Бахшҳо

Бозгашт

Дӯсту душман, шиносу ношинос дар суҳбатҳои гуногун атрофи ин қазия андешаҳои мухталиф доштанд. Қисме мегуфтанд, беҳтар аст наояд. Бархеи дигар таъкид мекарданд, ки баргардад. Бисёриҳо инро як бозӣ мепиндоштанд. Касе дақиқ намедонист, чи мешавад ва бозгашти ӯ бо чи меанҷомад.

Дар мусоҳибаи охираш бисёр орому бо тамкин ҳарф мезад. Як ҷумлааш, ки баъдан зеҳни бисёриҳоро ба худ машғул кард ин буд: “Ман наметавонам дар кишваре умр ба сар барам, ки як бою садҳо камбағал бошад!”

Аз суҳбаташ маълум буд, ки бисёр содиқона ва холисона мехоҳад ба ҳамватанонаш хизмат кунад. Бо табассум ҳарф мезад. Ба касе эълони ҷанг ҳам накард. Нагуфт, фишорам меоранд, кор кардан намемонанд, моламро мехоҳанд!
Хеле оромонаву самимӣ гуфт: “Ҳадафи ман танҳо марказгароӣ, хизмат ба халқу Ватан, беҳбудии зиндагии мардум ва пешрафти Тоҷикистони азиз аст. Ман муқобил ба ҳама навъи қонунвайронкунӣ, ҷиноят ва паст задани шаъну шарафи шаҳрвандон ва нодида гирифтани ҳаққи онҳо ҳастам”.

Бисёриҳо мехостанд ба ҷои ӯ тасмим бигиранд, аммо кайҳо тасмимашро гирифта буд. Яъне, бармегардад! Бо вуҷуди он ки мехост биёяд, чанд “ДӮСТ” ба ӯ кафолат ҳам дода буданд, ки чизе намешавад ва овозаҳо асос надоранд. Ҳамон “ДӮСТОН”-е, ки аз ҳисоби ӯ нону об хӯрданд, соҳиби манзилу автомобил шуданд. Мехостанд бо дурӯғҳо ва найрангҳо биёрандаш. Вале ҳанӯз дарк накардаанд, ки худашон виҷдонашон ва номусашонро фиреб додаанд.

Журналист аз ӯ пурсид, дар кишвар сару садҳо дар бораи боздошти Шумо зиёд аст, тасмиматон чист, меравед ё мемонед? Бо як табассуми зебо посух дод: “Меравам. Онҷо Ватани ман, хонаи ман ва зиндагии ман аст. Ман ба ҳеҷ кас бадӣ накардаам. Фаъолиятам дар доираи қонун аст. Агар иштибоҳе шуда бошад, дар доираи қонун ҳал мекунем. Дар Тоҷикистон ба волоияти қонун ва адолат бовар дорам!”

Бисёриҳо мегӯянд, як марди хоксор буд ва ба ҳама касу ҳама чиз бовар дошт. Ӯ медонист, ки инҷо қонун, виҷдон, эҳтиром, номус ва арзишҳо чи қадар ҳурмату эҳтиром доранд. Аммо боз ҳам мехост баргардад...

Ҳамон шаб дар Душанбе борон меборид. Гӯиё қалби Тоҷикистон аз чизе метапиду мегирист. Гӯиё пойтахти Тоҷикистон аз омадани як фарзандаш, ки бо гулкориҳош ӯро зебо мегардонд, норизо буд. Зеро он шаб ба машом бӯйи хиёнат, дурӯғ, туҳмат ва ҳилаву найранг мерасид...

Ҳамон шаб чанде аз ҳамватанон барои пешвози як марди созанда, як тоҷики муваффақ ва як пайёмовари андешаи тоза ба фурудгоҳ рафта буданд...

Аммо ӯ аз фурудгоҳ берун наомад. Баъдан маълум шуд, боздошташ кардаанд ва пешвозгирандаҳо баъдан фаҳмиданд, ки ӯро барои бозпурсӣ бурдаанд. Баъзеҳо гуфтанд, чизе нест бозпурсӣ карда ҷавобаш медиҳанд, аммо ин бозпурсӣ ду сол аст, тул мекашад ва ҳанӯз...

Тули ин ду сол бо иттиҳомоти гуногун мехостанд аз чеҳраи ӯ як шахси манфур ва ҷинояткор бисозанд, барояш ҳукме содир карданд, ки дар фикри касе набуд ва ҳамаро дар ҳоли шок қарор дод, аммо боз ҳам нашуд. Борҳо гуфт: “Танҳо ба хотири оромиши қалбаш ва ба хотири эҳтироми қонун дар ин сарзамини фарҳангу таммадун як гуноҳашро исбот кунанд”, аммо натавонистанд. Маълум шуд, ки бозгашташ ба Тоҷикистон ба хотири ҳамин бегуноҳӣ буд.

Бо ин бозгашт сабақи бузурге барои дигарандешон, созандаҳо ва ватандорҳо дод. Ӯ охирин умеду орзуҳои як насли навхоҳу дигарандешаро бо худ ҳабс кард. Бо ин бозгашт мисли омӯзгоре ба шогирдонаш дарси бедорӣ дод. Ҳамон қадар гуфтанду навиштанд, вале танҳо бозгашти ӯ воқеиятҳоро ошкор кард ва нишон дод, ки мо дар кадом вазъият қарор дорем!

Ин мард ҳамон Зайд Саидов аст, ки аз боздошташ ду сол сипарӣ мешавад. Ду сол мешавад, дигар намесозад. Вале Зайд ҳамчун як падари меҳрубон, тоҷири муваффақ, ҷавонмарди ҳалолкор, ҳалолёб, ҳалолхӯр қалбу зеҳну хотираҳои фарзандон, дӯстон ва ҳамватанонашро тасхир кардааст!

