафар бо либоси шаҳрвандӣ маро ба наздашон ҷеғ заданд. Яке аз онҳо даст дароз карда, салом кард ва бе шинос намудани худ яку якбора аз ман кӣ буданамро пурсид. Ман ба шубҳа омадам ва барои муайян намудани он ки бо кадом мақсад бо ман шинос шуданианд, пурсидам, ки худи онҳо кистанд. Дар ҷавоб нафари дар тарафи дасти чапи ман истода шаҳодатномаи хизматии корманди милисаро нишон дод, ки дар он ному насаби ӯ - Саидов Сиёвуш навишта шуда буд. Нафари аз ҷониби рости ман истода низ ҳуҷҷати худро нишон дод, ки дар он ман танҳо номи ӯро дида тавонистам, ки Хусрав буд. Барои дидани насабаш имконият набуд, чун яку якбора ҳуҷҷаташро кашида гирифт. Шахси сеюм умуман худро шинос накард”.

Ин блогнавис дар идома мегӯяд, онҳо сабаби риш монданашро пурсидаанд ва вақте ҷавоб гирифтаанд, ки кории шахсии ӯст, асабонӣ шуда, гуфтаанд барои муайян кардани шахсият ба шӯъбаи дохилӣ мебарандаш: “Дакор бошад боз 15 сутаки дигар махкам ҳам мекунем”.

Рустам Гулов: Милисаҳои Хуҷанд ришамро маҷбурӣ тарошидандГулов менависад: “Дарҳол шиносномаи худро бароварда, ба онҳо нишон додам ва гуфтам, ки мувофиқи он шахсиятамро муайян кардан мумкин аст. Дар ҳамин вақт Хусрав бо дағалӣ шиносномаи маро аз дастам кашида гирифта, маро низ кашидаву дигараш аз пас тела дода, ба сӯи роҳи мошин бурдан гирифтанд. Бори дигар ба онхо гуфтам, ки сабаби қонунии маро ба ягон ҷо бурдан надоранд ва ман бе адвокатам ба ҳеҷ куҷо намеравам. Ба ҳамроҳам телефонамро дода, таъкид намудам, ки ба адвокат занг зада гӯяд, ки ин нафарон ғайриқонуни маро ба куҷое бурданиянд, чунки ягон сабаби дастгир намудани маро надоштанд. Ба онҳо гуфтам, ки адвокатамро интизор шавем, аммо ҷавоб доданд, ки ба “отдел” биёяд адвокатат ва “Ту бо ин роҳ ба мо муқовимат ҳангоми дастгиркунӣ нишон додаистодаи - барои ин ҷавобгарӣ ҳаст” гуфта, маҷбуран ду нафари дар боло номбурда маро ба мошини сабукрав, ки нафари сеюмашон Саидов Сиёвуш ронда ба назди роҳ овард, шинонданд”.

Рустам Гулов дар мактуби бози худ мегӯяд, дар шӯъбаи дохилӣ ӯро ба утоқе бурдаанд, ки дар кунҷи он “миқдори зиёди мӯйҳои тарошидашуда, як курсии дар болояш оиначаи хурд, латтаи ифлоси мӯйолуда ва мошинкаи мӯйтарошии электрикӣ” ҷойгир буданд: “Аз миқдори мӯйҳое, ки дар он кунҷи хона буданд, ман тахмин карда метавонам, ки пеш аз ман тахминан 200-250 нафарро онҳо аллакай дар ин хонача ришашонро тарошидаанд. Хусрав маро тела дода, “Худат ришата мегирӣ ё худам мегирам?” гуфт. Ҷавоб додам, ки риш гирифтану нагирифтани ман - кори шахсии ман аст ва намегирам ришамро. Ӯ асабонӣ шуда, маро тела дода, ба курсӣ бо ёрии он нафари сеюмашон, ки худро шинос накард, маҷбуран шинонд. Дар ҳамаи ин ҳодиса инчунин боз якчанд нафарони дигар иштирок доштанд ва ин се нафар маҷбуран маро дошта, сарамро маҳкам нигоҳ медоштанд ва Хусрав бо мошинка ришамро дағалона бо таҳқиру ҳақорат метарошид”.

Ин блогнависи тоҷик дар ҳоле аз тарошида шудани ришаш аз сӯи кормандони милиса шикоят мекунад, ки қаблан Лутфулло Бобобеков, як сокини 38-солаи шаҳри Панҷакент низ бо чунин шикоят ба расонаҳо муроҷиат карда буд. Ӯ ба Радиои “Озодӣ” гуфт, рӯзи 31 март ба ҳангоми гаштугузор дар бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд ӯро як ходими милиса ба шӯъбаи умури дохилаи ин шаҳр бурда бо зӯр ходимони милиса ришашро тарошиданд.
Мӯҳр
Нав патцани базеб шиди русо диг хдшон ай акибат медаван

МУҲАММАД АЗ ХОВАЛИНГ
БИСМИЛЛОҲИР-РАҲМОНИР РАҲИМ. ТОВБА ТОВБА. ИН ЧИ КОР????????????????
ҲАЙФАТОН, КИ АЗ ДИНИ АЛЛОҲ БЕХАБАРЕД.
АФСУС МЕХУРАМ, КИ МИЛЛАТАМ ДАР ПЕШИ ЧАШМАМ БГОНА АЗ ДИНИ АЛЛОҲ МЕГАРДАД.АФСУС. АФСУС.
ЭЙ МАРДУМ ҲУШЁР БОШЕД ДИНУ ИМОНАТОНРО МАФУРУШЕД. ДАР ҲАР ҲОЛАТЕ, КИ БОШЕД.
АЛЛОҲ ХУД ДОНОСТ..


