Бахшҳо

Кумитаи дин: Додани "иҷозатнома" барои ришу ҳиҷоб кори мо нест! (АКС)

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот хабарҳо дар мавриди ситонидани андоз аз сокинони ришдору бонувони рӯсарипушро дар кишвар беасос хондааст.

Ин ниҳод аз нашру паҳни ин гуна хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шадидан нигаронӣ карда, таъкид кардааст, “чунин иқдом ҳаргиз аз ҷониби Кумитаи дин сурат нагирифтааст”.

Ба қавли масъулини Кумитаи дин, хабари ҷорӣ шудани андоз ба афроди ришдору бонувони сатрпуш аз сӯи нафароне нашру паҳн гардида, ки гӯиё қасди эҷоди фитна ва сохтани фазои нобоварӣ миёни мардумро доранд: “Ашхоси носипосе дастовардҳои кишвари соҳибисттиқлоламон дар соҳаи динро нодида гирифта, бо дасисабозӣ ва ба таври қалбакӣ сохтани “иҷозатнома барои риш ва ҳиҷоб”, ки гӯё бо ситонидани андоз дар ҳаҷми 250 сомонӣ аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешудааст, мехоҳанд миёни мардум фазои нобовариро эҷод намуда, барангезиши фитна дар ҷомеаро ба миён оранд”.

Дар ин изҳорот низ аз тамоми сокинони кишвар даъват шудааст, “дар ҳолати дучор омадан бо чунин ашхос ба Мақоми ваколатдор оид ба дин – Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд”.

Ин изҳороти Кумитаи дин дар ҳолест, ки ахиран баъзе аз корбарони интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷорӣ шудани андоз барои мардони ришдору бонувони сатрпуш дар Тоҷикистон хабар дода, акси “шаҳодатнома”-еро низ гузоштаанд.


Кумитаи дин: Додани "иҷозатнома" барои ришу ҳиҷоб кори мо нест! (АКС)

Кумитаи дин: Додани "иҷозатнома" барои ришу ҳиҷоб кори мо нест! (АКС)
Мӯҳр
салом алекум! ришу хичоб аз арабхо гуему, манъ кунем, кока кола моли яхуд гуему манъ кунем, ин ягон маъне надорад. мардум асри 21 аст. охир мо гулом нестем ку хочагон моро либос пушонаду ришу фашамонро идора кунад. агар мо аз молхои бегона худори кунем биеен руйхат кунем, бинем кани точико чи махсулот доштааст!!! дар 25 сол чи ихтиро кардем ки мо аз онхо фахр кунем? дигар давлатхо дар фикри кайхонро забт кардан аст мо чи??? тамоми чахон дар фикри аз бухрони иктисодию сиеси баромадан аст дар ТОчикисто чи??? инсон озод аст, дар интихоби дин, сару либос, тахсил!!! аз шахрванд факат талаби ичрои конун мувофики конститутсияи ЧТ!!!

Асадулло
Чавоб ба Рустам
Ин суханат сухани яхудист ки гап дар дил хаст

Салом арз мекунам ба тамоми мардуми Мусалом.
ЧАВОБ БА ФАКИР ВА РУСТАМ.
Шумо бародарон гуфтед сатрро худо дуст намедорад ва ришрохам.
Аллох дар Куръон ( дар сураи Бакара ) мефармояд. "Ба шуморо руза навишта шуд" ва дар дигар чои Куръон (Баййина ояти 5) "Ибодати Аллоха кунед Намозхотона гузоред, закот дихед" дар дигар чои Куръом (Нур, 31) "Занхо руймолхояшонро то гарданхои худ пушонанд" , мебинем ки дар ин оятхо Аллох 4 фарз барои мо фармуд. Ма тда саволе доданийм вакте 1 фарзи Аллоха анчом мети чиба фарзи дигарша анчом намедихи. Ун касе ки конуни Аллоха инкор мекна хукмашро медони. Бо тра Аллох дар Куръон саволт мета(Бакара) "Оё шумо ними китобро бовар доред ними дигарашро не?" Худат аз ин далелхо казоват кун.
Бо гуфти риша Аллох дуст намедора. Оре мо медонем риш суннат аст, ва лекин ма тда хитоб мекунам! Никохам суннат аст пас чаро ин суннатро анчом медихи дигарашро не? Хуб фикр кун бародар Ислом ба худ конун дорад, хеч ниёзе ба ин фикрхои гумрохонаи шумо нест!
Дар охир аз озодагон хохиш дорам ин хитоб маро, танхо аз барои Худо ва барои Дини Ислом чоп кунанд.

1616
риштарошанеме метарошонеме. акаи милиса бий. ришхои муллора тароше. сартарошонеме. метарошонеме. хей чоне. канда бузан. чамъияти бекорхучада дигар кораш нест ина. ришу токию хичобу байраку театру иди харбузаю кадую танзими дастархони мардуму соли обу оилаю секси муллою филми шайх темурру ва гайраю ва гайрахо. гуфта гадед. истехсолот гуй як бор. маданият гуй. фарханг гуй. исломи хакики ра гуй.

Сафох
Харду нафаре ки дар расм хастанд узбактаборан бо ин иллат метавон гуфт ки ин кор махсули дасти кист!!!

Хазорон корвон рафтанду дав-дав хануз он сагхо доранду ав-ав!

ОИША
мо ХУДОРО дуст медорем ва имони комил дорем ва калимаи шахдати ло -илоха илаллоху МУХАМАДИ расул АЛЛОХ ро ба забон мебарем пас мухаббати ХУДОВАНДРО бояд дар дил парварид на дар зохирпарасти мисли риши ЧИРКИН ва ХИЧОБЕ ки ПУШАНДАГОНИ он буи ХАФТ ХАРРО мекунанад. дар пахлуи оно нишаста намешавад. ХУДОВАНД хам а одамони касифу ифлос безор аст . онхе ки ба воситаи РИШУ ХИЧОБ худро мусулмон метарошанд ЛАЪНАТИ ХУДО бар онхо бод!!!!!! ОЗОДАГОН ЧОП КУН!!!


ogoh
Ba Oisha! agar xohi uryon gard. lekin musalmonhoro la'nat nakun. Xudovand dergiru saxtgir ast. Ruze merasad az guftaxoyat pushaimon meshavi. Sadkai nomi Oisha shav.

ОИША,
Хохар ту оли нафахмидай, ки Дин чиай маъной калимай таухида намедони чиай. Барои хами хохари азиз ба манфиати худат сухан макун.

Ба фикрам бехтарин кор аст. Бояд ришдорону сатрдоронро чарима банданд, дигарон ба мисли онхо на риш мемонанду на сатр мебанданд.

мардуми точик изо намекашен ба хамин коротон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)