Бахшҳо

Посухи Абдуғаффор Юсуфов ба нашрияи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон

Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба нашрияи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон тавсия додааст, ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат накунад.

Нашрияи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон рӯзи 16 майи соли равон дар матлабе унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон маҳдудиятҳои мазҳабӣ дар кишварро ба баҳс кашида, навишт, мақомоти давлатӣ аз баҳсҳои ришу ҳиҷоб канор истода, ба рушди иқтисод рӯй биёварад, ки роҳи наҷот аз гуруҳҳои ифротист.

Абдуғаффор Юсуфов бо навиштани посух ба ин нашрия гуфтааст, “чунин “дилсӯзиҳо” танҳо як ҳадаф доранд ва он ҳам эҷоди тафриқаву иғво, ба гуруҳҳо ҷудо сохтани мусулмонону бадном сохтани миллати сулҳпарвар аст”.

Дар ин матлаб, ки торнамои расмии Кумитаи дини Тоҷикистон нашр кардааст, муаллиф аз масъулини “Ҳашти субҳ” мепурсад, “оё шумо ҳамаи масоили марбут ба мушкилоти дохилии худро ҳал кардаед, ки ҳамакнун ба мушкилоти кишварҳои дигар “расидагӣ” мекунед?”

Сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумита дин дар идома мегӯяд, “агар нашрияи “Ҳашти субҳ” қобилияти мумтози таҳлилиро доро бошад, чаро вазъи ҳолии Афғонистонро таҳлилу баррасӣ намекунад, то бо ин амал ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию амниятии кишвари ба мо ҳамсоя мусоидат кунад? Оё маҳз чунин иғвогарӣ ва мазҳабталошии баъзе гуруҳҳои ифротӣ набуд, ки мардуми шарифи афғон то имрӯз дар вазъи нохуби амнияти басар мебаранд? Мебоист, нашрияи мазкур ва мутахассисону коршиносони зархариди хоҷагони беруна аввал ба мушкилоти дохилии худ таваҷҷўҳ намуда, дар пайи ислоҳи ҷомеаи Афғонистонмешуданд. Зеро амну суботи Афғонистон барои мо ҳамчун як кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон ва ниҳоятан ҳамдин басо муҳим аст”.

Муаллиф дар идома ба давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона будани Тоҷикистон таъкид намуда, мегӯяд, “ба маслиҳат ва тавсияҳои чунин “коршиносон”, ки бар асоси маълумоти нодурусту иғвоангез таҳия гардидаанд, эҳтиёҷ надорад”. Абдуғаффор Юсуфов мегӯяд, “ба маълумоти нашрияи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон ва дигар зархаридони хориҷӣ, ки мехоҳанд мардуми шарифи тоҷикро низ ба шӯр оварда, дар ватани азизамон тухми кинаву адоват коранд, мерасонем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама саъйу кушиши худро ба он равона сохтааст, ки давлати Тоҷикистон ба ҳоли Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ гирифтор нашуда, мусулмонони ҷумҳурӣ дар фазои сулҳу салоҳ ва оромиву амният умр ба сар баранд”.

Дар поёни матлаб ӯ аз нашрияи “Ҳашти субҳ” ва дигар коршиносони масоили динӣ ва руҳониёни маъруф хоҳиш кардааст, “ба корҳои дохилии давлати соҳибистиқлол дахолат нанамуда, бар он бикушанд, то аввал худро ислоҳ кунанд, ватани худро ободу ором кунанд, сипас ба ҳамсоя назар намоянд”.

Мӯҳр
Беизор ба почаканда механдад.Ин А. Юсуфов айнан суханони маро гуфтааст.

Кулябец
Окои Юсуфи хамин гуна гайратро нисбати Руссия мекардед!? Хатто Жириновский раиси чумхурро тахкир карду бе чавоб монд .

