Бахшҳо

Мулло Абдураҳим Э.Раҳмонро “раҳмати Худо” ва ҲНИТ-ро ифротгаро хонд

Раҳим Каримов, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон, собиқ қумандони мухолифин, ки бо номи Мавлавӣ Абдураҳим маъруф аст, имрӯз, 2-юми апрел зимни баромадаш дар мавзӯи «Дини ислом ва ифротгароӣ» дар шаҳри Душанбе, пешниҳод кард, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баста шавад.

Мулло Абдураҳим, ки дар семинари ташкилкардаи Вазорати умури дохилӣ, дар мавзӯӣ ҳамкории мақомоту ҷавонон алайҳи мухолифин баромад мекард, ҲНИТ-ро дар бисёре бадбахтиҳои солҳои 90-уми асри 20-и Тоҷикистон муттаҳам карда, ҳамчун созмони ифротгаро хостори қатъи фаъолияти он шуд. Ӯ илова кард, ки мутаассифона гурӯҳҳои ғайриқонунӣ аз номи дини мубини ислом ҳарф зада, ба ин дини муқаддас иснод оварда, мардумро фирефтаи худ месозанд: “Агар рӯзҳои мудҳиши соли 1992-ро ба ёд орем, маҳз аз нофаҳмӣ, бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ хуни мардуми бегуноҳ рехта шудаву бештари мардум беватан гаштанд”.

Раҳим Каримов ҳангоми суханронӣ аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва вохӯрӣ бо марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд ёдовар шуда, гуфт: «Ҳангоме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба кишвари Афғонистон сафар кард, Аҳмадшоҳи Масъуд гуфт «Раҳмонов ҳоло вақти омадани Шумо набуд, чунки дар Афғонистон ҷанг рафта истодааст». Дар ҷавоб Сарвари Давлат чунин посух дод, ки «Ман намегузорам, то нафаре аз мардуми Тоҷикистон берун аз кишвар шаҳди ғарибӣ чашад, ҳатто агар лозим ояд ҷони худро нисор месозам!» Аҳмадшоҳи Масъуд аз ин ҷавоби Сарвари Давлат мутаассир гашта гуфт: «Ба давлати Шумо раҳмати Худо омадааст ва чунин неъмати бебаҳоро ҳаргиз аз даст надиҳед!».

Мавлавӣ Абдураҳим инчунин аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро интиқод намуда, гуфт, «он гурӯҳҳое, ки аз номи Ислом ҳарф зада, ба сӯи Ислом гуфта, ба ҷиҳод даъват мекунанд, ин даъват ба сӯи шайтон аст». Ҳамчунин, аз ояту ҳадисҳои «Қуръон»-и карим ҳарф зада, зикр кард, ки «Ислом – раҳм аст!».
Мӯҳр
муҳочир
фардо бо ин туҳматҳоят чи чавоб медиҳи аз худо тарс медони мавли абдураҳим дар ислом туҳмат чи гуноҳе аст

Сарбаланд
мушкил аст каме. ХНИТ бо хун омад ба фикрам бо хун рафтанист. эхтиёт шавед

Умар
Салом гапои хуб дигар домуллохо нависед мо мухочирон фойдакунем озодагон бисер аз шумо хурсандем мо мардуми Точикистон

Аз Паембар.с.а.в асхобашон суол карданд ;бадбахт кист ?
Паембар с а в дар чавоб фармуданд ;
бадбахт он касе аст ки охираташро ба матои беарзиши дуне мефурушад..ва ба асхобашон суол карданд;
ое медонед аз бадбахт бадбахтар кист???
Асхоб фармуданд;Худову расулаш донотаранд..
Паембар с а в гуфтанд ;
Аз бадбахт бадбахтар он касе аст ки охираташро ба хотири дунеи дигарон мефурушад..

Посланник Аллаха, мир ему и благословение Аллаха, сказал: «Творите добро до того, как наступит смута, подобная мрачной ночи. Человек, который еще утром был верующим, к вечеру станет неверным. А человек, который еще вечером был верующим, к утру окажется неверным. Люди будут продавать свою веру ради мирской выгоды» (Муслим).

сер
Ин як подхалим аст!!! Агар ХНИТ ба сари кудрат ояд акидаашро дигар мекунад!!!

