Бахшҳо

Маркази исломии Тоҷикистон ба Оятуллоҳ: Ба умеди кайк пӯстинро оташ назанед

Масъулини Донишкадаи исломӣ ва Раёсати Маркази исломии Тоҷикистон бо пахши изҳоротҳои ҷудогона ба паёми Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, аз марҷаъҳои тақлид дар Эрон, ки аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар хоста буд, аз мақомот бихоҳад, “мардумро ба ҳоли худашон гузоранд”, посух гуфтаанд.

Дар изҳороти ягона донишкадаи исломии Тоҷикистон таъкид шудааст, “дар ин кишвар ҳаргиз ҳиҷоби зане аз сараш кашида нашудааст ва ҳаргиз нисбати ҳеҷ шахси диндор ба хотири диндориаш беэҳтиромӣ нашудааст. Зеро Сарқонуни ин мамлакат озодии пайравӣ ба динро ҳаққи ҳар шаҳраванди ин диёр медонад. Ҳатто пайравони дину мазҳабҳои дигар ҳам дар ин кишвар тибқи қонун озодона фаъолият доранд”.

Масъулини ин донишгоҳ хабарҳои бархе аз расонаҳои хориҷӣ дар бораи фазои динии Тоҷикистонро беасос хонда гуфтаанд, “масъалаи суханони президенти кишвар дар мавриди пӯшиши ғайримутаорафи бархе аз занон ба хотири пешгирӣ намудани таҳоҷуми фарҳангӣ-эътиқодии баъзе гуруҳҳои ифротӣ сурат гирифта аст. Гуруҳҳое, ки бо зоҳирҳои фиребанда дини муқаддаси Ислом ва мардуми мусулмонро дар маърази туҳмат ба ифротгароиву террористӣ қарор медиҳанд”.

Ба гуфтаи онҳо, ҳар гоҳ давлат хатареро ба шаҳрвандони худ аз ҷонибе эҳсос кунад, барои ҳимояи онҳо аз роҳҳое истифода хоҳад кард, ки Сарқонун ба он иҷоза додааст. Дар изҳорот аз бетараф набудани Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ нисбат ба тақдири ҳамзабонанаш ибрози миннатдорӣ шуда, таъкид гардидааст, паёми ӯ дар асоси хабарҳои бардурӯғ сурат гирифта. Масъулини донишкада гуфтаанд, Шерозӣ дар ҳоле ба Эмомалӣ Раҳмон чунин паём фиристод, ки бо дастури ӯ дар Тоҷикистон китоби Қуръон тарҷума шуда, рӯзҳои иди мусулмонӣ истироҳат ва дари чаҳор ҳазор масҷид боз аст: “Лозим аст вазъияти воқеии фазои андешаи динии Тоҷикистонро ба шумо ба таври кӯтоҳ шарҳ диҳем. Давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд. Бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ ва хатти кирилӣ тарҷума шуда, дар дастраси мардуми мусулмони кишвар қарор дода шуд. Аз ҷумла тарҷумаи Қуръони карим ба теъдоди хеле зиёд таҳия шуда, ба таври ройгон пешкаши мардуми мусулмони Тоҷикистон карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбари Созмони Милали Муттаҳид оид ба покии дини муқаддаси Ислом баромад намуда, нисбат додани терроризм ва экстремизм ба ин дини муқаддасро бо қотеият рад намудааст. Дар ин кишвар зиёда аз чор ҳазор масҷид озодона фаъолият дорад ва Донишкадаи исломӣ ва гимназияи исломӣ зери ҳимояти бевоситаи Давлат мебошад. Рӯзҳои идҳои исломӣ дар ин кишвари мусулмоннишин таътили расмӣ аст ва Сардори давлат шахсан аз тариқи телевизион ин идҳоро ба мардум табрик мегӯяд. Дар оғози моҳи мубораки Рамазон ҳамасола Роҳбари давлат ба мардум муроҷиат намуда, бар асоси Қуръону суннат рафтор намуданро хостор мешавад”.

Инчунин, дар изҳорот аз баргузории Озмуни ҳифзи Қуръони карим дар Тоҷикистон ёдоварӣ шуда, таъкид гардидааст, масъалаи ҳимоят аз ҳуқуқи маҳрумону ятимон дар барномаи давлати Тоҷикистон аз ҷойгоҳи муҳиме бархӯрдор буда, шахси раиси ҷумҳур бо такя ба таълимоти дини муқаддаси Ислом ба ин масъала таъкид меварзад.