Avval maqolai gazetaro xoned ba=d qazovat kuned
امام علی رحمان تجربه ناکام «تره‌کی» را تکرار می‌کند
شنبه ۲۶ ثور ۱۳۹۴ - فردوس
دیروز اعلام شد که امام علی رحمان، رییس‌جمهور تاجیکستان محدودیت‌های مذهبی برای شهروندان این کشور وضع کرده است. گزارش شده است که امام علی رحمان، گذاشتن ریش، به مسجد رفتن کودک‌ها و شرکت دختران زیر هجده سال را در هر نوع مراسم مذهبی ممنوع کرده است. براساس مقرراتی که در این اواخر وضع شده است، زنان تاجیکستانی حق ندارند موهای‌شان را بپوشانند. بر مدرسه‌های مذهبی نیز محدودیت اعمال شده است. این فرمان‌های رییس‌جمهوری تاجیکستان، شبیه فرمان‌های تره‌کی، زمامدار لیننیست افغانستان در سال ۱۳۵۷-۱۳۵۸ است.
تره‌کی هم بدون در نظرداشت وضعیت فرهنگی افغانستان و مناسبات اجتماعی آن، فرامینی وضع کرد که با باورهای مذهبی مردم افغانستان در تضاد بود و این امر به تقویت صفوف جنگجویان مخالف حاکمیت حزب دموکراتیک خلق کمک کرد. عده‌ای را باور بر این است که اصلا جریان اسلام‌گرای افغانستان را تره‌کی و امین رهبری کردند و اگر افراط‌گرایی‌های آنان نبود، گفتمان بنیادگرایی مذهبی در افغانستان به پیروزی نمی‌رسید. امروز بنیادگرایی مذهبی در

99
Ғами Тоҷикистона аз шумо дида зиёдтар ҳамсояҳо мехуранд, домулло-Абдугаффар!
Шумо барои Тоҷикистон чӣ хизмат кардед?
Ба пешниҳоду маслиҳати дӯстон эрод нагиред!
Аввал шумо "масъулони дину оин", ки зидди дину оини тоҷикон ҳастед, таҳлил кардани кору рафтори худро омӯзед, пас ба дигарон эрод гиред!!!

"Дӯст табарвор, душман шакарвор" гуфтаанд.


Абдулло
Беезор ба бочаканда хандидааст. ХХами Афгонохам моро рох нишон дод. Хааа. лекин ман фикр мекунам баъзе хочахое хастанд ки игво мехоханд андозанд... фикр кунед.

diplomat
ИФРОТГАРОЁНИ МУХТАРАМ ИНТИХОБОТИ АВГОНИСТОНА ДЕМОКРАТИ ГУФТЕНУ АЙ МОРА ГАЙРИДЕМОКРАТИ ТО ИМРУЗА КАШОКАШАЙ. ХАМИ ОДАМЕ, КИ ХАРФХОИ ГАНДАРА НИСБАТИ ХУКУМАТ МЕГА ФАРОМУШ НАКУНЕН, КИ ШУМО ХАМАГИ 1% ХАСТЕН ВА ХАМАИ ОНХОЕ, КИ БАР ЗИДДИ РИШУ ХИЧОБАНД ЗИЁДА АЗ 80%. НИСБАТИ АВГОНО БАРНОМАХОИ УНХОРО ХАМИН ТОЧИКОИ МО ТАМОШО МЕКУНАН АВГОН НЕ ТИВИЗОР ДОРАВУ НЕ СВЕТ

Самар
офарин чаноби Юсупов, хар кас аз руи сухани Ленин кор кунад.

АБДУГАФФОР ТАХЛИЛХОИ ДУРУСТИ 8-И СУБХРО НОДИДА НАГИР ОНХО ДУРУСТ ГУФТАНД...ХУКУМАТ ЧИ КОР ДОРАД БА САРУ ЛИБОСИ МАРДУМ?????? МАРДУМРО БО ЧОИ КОР БО МАЪОШ БО ОЗОДИХОИ ДИНИЮ АКИДАТИ ТАЪМИН КУН БО ФАРХАНГУ МАДАНИЯТИ МИЛЛИ ТАЪМИН КУНЕД ХЕЧ КАС БА ХЕЧ БЕГОНА РУЙ НАМЕОРАД....

Абдулло
Ман барномаи телевизиони тахия мекунам ки дигар ба Озодагону Озоди шарх нанависанд, зеро акидахои ононро медуздан... ва чоп намекунанд..

dear
Оли буд. Вале он мардум ин гуна ҳарфҳои бахубиро намефаҳманд. Ба онҳо бояд гуфта мешуд, аз ҷумла: Аз лаби ҷар худатонро дарбиоред... Сари кали худатонро табобат кунед...

Лутфуло
Борон,
Ин одам гайри виза фуруши кори дигар надорад

Чаро ба корхои дохилии мо дахолат мекунанд? Охир мо ният кардем дин, мазхаб ва фарханги точиконро нобуд кунем...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)