асил
ришдор буди намехандиди акунун ки ришатро тарошидан механди, значит бе риш бдан барои ту хурсанди ва хушбахти меорад... канд занед милисахо хами чайбурора ба одам таабдил иедихед сад бор шурки худо..

Сомон аз А. Чоми
Восеъ нашавад дигар кас аз чилваи хеш,
Харчанд ба по кунад агар шуриши хеш.
То аз пайи ризки худ нибини ташвиш,
Не салла мадад дораду не кабзаи риш

Мачбуран тарошидани риш ба кори хуб намеорад ва ояндаи он дурахшон хам нест ин беакли аст, маънои сухан хамин аст ки ба нафси мардум дахолат кардан ин кори хуб нест баракс ин (Хатар) ба Хукуматдорони кишвари мо мебошад, агар харуз ин хел вахшиена ва мачбуран хар як марди хамин сарзаминро ришашонро тарошанд ва ё ба нафси онхо дахолат кунанду хукуки шахрвандро поймол кунанд. як руз ин ба чанг ва ё ба бехатари меорад. Азбаски ин рафторхои милиция ва ё дигар кормандхои дохилии беаклона мебошанд инхо ба худ душман мехаранд. Фикр дар он аст ки Сагро 1-бор 2-бор бо санг метарсони, хамту ки пуштатро гаронди Саг бо галлаи Сагхо омада туро хунпора мекунанд. Ин проблемаи глобали мебошад аз ин бора хуб фикр кардан лозим, на ин ки кувваро ба шахрвандон нишон додан. Шахрвандонро эхтиром кунед на балки аз онхо душман ба худ созед.
Шоир мегуяд:
ИСО БА РАХЕ ДИД ЯКЕ КУШТА ФИТОДА,
ХАЙРОН ШУДУ БИГРИФТ САРИ АНГУШТ БА ДАНДОН.
ГУФТО КИ КИРО КУШТИ ТО КУШТА ШУДИ ЗОР,
ТО БОЗ КИ УРО КУШАД ОН КИ ТУРО КУШТ.

Мо шахрвандони одилу одди умедворем ки бо хам дустию ракобат пайдо мекунем.

kishvar
Изат,
Sqlom. Barodar ba fikri man tu manoi aslii in Makola az khud nakardi! Chun ki gap dar injo dar borai buhushtu duzakh va amalu kirdor narafta istodaast! Gap sari mavzui Poymol kardani HUKUKhoi har yak Shahrvand rafta istodaast. ON hukuke ki dar SARQONUN navishta shudaast!! misol: Mo az Logikai tu istifoda mekunem va meguem Biyo mui sari turo Taroshem ba tu chilozim on Tortanak dar girdi sar?? ba tu khush mebiod?? kame ham boshad maynaatro kor farmo!!!!!

Karim,
OOO barodar rishaki mondi baad onro meshustagisti albatt!!! chi daleli bemaano!!! Bafikram khud KUSA hasti baroi hamin ba nafaroe ki KHUDOVAND rish dodaast bo nazari bad nigoh mekuni!!!

Ришдарозон гами фардои киёмат нахуред,
ки гунохи хамаро куса ба гардан гирадСайсамон,

Холо чавони вакти риш мони нест.Намедонам хамин риш ба чавонон чи медода бошад.

номвар
Акси ришдори Айниву Махсум аз Симони бардошта шавад,хахуха

Дӯстони гиромӣ!
Дигар агар риш расад, ғам нахӯред, риштарошон пайдо шуданд ва барои ин назди ягон сартарошхона наравед ва ҳатто маблағ ҳам сарф накунед, чун ҳам мушкили риштарошӣ ҳал шуду ҳам масъалаи молӣ. Дигар ҳамин ришро дароз кардан мегирем, онҳо худашон бо мошин гирифта бурда, ришамонро тоза мекунанд. Аммо баъд худашон дигар кордор намешаванд. Ба ҷойи гирифтани риш, онҳо масъалаи муйи сарро ҳал мекарданд, бисёр хуб мешуд, вале метарсам, ки барои сартарошон кор намемонад. Шояд онҳо аллакай "касбашон"-ро дигар карда бошанд?! Ё дар оянда "нон"-и сартарошонро нимта мекунанд ё мегиранд?!

Нав ба одам монанд шиди!

кори ракиб
ришатонро гиред тамоми проблемахои кишвар хал мешава барк меша кор ва маош донишгохо бепул стипендия ва даххою садхохал меша харакат кунед ва нигарон бошед праблемаи ояндаро ки хатто тасаввураш намекардед

Озод
Гап дар сари риш нест, магзи ин чавонони ришдор хароб шудааст ва онхоро аз хурофот ва ифротгарои рахо кардан душвор аст. Мисолаш 100-хо чавони точик ки дар Ироку Сурия ба ном чиход мекунанд ва бисёрашон кушта шудаанд. Афсус ки чавонон бачои ба илм машгул шуда барои обод кардани ватани худ хизмат кардан побанди акидахои бебунёди хурофоти ва ифроти шуда умри худро зоеъ мекунанд.

Salom alek in afrod mashguliyati digare nadorand va dunboli in guna korhoi be mani meboshand va barodar tu ziyod nigaroni in amalho mabosh chun khudovand ba hama amali mo ogoh ast((((((Риштарош,

Точик
Ам бача ришта бепул тарошидан ба одам монандут кадан чи ика доду вой дори. Хай риш бдай ичи гап не. Духтарои бечора 20 сол духтариша нигох медорад, эхтиёт мекуна баъзе ту баринхо якшавда чазир мекунен сар метен хичи намеган ку!!!???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)