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бошад, дар изҳороти худ гуфта, паёми Оятулло Макорими Шерозӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар асоси хабарҳои муғризона садо додааст. Дар он аз руҳонии эронӣ хоста мешавад, “ба умеди кайк пустинро оташ назанад”.

Масъулини ниҳоди таҳти раҳбарии Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон гуфтаанд, ин марҷаи тақлиди Эрон хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон барои диндорон дар Тоҷикистонро нодида гирифта, такя ба манбаҳои муғризонаи баъзе васоити ахбор кардаааст.

Онҳо таъкид кардаанд, “ба ҳамаи мардуми олам ба хусус мардуми сарбаланди тоҷик маълум аст, ки Президент баъди ба болои кор омаданаш дар шароити бисёр ҳассос ва хатарнок аз худ гузаштагӣ нишон дода, барои сарҷамъ кардани миллат заҳматҳои зиёд кашидааст”.

Дар изҳороти Маркази исломии Тоҷикистон низ аз фаъолияти 4 ҳазор масҷиду донишкада ва гимназияи исломӣ дар Тоҷикистон ёдоварӣ шуда, таъкид шудааст, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳу субот ва баланд бардоштани маърифати динии мардум бо кӯмаки Парвардигор роҳҳои ҳалли онро фароҳам сохтааст: “Илова бар ин тамоми мусулмонони олам огаҳӣ доранд, ки нахустин бор дар олами Ислом аз тарафи Сарвари тоҷикон бузургдошти 1310-солагии Имоми Аъзам ҷашн гирифта шуд, инчунин тамоми асарҳои Имоми аъзам ва мазҳаби ҳанафӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, имрӯз дастрасӣ ҳар як соҳибмазҳаб мебошад”.

Дар охир аз Оятулло Шерозӣ тақозо шудааст, ки ба ҳар ахбори бе асос такя нанамояд ва ба тавре мегӯянд, “ба умеди кайк пустинро оташ назанед: Зеро як сухани ноҷо метавонад, дӯстро душман гардонад. Чи хеле ки Худованд дар Қуръони азимушаъни худ мефармояд: “Эй касоне, ки имон овардаед! Агар фосиқе бароятон хабаре овард (нисбат ба сиҳати хабар), таҳқиқ кунед, то мабодо аз рӯи нодонӣ қавмеро осеб бирасонед ва (баъд) аз он чӣ кардаед, пушаймон шавед”. (Ҳуҷурот, ояти 6). То ба имрӯз ягон хоҳари тоҷик оиди кашидани рӯсарии ӯ аз ҷониби ягон мақомотҳо ба Маркази исломӣ муроҷиат накардааст”.

Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ахиран дар масҷиди аъзами Қум аз Эмомалӣ Раҳмон хост, ба мақомоти Тоҷикистон дастур диҳад, то “мардумро ба ҳоли худашон гузоранд”. Шерозӣ гуфта буд, “дар ахбор матолибе мунташир шуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон матлаби тунде дар бораи ҳиҷоб гуфта ва дар пайи он дар кӯча ва хиёбон чодар аз сари занон кашидаанд. Мо паёми дӯстонае ба раисиҷумҳур дорем. Мо ин корро дар замони Ризохон таҷруба кардем, вале мардум таслим нашуд. Ин масъала боис мешавад, ки байни давлат ва миллати Тоҷикистон ихтилоф биафтад ва дар ин шароити ҳассос сазовор нест”.
Мӯҳр
Ман нафахмидам, инхо гуфтаниянд, ки мардуми точик кайк хасту, муносибатхои маркази исломии Точикистон бо Эрон пустин?

озоди дар дини ислом, ки дар Точикистон аст дар дигар давлатхо нест. Мо мусулмонон дар Точикистон сарчамъем ва бояд муттахид бошем. Ба хар гапу хабархои дуруг тез бовар накунем. Душманони миллати мо барои ноором сохтани давлат аз дин истифода бурда истодаанд. Ин кадар масчидхои обод дорем.

1. дар ин кишвар ҳаргиз ҳиҷоби зане аз сараш кашида нашудааст ва ҳаргиз нисбати ҳеҷ шахси диндор ба хотири диндориаш беэҳтиромӣ нашудааст.