Далер ШАРИФОВ
Мӯҳр
Иззатбек
Мард гуфта ту чиро мефахми? Касе ки ба сариафтодае санг мезанад,магар мард аст?Далер ном ва нони рузноманигори халолат бод!Аз замонхои хеле пеш омадааст:Бар сари фарзанди инсон харчи ояд ,бигзарад.

И Далер Шарифов чанд сум гирифти барои ин маколаат??? Зайд Саидова бояд якумра судш мекарданд, У худаш ки буд як лаганбардори дига вакте, ки пулу мола дид аз худу аз дунё фаромуш кард ки фалак чархи гардон аст, аз пулу моли дуздиаш мехост, хукумати нав созад ба худаш

исфара
Равшан,
Хатто як номардиашро дар ду сол исбот накарданд

umed, Чи марди кадагияи дхтарои ёши мебурд хамияи марди

Агар Зайд Саид ин кадар гамхори миллат мебуд, вакте ки соли 1997 аз хисоби 30% ба у вазифаи Вазири мехнатро пешниход карда буданд, кабул мекард, вале у Вазири саноат шудан хост. Барои чи? Чунки Вазорати мехнат вазорати камбагали аст, у фоидаи муфт ва дуздиро аз хисоби саноати Точикистон интихоб кард. Боз у номарду дузд набуда, кист?

Сабзали
Сабза,
Сабза мегум худут свечка капидай ки ин хел тухмат мекуни?
ду та тухмат задед ошкор шуд ки хама бофта аст шарм надошта боз забони дароз доред?
аз Аллох Таъоло тарсед!

Зайд Саидов соли 1996 бо хамрохаш аз москва 20 000000 $ ба Точикистон бурд ва боз гайри милион чан сохиб кори дигаро аз хар давлат ба Точикистон бурд

ЁРИ АНДАР КАС НАМЕБИНЕМ, ЁРОНРО ЧИ ШУД ?
ДУСТИ КАЙ ОХИР ОМАД, ДУСТДОРОНРО ЧИ ШУД ?...
КАС НАМЕГУЯД ,КИ ЁРЕ ДОШТ ХАККИ ДУСТИ,
ХАКШИНОСОНРО ЧИ ХОЛ УФТОД, ЁРОНРО ЧИ ШУД ?????!!!!!
Ё : Зи ходисоти чахонам хамин хуш омаду БАС:
Ки зишту хубу бади рузгор дар гузар аст !!!!!

Ба Мироншо! 20 000000$-ро Зайд Саид аз хисоби фонди точикон, ки созмонхои байналмилали барои гурезахои точик аз тамоми дунё кумак карда буданд, аз худ карда, ба Точикистон бурд. Чи Зайд Саид пеш аз чанг миллионер буд? Як бачаи корчаллони дехоти буду халос. Чи тавре, ки дар урфият мегуянд, "Аз бод омада, ба бод меравад".

Ба "шарофати" ин одам ман ва боз кариб 1000 одам чои кори худро гум кардем ва холо сарсонем .Дар замони вазириаш корхонаи моро аз итолиёихо гирифта ба дусти украинаш ФИРТАШ дод.Холо корхона кабристонро ба хотир меорад.Парвардигор хамаро мебинад....

Мард
Аҷаб мусалмоне ҳастем болои як бародарамон зулми ошкор сурат гирифтааст боз шарм накарда ину он мегуем...нотавонби бахили ва ҳасуд дар хуни мост...шарм доред онҳое, ки туҳмат мезанед ...

Зайд аз аввалин вузарои Точикистон буд,ки то сари кудрат расидан аз тарики тичорати халоли хеш сохиби садхо хзор доллар шуда буд. Хануз солхои дар Маскав буданаш дар бозори Черкизово солхои 1993 94 95 96 точири муваффак буд пеш аз они ба макоми вазири бирасад. Ин хакикат аст,ки онро хелехо медонанд. Бо мехнати халол мутаассифона танхо дар кишвари имкон надорад сохиби пулу моли калон шави! Зайд касе,ки бо сармояи ба даст овардаи худ дар Маскав вориди точикистон шуд!

Рустам
Сухроб,
"Агар Зайд Саид ин кадар гамхори миллат мебуд, вакте ки соли 1997 аз хисоби 30% ба у вазифаи Вазири мехнатро пешниход карда буданд, кабул мекард, вале у Вазири саноат шудан хост. Барои чи? Чунки Вазорати мехнат вазорати камбагали аст, у фоидаи муфт ва дуздиро аз хисоби саноати Точикистон интихоб кард. Боз у номарду дузд набуда, кист?"

Сухроб вакте тухмат ба касе мезани кушиш кун хадди акал каме ба хакикат рост ояд то худат ва хочагонатро шарманда накуни!
вакте Зайд ба Точикистон даъват шуд пеш аз омаданаш пулдор буд ва хидматаш ба мухочирон хеле расида буд. шохидон хела зиёданд ва медонанд ки у шояд яке аз пулдортаринхо бозори Чиркиз буд.
аз хама мухим соли 1999 вакте у ба Точикистон омад вазорате бо номи Саноат набуд!!! тухматгари беинсоф Вазорати Саноат соли 2002 ташкил шуд! Зайд соли 1999 раиси кумитаи Саноати сабук буд!
камтар аз Худо тарсед!

умед
ами мардака рости гап баъди капиданш номдор шиду хама шинохтанш биё хамакаса факат рост бген амихел набуд ???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)