муртазр
Хизбози бас бо дигар кора капен мардумхам аз инхел чанчолхои бемаьни безоршид нафахмидем хизб ба ислом чи фойда меорад гайр аз чудойсози байни мусулмонон
Озодагон озод боши хонем

Ман фикр мекунам, ки Мавлави Абдурахимро ягон навори пинхони гирифтаанд, навори алокаи хонаводаги бо ном ПОДСТАВА ва чизе агар аз у талаб кунанд бо чону дил бачо биёрад,

Мулло Абдурахим яке аз мухолифон шахси доно устоди донишгох шумо имону вичдони худро барои курси шуда аз даст надихед, ки дар охират саволу чавоби дер интизорихо хаст, инро худатон бехтар аз мо медонед. Ин суханхои шуморо ман кабул на дорам ё ман худам аъзои ягон хизб хам нестам вале хаминро медонам, ки дар ислом хизб вучуд дорад ва дар куръони карими худованд нозил шудааст, лекин ман хам мисли шумо мулло нестиям як шахси корманди давлати. Хаминро фаромуш накунед агар ин хизбро банданд камбудихои вазиру хукуматдоронро ки ба мардум ошкор карда меистад........ Факат хушёр бошеду имони худро аз даст надихед.

Javod People
Мулло коньяк мезанаву арусбози мекна ? Э бовар кн дига дилым ай муллошаму малавишам монд

Салом бародарон ман аввал ба аъзоёни ХНИТ як савол дорам 1-дар кадом китооби дини ислом аз чумла куроъни кари омадааст ки дини ислом даъвои сиёсату мансаби давллати дошта бошад??
Агар чунин мебуд рохбари мазхаби мо Эмоми Аъзам вазифаро мегрифту солхо ба кунчи зиндон намерафт ман ба шумо бо боварии комил гуфта метавонам ки хамаи он нафароне ки аъзои ХИНИТ мебошан аслан мусалмони комил нестанд чунки онхо мукобили 99 фози мусалмонони кишвар мубориза бурдан мехоханд биёед як маротиба дуруст фикр кунем ки хамин хизб дар тули фаъолияти худ ба ин кишвар чи хизмат кардааст ба гайр аз чудоандозию фитнагари

Ал Бадр
Абдурахи шумо мулло нестед шумо ба гавхорачунбонак монандед хеч гох хушомад назанед аз худо тарсед имон доштан лозим

Истиклол
ХНИТро бояд соли 1991 махкам мекардан, ягон фоидаш нест аз ин хизб, факат корашон гайбат куни ва долларое, ки бародарони ахли ислом аз давлатхои араб равон менан мехран мегардан. Кору фаъолияташон хаминай.

фируз
СОБИТ!!!
бародар собит! аввал, шумо аз илми ислом махрумед, дуввум таърихи Абуханифаро агар хонда бошедхам галат дарк кардаед! зеро дурии Абуханифа аз мансаб дар он замон танхо барои дурӣ аз тобеъшудани мунофикин буд (хокими он замон). сеюм шариат хечгох барои шумо хак намедихад, ки бе омузиши усулу нахву мутолиаи дакики таърих ба гирифтани далел аз Қурону ҳадис чанг занед. Чаҳорум агар шариат мансабро рад мекард саҳобагон ҳечгоҳ подшоҳи руму форсу ироқу ғайра намешуданд. (инҳо танҳо далелҳое ҳастанд, ки факат дар акли ту мегунҷанд агар...) бо умеди дарки дакик!!!.

охир хамин мардаки хуб яке аз азоёни фаъли хнит буд хато чанг кардааст ки точикистон исломи шавад. аммо кур нестем ку мебинем тенчира масчидхои кушодаро рушт ёфтани ИСЛОМРО дар точикистон баъд барои чи мо бояд зери парчами хнит саф кашем мусулмони дар хизб нест дар ЭТИКОД хаст. дили бегараз. поки. хами мардакам фахмид хатои бузург кардаст ва максадхи хнитро фахмид ки чонибдории ислом нест ва даст кашид

ба фикрум шикамат сер шидай мардаки сер нони кока фаромуш карди тенчи залал кардестаи агар хнит сари кудрат биёяд орд 30 сомони мешаванд айди шароити хуб дар кадом давлат миёви

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)