Дуруғи маҳз аст суханҳои шумо. Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон рузи 6 март аз бозорҳо ҳамаи либосҳои исломии занонаро гирифтед. Баъд президент бо даҳони худуш гуфт, ки: Агар нагиран "Ҷо нест" яъне барои мусалмонон дар Тоҷикистон ҷо нест. Боз наворе, пайдо шуд, ки дар он навор коргарони милитсия як мардро барои ришаш мезанан ва зане, ки бо ҳиҷоб аст мегуян, ки ин ҳиҷобдор кист. Инҷо Арабистон нест.
Боз кадом Қунғуротзодае, фармондод ки аз бозорҳо тамоман ҳиҷобро нест кунед. У мақолаҳам, мо дар ин сомонаи озодагон хондем.



Внимание! У вас нет прав для просмотра скрытого текста.



"Сарконун...", мухтарам "масъулини донишкада", мархамат кара аз осмон ба замин фуроед.

Дуруги Шуроу ула ва
1. Чи хел аз сари бонувон хичобро накашидед? Видео дар мавриди риштароши ва тахдид кардани зани хичобпуш аз чониби милисахои бехуввият (ришатат кококок метарошам) дар тамоми сайтхо буд, инро рад карда наметонед.
2. Дар донишгоххо ва идорахои давлати занхои хичобдорро рох намедихед ва ба кор намегиред..Ин магар дуруг аст?
3. Дар телевизион факат зидди сатру хичоб барнома пахш мекунед ва онро либоси фохишахо чилва медихед, магар телевизиони шумо хам расонаи хоричист ё манбаи мугриз аст? Магар ин факт нест ки шумо ба хотири ду фохишаи сатрпуш тамоми сатрпушонро тухмати нохак задед, хатто дар телевизион ва дар сатхи рхбарияти олии.? Чаро агар ду фохиша сатр пушад тамоми сатпушон фохиша мешудаанду 1000 фохиша бо либоси аврупои ба трасса бароянд, боз либоси аврупоидошта дилаш росту пок аммо сатрпуш дилаш кач будааст? мантикатон ин аст ё хадафатон чизи дигар, яъне сиёси кардани ислом ва суиистифода аз ислом барои давом ёфтани кудрат?
4. Магар наворхои риштароширо дар интернет надидед? Чаро як нафари он хам хадди акал ошкор нашуд? Чун ин кори амниятихост ва шумо метарсед ошкор кунед, ва ба хотири тарсатон исломро ба манфиати шахсиатон шарх медихед. Магар ин пайрави аз мазхаби ханафист? Имом Абуханифа (р) ба хотири он ки исломро ба хотири манфиати хукумати аббоси шарху тафсир накунад, рози шуд дар зиндон бимирад, аммо хозир нашуд як мансаби бузурги козии мусалмони дар хукумати исломии Аббосиёнро ба ухда бигирад. Аммо шумо дар хукумати секулори ё дуняви истода, ба чои хифзи манфиати мусалмонон, манофеи мансабдорони дунявиро ки касбашон ришвагириву хакки мардумхуриву мардумозорист, химоят мекунед.
5. Дар омори расмиатон худатон бастани масчидхоро зикр мекунед, магар ин хам дуруг аст? Пас дуругро шумо мегуед...
6. Куръонро дарс додан аз чониби муллохо манъ аст дар Тоҷикистон. барои манхи ин кор ягон далел на аз конун доред на аз шариат. Чун дарси Куръон ба ягон акидаву афкори гуруххои террористи рабт надорад. Агар дарси акидаву хадису таърихи ислом ё амсоли ин мебуд, шояд бахона доштед ки салафихо ё шиахо афкори худро чо мекунанд. Аммо омузиши Куръонро хоҳ салафи бошад хоҳ ҳанафи дарс дихад мушкил надорад, чун наврасон танхо бо хатти куръон ва хондани он ошно мешаванд. Чаро инро ичоза намедихед?
7. Мусалмони ба гуфтор аст, кирдор аст ё харду? ...Хар бош ки ин чамоа аз фарти хари, хар ку на хар аст кофираш мехонанд. ...

Мухочир
Мухтарам масъулони донишгох магар аз худо наметарсед дуруг мегуед агар хохед ман видео-и чигуна сатри зани точикро месузонанд нишон дихам!

