Бахшҳо

Эътирози Донишкадаи исломӣ ба “Висоли ҳақ”: Чаро дар бораи Роғун намегӯед?

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам бо нашри як изҳорот барномаи шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ” ва ҳарфҳои барандаи он - Муҳаммад Ансориро, ки дар он ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз фоҳишаҳо муттаҳам мешуд, таҳқир ба миллат ва бонувони тоҷик дониста, хостори узрхоҳии масъулини ин телевизион шудааст.

Дар изҳороти донишкада, ки ба дасти “Озодагон” расид, аз ҷумла омадааст, “нисбати як миллат сухани нораво гуфтан ва паст задани як миллат аз тарафи ровӣ борҳо мушоҳида шуд, ки аз одобу ахлоқи динӣ дур мебошад. Ин туҳмат ва таҳқири як миллат ба ҳисоб меравад ва бояд ровӣ ҳатман узрхоҳӣ кунад”.

Масъулини ягона таълимгоҳи исломии Тоҷикистон гуфтаанд, барандаи “Висоли ҳақ” дар ҳоле ҳукумат ва давлати кишварро ба поймол кардани ҳуқуқи занони рӯсарипӯши тоҷик муттаҳам кард, ки ба гуфтаи онҳо гӯиё дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон занону духтарони зиёде ба таҳсил ва кору фаъолият машғуланд ва “аз ҷониби онҳо ҳатто як шикояте ҳам нисбати беэҳтиромӣ ба занону духтарони дорои пӯшиши динӣ пешниҳод нагардидааст”.

Дар изҳороти донишкада, таъкид мешавад, яке аз масоили дигаре, ки Муҳаммад Ансорӣ барои он ҳукумат ва мансабдорони тоҷикро зери тозиёнаи танқид қарор додааст, муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, дар ҳоле ки бо ин мушкил на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки худи кишварҳои арабию Осиёи Шарқӣ (Тайланд, Индонезия, Малайзия ва ғайраҳо) низ рӯбарӯ ҳастанд: “Мушкили дигари ровии ин барнома ин аст, ки аз шароити иҷтимоии кишвари мо ва тағйироти назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ баъд аз истиқлолият огоҳӣ надорад ва ба рағми ин ҳама пешрафтҳо аз мушкилоте сухан мегӯяд, ки барои ҳамаи ҷомеаҳо ва давлатҳо вуҷуд дорад. Мушкили бекорӣ, мушкили муҳоҷират ва мушкили касри буҷет дар кишварҳои пешрафтаи дунё ва ҳатто кишварҳои абарқудрат ҳам мушоҳида мешавад ва баъзе кишварҳо дар Аврупо бо буҳронҳои сангину камаршикане рӯ ба рӯ шудаанд ва дар зери бори қарзҳои хориҷӣ наздик аст, ки кишварашон аз байн биравад. Пас, ин масъалаҳоро ҳамчун мушкили асосии як давлат нишон додан одилона ва аз рӯи инсоф нест”.

Муаллифони изҳорот мегӯянд, Муҳаммад Ансорӣ ва масъулини “Висоли ҳақ” даҳҳо мушкилим аслии мардуми тоҷикро нодида гирифта, такя ба суханҳои беасоси доираҳои манфиатхоҳ барнома таҳия менамоянд: “Ҳаргиз шабакаҳои хориҷӣ дар бораи мушкилоти асосии кишвари мо, ки аз ҳама бештар моро нигарон мекунад ва ҳаққи мардуми моро поймол мекунанд, сухане ба миён намеоваранд. Чаро дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва мушкилоти маснуие, ки дар пеши роҳи он мегузоранд, касе сухан намегӯяд? Чаро дар мавриди монеъ шудани кишварҳои ҳамсоя аз ворид шудани маводи зарурӣ ба кишвари мо сухан ба миён намеояд?”

