Бахшҳо

Абдулқодирзода аз Ансорӣ ва "Висоли ҳақ" хост, Тоҷикистон оянд

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо нашри як изҳорот аз масъулини шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ” хостааст, сулҳу суббот ва фазои ороми кишварро халалдор накунанд.

Абдулқодирзода гуфтааст, суханҳои Муҳаммад Ансорӣ, барандаи барномаи “Висоли ҳақ” дар бораи маҳдудиятҳи динӣ дар Тоҷикистон, аз ноогоҳии ӯ нисбат ба пешравии дину диндорӣ ва озодии дин дар Тоҷикистон хабар дода, нисбат ба як давлати ободу пешрафта туҳмат мебошанд.

Ба гуфтаи раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, барандаи “Висоли ҳақ” дар ҳоле дар бораи маҳдудияти динӣ ва фишору таъқиби дидорон суҳбат мекунад, ки “шояд ба монанди Тоҷикистон миёни кишварҳои мусулмоннишин давлате пайдо нашавад, ки дар он Ислом бо чунин пешрафт тараққӣ ва нумӯъ карда истода бошад ва мусулмонон тамоми ибодат ва маросимҳои динии худро дар як фазои орому осуда анҷом дода истода бошанд”.

Дар изҳороти Абдулқодирзода таъкид шудааст, тайи солҳои охир барои ба эътидол даровардани авзои иҷтимоиву фарҳангӣ ва ахлоқӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар мавриди дин ва расму оинҳо, аз ҷониби ҳукумати кишвар қонуну санадҳои ҳаётан муҳим ба тасвиб расида, он нишондиҳандаи ҷомеаи озод мебошад.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода аз Муҳаммад Ансорӣ ва масъулини “Висоли ҳақ” даъват кардааст, ба ҷои таҳияи барномаҳо дар асоси суханҳои бардурӯғи иғвогарон ба Тоҷикистон ташриф оварда, ҳақиқати ҳоли мусулмонҳоро бо чашми худ бинанд: “Инҷониб аз Шумо, роҳбарони барномаи телевизионии “Висоли ҳақ” бо арзи эҳтиром даъват ба амал меорам, ки ба Тоҷикистон бо дидаи ғаразноки дигарон нанигариста, балки боре ба Тоҷикистон лутфан ташриф фармоед, то ин ки вазъи имрўзаи онро бо чашмони худ бубинед ва роҷеъ ба рушди ислом ва тоату ибодати мардуми ин сарзамин дониши айналяқин ҳосил намоед”.

Изҳороти Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар ҳолест, ки аз ин пеш Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ҳам бо нашри изҳороте дар торнамои расмияш ҳарфҳои барандаи шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ”-ро нисбати ҳукумату давлати кишвар буҳтону туҳмат хонда буд.
Мӯҳр
муҳоҷир
Аҷиб таҳлилҳо дорад ин муфтии мо. Оё то 18 сола рафтан ба масҷид манъ нест? Оё ришҳои мардумро маҷбур натарошида истодаанд? Оё сатрдорҳоро аз мактабҳо пеш накардаанд? Ахиран Қунғуротзода тасмими бастани дуконҳои сатрфуруширо ба роҳ намондааст? Пас куҷо биёянд ун мардум, шунидану диданҳои дуруғи туро???

Мукаррамшо бехтар буд хомуш мемондед. Охир мардум хар нестанд ки шумо ва хамкадахонатон руи онхо савор бишавед. Аз Худо битарсед зеро муфтихо низ мемиранд ва кабл аз шумо низ муфтихо буданд.

dar joi ba Muhammad I Ansori gapzadan az Dini Alloh difo kun

.
Хубаш инсон ягон вазифаи давлати надошта боши. Мачбур мешави аз вичдон фаромуш карда руирост дуруг гуфта гарди.

Яъкуб. Душанбешахр.
Чаноби Ансори тахдиду фишорхои зидди диниро танхо як фоизашро баён карданд.Вакте конунхои баровардаи шуморо хондаву мардум аз тарики телфон хамаро гуфта истодаанд, пас чи дигар тухмат мемонад. Он кадар чуръат доред дар тамос мешудед. Ё он мавлавии самозванеьсро Абдурахим ро нагуфтед аз шумо химоят кунад. Сад дар сад суханхои М.Ансори хак хаст ягон хел тухмат НЕСТ!

точдор
Касеро бини,км зи хак бар карон,
Манех хочу бар вай хак дар миён.

Муфтхурситез
Ин муфтхурхоро аслан ба Точикистон наздик накунед на висоли Хакашро ва на хичрони Хакашро аслан инон давоми муфтхурони ториханд башар дигар безор шудааст аз ин муфтхурони бесаводу бедалелу ёвагу бо як мушт харза тули асрхо башарро фирефтаанд. ман хамаи ин муфтхуронро шуруъ аз Газоли то ин муфтхури дигарашон бо як кафши Ньютон иваз нахохам кард..дуруггуёни таърихи башарро ки хамеша бо дахшатафкани кори худро пеш бурдаанд ва хеч кори анике надоранд ва барои хушбахти ва пешрафти инсонхо як зарра хам хисса надоранд..

