Бахшҳо

"Мушовир"-и Обама: Мавъизаи руҳониёни тоҷикро мақомот назорат мекунанд

USCIRF - Комиссияи амрикоӣ оид ба озодии байналмилалии динӣ аз Вашингтон хостааст, Тоҷикистонро ба рӯйхати сиёҳи “кишварҳои махсус нигаронкунанда” ворид кунад.

Ин комиссия, ки ҳамасола барои раисиҷумҳури Амрико, Вазорати умури хориҷӣ ва парлумони ин кишвар тавсияҳо таҳия мекунад ва расман мақоми мушовириро дорад, маслиҳат додааст, ба мақомоти Тоҷикистон фишор оварда шавад, то қонунгузории худро дар робита ба озодии динӣ дар асоси аҳдномаҳои байналмилалӣ ба роҳ монад.

USCIRF дар гузориши ҷадиди худ, ки рӯзи 30 апрел нашр гардидааст, вазъи озодии динӣ дар Тоҷикистонро нигаронкунанда хондааст: “Ҳукуматдорон дар Тоҷикистон риш, либоси динӣ, синну соли зоирон, мавъизаи руҳониён, таълими динӣ ва руҳониёнро зери назорат гирифтаанд”.

Ин комиссия басташавии масҷидҳоро дар Тоҷикистон зикр карда, афзудааст Тоҷикистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки ба масҷид рафтани афроди то 18-соларо манъ кардааст. Ба гуфтаи Комиссия дар бисёри ҳолатҳо мунаққидони ҳукумат ба экстремизм муттаҳам мешаванд ва ба баҳонаи саркӯби ифротгароӣ ҳуқуқи диндорон нақз мешавад.

USCIRF Шӯрои уламои Тоҷикистонро “нимарасмӣ” ва дастнигари мақомот арзёбӣ намудааст.

Ин комиссия ба ҳукумати Амрико тавсия додааст, бо вуҷуди аҳамияти стратегии шарикӣ бо Тоҷикистон ба Душанбе фишор биёрад, то аз нақзи озодиҳои динӣ ҷилавгирӣ кунад: “Кӯмак ба Тоҷикистон ба шарте ироа шавад, ки мақомоти он иқдом барои риояи озодиҳои диниро пеш гиранд”.
Мӯҳр
амрико хеч вакт дар гами мо набуд ва нахохад буд ! Ин проста спектаклай! И давлат боzl мухолифои хукумата поддержка кна. Агар хози хами ситуация 180% дигар мешид, яъне агар хукумат дастгири мекард фундаментализма, амрико чошда изхоротш дигар мешид, ученда баъд мегуфт, ки ТОЧИКИСТОН ТЕРРОРИЗМА ДАСТГИРИ МЕКУНАД! Так что мардум хуштона ба сар бгирен, ягон давлати дигар дар гами мову шумо нест ба гайр аз хдмон!

ТОЧИКИСТОНРО ШАРМАНДА КАРДАН КУ ?!

Яке аз номхои Худованд Саттор мебошад, банда гунох мекунад Худованди Мехрубон гуноххои бандаашро сатр мекунад яъне мепушонад, агар банда аз хад гузаронад гунохро пай дар пай кардан гирад Худованди Карим пардаи сатрро аз руи он мегирад ва дар андак вакт он кас шармандаву расво мегардад.

амрико
чаноби муфти ба амрикоихо хам чавоби рад дихад чихелеки ба висоли хакк раддод

Said
Ячоиб гами мардуми мусалмони точикистонро амрико хурдестай

muhammad
Максади Америка ба хама Малум аст хамин барномахои висоли хак барои точикон хам бо дастури омрикоихо буд, хулоса мардумро бар зидди давлат шуронлани аст ва мехозад пои Вахобихо ва алкоидаи афгонистон ба точикимтон боз гааад, нж

Ба точик! Худо гирад гапои туро! ГУНГ ШАВИХАМ КОФИ НЕСТ БАРОИ ИН СУХАНХОЯД!!!

Мухочир
ИНШОАЛЛОХ СОХИБИ ИН ДИНИ ПОКУ БУЗУРГ БО ХАР РОХЕ ПУШТИБОНИ КАРДАНИ ДИНУ ИСЛОМАШРО МЕДОНАД .

Ин барои Амрико игво андохтани мардуми точик аст.Мехохад сулхи точикистонро ноором кунад,Амрико гами худашро мехурад на гами мардуми шарифи точикро, ин кофирхоро бовар накунед!

TJ
muhammad,
O XUDATRO IQA SIYOSATMADOR TAROSHIDI AY PAHLUI GAVORA SHISHTA HAMARA HUKM MEKUNI VISOLI HAQ BA TUVU AMRIKOT KOR NADORAD FAQAT SHARMANDAGII TU (ogoi muhammad)VA HAMMASLAKONI TURO FOSH KARDA ISTODAASTozodi iltimos chop kuned


Беном
Яхуду насоро кай гами мусулмона хурда буд

Амрико кадон давлатро кумак намудааст то ки моро кумак кунад инхам кумаки дини. Пой номубораки амрико шар ба даре расд барорад дуд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)