Изҳороти Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан раҳбарияти Кумитаи дин ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ дар робита ба барномаи “Висоли ҳақ” изҳорот пахш карда, онро туҳмат ва “шаттоҳӣ” хонданд.
Мӯҳр
Точик
Садкаи номи Точикистон шавед. тарзи либоспушии мардуми араби гумрохро аз худ накунед. сатр барои оне, ба сар мекунанд, ки дар давлатхои араби хавояш гарм аст. дар Точикистони бихишти сару либоси миллиро истифода бояд бурд.

Pffffffff--- Pfffff --- Pffffffffff
................. Ansori haq ast

عبدلله
Тоҷикистон давлати демокративу ҳуқуқбунед мегӯед, пас куҷост он озодие ки дар либоспӯшӣ (фарқ надорад он либоси арабист ё хитоист), ришмонӣ, азонро бо микрофон хондан, 17 сола ба масҷид рафтан, 34-сола Ҳаҷ кардан, изори кӯтоҳ дар тан доштан ва ғайраю ва ҳоказо.

Яхелтон ЪАНСОРИ гуфта фанатик шиден, яхелтон БАГДОДИ гуфта хтона кштестен. Бо вучуди хамика талошхои хукумат як кисмт салафи шидестен як кисмт шиа як кисмт ДИИШ!!!

мухочир
Ба Точик
Моро мачбуран садкаи Точикистон кардед. Мухочиру бе хонаву бе дар кардед. Маблагхои фиристодаи мо аз буджети давлати зиёдтар аст бо найрангбозии андозу сахмияхои дуругин аз худ кардед ва хечгох фаромуш накунед ки нолаи харом киштии шуморо бо сохили дигар намерасонад, гарк мешавед.
Сатр фарзи Худованд аст ва акли шумо нав расидааст ки гуё аз гармии бошад. Арабхо гумрох мегуиву занони точик дар Дубай танфуруши мекунанд ва узбекзанхои Тошканд хохаронатро Дубай бурда шабонарузи таи пои арабхои гумрох истифода бурда пул медоханд кури намебини

Алишер
Кормандони Донишгохи исломи, Шумо мавзуъро ба дигар тараф тоб надихеду масъалаи ришу сатрро чавоб дихед. Дигар масъалахоро бовар дорем, ки барномахои ояндаи Висоли хак низ пайгири хохад кард, ба монанди Рогуну дигархо. Хамаи Шумо мансабпарастед ва аз курсихоятон метарсед. Бояд Шумо ва Муфтиёт ба конуну коидахое, ки аз чониби Хукумат оиди манъи сатру риш ва рафтани хач то синни 35 сола бароварда шуд эътироз мекардед.

Маблагхое, ки барои сохтмони Рогун чамь карда шуда буданд, аз хисоби онхо ширкати Сомонэйр 2 самолёти Боинг харид. Холо номаълум, ки ин ширкат маблагхоро баргардонд ё не?

ВИСОЛИ ХАК БАРНОМАЕ АСТ,КИ
ФАКАТ ДАР БОРАИ ХАКИ ДИНИ ИСЛОМ
,НА РОГУНУ ,САНГ ТУДА ВА ДИГАР МАВЗУРО
ДИДАНИ НЕСТ.ВА ХОЧАТИ ДИДАН НАДОРАД,ЧУН
БАРНОМА НОМАШ ВИСОЛИ ХАК АСТ.ХОИШ АКАДЕМИКХО
ХУДРО ШАРМАНДА НАКУНЕД.ХУБТАРАШ ДАР
ОН АСТ,КИ МАЙДОН АЗ ДАЛЕР ,АГАР ИЛМИ
ИСЛОМРО ДОНЕД.ХАК БАР ЧОНИБИ МУХАММАД
АСОРИ ИНРО МЕТАВОНАНД ИСБОТ КУНАНД.