кулоби
Воридоти либосҳои бегона ба фарҳанги тоҷикон ба шаҳри Душанбе манъ шуда, аз нуқтаҳои фурӯш барчида мешаванд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, 20-уми апрел Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳр дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ба Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо оид ба шаҳри Душанбе супориш додааст, ки барои “риояи расму оинҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва пешгирӣ аз таблиғоти фарҳанги бегонаи адёнӣ дар шаҳр ҷиҳати боздошти воридшавии молу маҳсулот ва сару либосҳои мавриди таваҷҷуҳ ва барчидани онҳо аз нуқтаҳои савдо тадбирҳои воқеӣ андешанд”.

Шаҳрдори Душанбе ин тасмими худро дар иртибот ба риояи расму оинҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва пешгирӣ аз таблиғоти фарҳанги бегонаи адёнӣ дар шаҳр арзёбӣ мекунад.

Дастури Убайдуллоев барои манъи вуруд ва барчидани либосҳои бегона нахустин дастури мақомдорони Тоҷикистон дар ин бора нест.

Баъд аз нигаронии Президент Эмомалӣ Раҳмон аз либоспӯшии бонувони тоҷик зимни суханрониаш дар арафаи таҷлили Рӯзи модар, ки гуфта буд, “танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест”, барои пешгирӣ аз пӯшиши либосҳои исломӣ-сатру ҳиҷоб мақомот даст ба кор шудаанд.

Дар пайи ин нигаронии Президент мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирӣ аз урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллии занони кишвар “корҳои фаҳмондадиҳӣ”-ро шурӯъ карданд.

Қаблан, шаҳрдори Хуҷанд низ барои пешгирӣ аз фурӯш ва пӯшиши либосҳои “эронӣ”-ву “афғонӣ”, пешгирӣ аз пайвастан ба гурӯҳои тундрав ба мақомот супоришҳо дода буд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд аз мақомоти интизомии шаҳр, шуъбаҳои кор бо ҷавонон, дин ва бонувон хоста буд то аз пӯшидани ҳиҷоб аз ҷониби бонувон корҳои пешгирӣ ба роҳ монанд.

Ба дастури шаҳрдори Хуҷанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маркази вилоят муваззаф шуда буданд, ки ба соҳибкорон роҳ надиҳанд, ки дар бозорҳо либосҳои ба истилоҳ “эронӣ” ва “афғонӣ” фурӯшанд.

Дар пайи ин бархӯрди кормандони мақомот бо мардони ришдор ва бонувони ҳиҷобпӯш оғоз шуд.

Аброр
"Висоли хак"-и аз чониби Мосад маблаггузори шаванда, хеч наёбад падари худро гайбат мекунад. Дину эътикод агар дар як порча пашми зери манах мебуд оли Ислом дунёро мусаххар намекард. Илтимос Исломро бо изори занаку пашмхои баданатон олуда накунед. Озодагон агар Имон доред нашр кунед.

точик
Хуб мешуд як маротиба мукарам дар ин барнома иштирок мекардеду бо Ансори бахс мекардеду пешрафтхои чомеаро нисбат ба дин иброз медоштед.

Офарин
Дуруст кайд карданд бобои Муфти. Аз он кишвархое, ки мачидхоро тарконда истодаанд, Точикистони мо хело мусулмантар аст.

сино
Абдулқодирзода гумон дорад ки агар у биояд якчанд муллои дарбориро таёр карда ё ягон қории Қуръонро бо китоб бо намоиш хонда дар наздаш мехоноанд.Ё ба ҷойҳое мебарандаш ки ҳукумат худаш пешаки таёр кардааст.Вале дареғ ки шумоҳо дар олами Ислом ки будани худро ошкор кардед. Ва ҷавоби шуморо кайҳо дода аст.

Мухочир
писарони то 18-солаат масчид нараванд масчидхои панчвактаро баста истодаанд ришхои мардумро тарошида истодаанд хичобе, ки хукми худост аз сари духтарои точик гирифта истодаанд! Боз ту аз кадом ислом сухан мегуи? Ва ё исломи ту дигар аст? Мухтарам ozodagon илтимос бе каму кос нашр кунед! Мухаммад ансори ва висоли хак тв хакикатро мегуяд!

Tojiki bechora
Agar hudro hak medoni zang dar barnomaash mustakim bahs kun hamrohash lekin nametoni 100% medoni ki durug hasty

Маниш
Хахаха бовар кунед зиёд ханда дор буд мукарам мо мардум курем ё карем намебинем корои зиди исломии шуморо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)