Бахшҳо

Муфтӣ дар бораи "қасрдорҳо": Пой дар қуртуқи ҳукумат монда, мансаб гирифтанд

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз, 15-уми май, дар хутбаи намози Ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе, қазияи Лоиқ Раҷабов, ҷангҷӯи кушташудаи тоҷик дар Сурияро зикр карда, гуфт, ин фард ҳам ба Ватан ва ҳам ба зану фарзандаш хиёнат кардааст.

Абдулқодирзода, ки дар мавзӯи амонат ва хиёнат суҳбат мекард, аз саргузашти Раҷабов ёдоварӣ кард, ки худаш дар Сурия кушта шудаасту зану фарзандонаш дар дасти ҷангиёни “Давлати исломӣ” мондаанд. Раиси Шӯрои уламо инчунин саргузашти ҷангҷӯи дигари тоҷик, Фаррух Шариповро зикр намуд, ки феълан пушаймон шуда, ба Ватан баргаштааст. Муфтӣ аз қавли Шарипов илова кард, ки имрӯз бисёре аз ҷангиёни Сурия ва Ироқ аз корашон пушаймон шудаанд, аммо роҳи халосӣ намеёбанд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз мардуми Тоҷикистон даъват намуд, ки фирефтаи ҳар гуна фитна нашаванд, чун кишвари мо дар меҳвари таваҷҷуҳи абарқудратҳо қарор гирифтааст.

Саидмукаррам Абдулқодирзода дар хитоб ба шаҳрвандони кишвар таъкид намуд, ки ба ҳарфи бархеҳо бовар накунанд, чун инҳо дар хориҷа қасру кушк доранд ва дар сурати нохушие боз ба ҳамон қасрҳояшон рафта, зиндагӣ мекунанд. Абдулқодирзода мушаххасан нагуфт, киро дар назар дорад, аммо таъкид намуд, ки инҳо як бор кишварро ноором карданду рафтанд дар қасру кушкҳояшон зиндагӣ карданд ва вақти бозгашташон низ пой бар қуртуқи ҳамин ҳукумат монданд, ки ба онҳо вазифаҳои баланд диҳад: “Вазифаҳои пастро қабул накарданд”.

Ин даъватҳои муфтӣ дар ҳоле садо медиҳанд, ки тибқи иттилои расмӣ аз Тоҷикистон 40 хонавода, ё худ наздики 400 ҷангҷӯ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ иштирок доранд.
Мӯҳр
99
Қуртуқи ҳукумат!?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)