“ба ҳамаи мардуми олам ба хусус мардуми сарбаланди тоҷик маълум аст, ки Президент баъди ба болои кор омаданаш дар шароити бисёр ҳассос ва хатарнок аз худ гузаштагӣ нишон дода, барои сарҷамъ кардани миллат заҳматҳои зиёд кашидааст”. ГУФТАНИЕД, КИ БАЪДИ ИН КОРХОРО АНЧОМ ДОДАНАШ БОЯД АБАДИ ПРЕЗИДЕНТ БОКИ БИМОНАД? МАРДУМИ БЕЧОРА ДАР БАЛО МОНДААНД, КАСЕ ЯК СУХАН ГУФТ, ДАРХОЛ КОРХО ВА ФОЧИАХОИ ГУЗАШТАРО БАР САРАШ ОВАРДА МЕЗАНАНД... ХИКМАТ ДАР ИВАЗ ШУДАНИ ПРЕЗИДЕНТХО ИНАСТ, КИ ФИКРУ КОРКАРДХОИ НАВ ШАВАД, АЙБ АСТ МАРКАЗИ ИСЛОМИ ШАРМ НАМЕДОШТА БОШАНД БО ИН ЛАГАНБАРДОРИХОЯШОН... БОИШИ ТАССУФ ВА ШАРМАНДАГИСТ!

Бандаи Худо
Бародарон дар ин замони мо аслан фитнахо зиеданд. Аксарияти ин дасисахо аз тарафи хамон яхуду насоро рохандози мешаванд. Кувваи мо мусалмононро бар зидди худамон истифода мебаранд. Масалан баъзе шахсони бадкоре хастанд, ки бар тани номусалмон маводи тарканда гузошта, ришашро дароз мекунанд ва калимаи "Аллоху акбар"-ро дар забонашон мегузоранду фармон медиханд ки рафта дар фалончо худро инфичор бидех. Баъд аз ин номи мусалмон бад: "мусалмон экстремист, мусалмон террорист".
Бародарон агар амале ки мардумро ба фитнаву ихтилоф мебарад. То як муддат пархез бояд кард

кулоби
О абдрахима рои куненшда под музыкаи гиря макун азизакам хамаи мушкилиро хал мекунад

Масчоӣ
Ман ҳайронам,ки ин нафарон РУИРОСТ шири сафедро сияҳ гуфта имони худро фурухта истодаанд.Ё тавба...Дунё дунёи глобалист ва Тоҷикистон моли бобои як гурӯҳи майдае нест.ки чизе,ки дилаш хост ҳамон шавад ва шумо хоҳеду нахоҳед мардуми дунё ба дифои мардуми тоҷик хоҳанд расид.

абдулло
муфтии муҳтарам оё ҳадиси аломоти мунофиқ се аст(чун сухан гуяд дуруғгуяд)-ро фаромуш кардаи.Оё ришҳои одамонро шамол бурдааст,дари 4000масҷид кушода оё то18сола худ ба масҷид намераванд,оё руймоли духтарони мактаби ва донишчуро шамол бурдааст.Муфтии як мамлакат аз як охунди оддии муфтхур тарсида дуруғ мегуяд

анти дуруғ
ба умеди кайк ҳиҷобу ришро насузонед.ба умеди мансаб қабра насузонед.

абдуллохи хатлони
Банда мурочиатномаи донишкадаи исломиву мурочиатномаи кумитаи динро мутолеа намудам ба хулосае омадам ки е мо бемории чашм дорему кур хастем е ин кумитаи дину донищгохи исломи дар ин мурочиатнома омадааст ки хеч руймолеро нагирифтаанду хеч ришеро натарошидаанд
рости баъди хондани ин мурочиатномахои пур аз дуруг бори дигар вучудам ба ман гуфт ки вокеан кумитаи дину муфтии кишвар парвои ислому парвои миллати худро надоранд ва мутмаин шудам ки ба инхо бовар карда намешавад

Салому алекум Масъулини "Озодагон" ман дар расонаи шумо дар аксари мавзуъхо фикру шархи худро навишта мегузорам, ва шумо ягонто аз шарххои маро инчо намегузоред, ё инки метавонед номи Расонаро иваз кунед , саломат бошед!!!

бетараф
Аҷаб як ниҳоди тоҷикӣ байонияи тунд мегуяд.як ниҳоди дигар нарму хушомадгуена. Чи хел фаҳмем. Шояд аз куза он чи ҳаст наметароваду аз эьтиқодҳои салафиги ва шиагӣ таровида бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)