Иктибос : НОВОСТИ 28.04.2015 ,19:00 Первый ТУРКМЕНСКИЙ СПУТНИК СВЯЗЫ успешно выведен на ОРБИТУ !!!!!
АНА ЧАНОБОНИ ПРОФЕССОРХОИ ТОЧИК, УЛАМОИ ДИНУ ДОНИШЧУИ
ДИНШИНОС ВА "ВАТАНДУСТИ" ТОЧИК !!!!! Аз паи чустани хатогии якдигар нагардему хар яки МО (хам мансабдорону хам олимон ва диндорон)вазифаи хизматии хешро аз руи инсоф ичро кунем ! БА РИШТАРОШИВУ ХИЧОБУ ХАРФХОИ ФОРСИ-КРИЛЛИКИ ВА ГАЙРА ТОЧИКИСТОН ОБОД НАМЕШАВАД !!!!!?????

Бародарони азиз! Биёед шукр кунем, ки ватани тинчу обод дорем. Рузхои сангине, ки доштем ба ёд биёрем. Наход боз мехохед хамон дахшат баргардад. Мумкин чавонони гумрох намедонанд. Аз хамин хотир аз хоб хезед. Як бор моро ба ЧОХ тела доданд ва аз ЧОХ бо мушкилихои зиёд рахои ёфтем. Барои мусалмон будани мо дар Точикистон чи мушикилие хаст. Калимаи шаходатро такрор кун, намоз хон, рузаи мохи шарифи Рамазона гир, закоти мол дех ва тавофи Хонаи Худо кун. Барои хамин биёед аз санги маломат бар сари якдигар задан худдори намоем. Боки худо нигахбони мардуми точик бошад.

Мардум
Худованд умри хаматона дароз кунад. Бахс хуб аст. Лекин Шумоён дигар кор надоред. Аз дасти ягонтаат ягон кор намеёяд. ягон чоро обод карда наметавонед. Бари тахлили ин масъалахо саводи хуб, чахонбинии хуб лозим аст. Агар не вой бар холат точики нав.

Карим
Ачоиб.аз суханони Ансори инкадар сахт мерасад гуё шумо тамоми фикру хастии худро ба миллату ба ислом сарф кардаед.чаро чавонони точикро дар россия мекушанд дар телевизорхо мазхака (рафшан чамшон)мекунанд касе олимон домулохо ва коргарони давлати боре сухан намегуед.

Muslim
Намешавад, ки то хамин кадар лукмапартоира яктаи намоянда аз кумитаи Дин, муфтиёт ва донишкадаи исломи дар хамон барнома иштирок кунед, ё аккалан дар тамос бошед ??...
"Висоли хак" оиди дин ва фароизи ислом сухбат мекунад, ба Рогуну иктисодиёт кор надорад. Ансори низ як баррандаи барнома аст, у Дабири куллии СММ нест ку? ))

Дар баромади Ансори, ки гуё хукумат аз фохишахонахо, ё духтарони берохагард пуштипони мекунад магар ин паст задани духтари точик нест? Дар Точикистон кадом фохишахона бо ичозати хукумат амал кардааст. Баъдан ин кадар мардуми точдори мо ба хамин ришу руймол часпидаанд, хуб мешуд ба чои ришу румол 5 вакт намозе, ки Худованд фарз кардааст мехонданд ва хурмату эхтироми мумин бародари муминро бачо меоварданд нуран ало нур мешуд. Локин афсус, риш мондаги руз то бегох дар сари кучахо нишаста гайбати хукумат, Ансори чи гуфт, кумитаи дин чи гуфт, ришдора азоб метиян дигар гап нест аз вакти намоз тамоман фаромуш, сад афсус.....

Гумном
чоркухи,
"Толибилмон"-и азиз! Шумо бо ҳамин сатҳи донише, ки доред, боз даъвои муҳассилини Донишгоҳи исломӣ мекунеду, бо донишманди маъруфи улуми динӣ - Муҳаммад Ансорӣ худро баробар мекунед. Бидонед, ки шумо бар зидди суханони Ҳақ баромадаед ва дар ҳама ҳол, алалхусус дар ин қазия шарманда хоҳед шуд. Чунончи, шумо "алломаҳо"- иТоҷикистон ҳатто намедонед, ки "Висоли Ҳақ" барномаи вижаи диниву сиёсист

Мардум
Озодагон чаро хама матнхоро нашр намекунед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)