Бахшҳо

Бародарзодаи Э. Раҳмон прокурори ноҳияи И.Сомонӣ таъин шуд

Раҳмон Умедҷон Нуриддин, бародарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардидааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Раҳмон Умедҷон Нуриддинро дар қатори кадрҳои навтаъине зикр намудааст, ки дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти прокуратураи кишвар вазифа гирифтаанд.

Умедҷони Нуриддин, ки писари Нуриддин Раҳмонов, бародари калонии Эмомалӣ Раҳмон мебошад, гуфта мешавад, дар гузашта ба ҳайси сардори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлия низ кор карда, моҳи августи соли 2014 бо фармони раисиҷумҳур бо медали хизмати шоиста қадрдонӣ шудааст.

Умедҷони Нуриддин 11 октябри соли 1981 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Соли 2004 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, аз соли 2004 то 2006 дар Вазорати адлия кор кардааст. Солҳои 2007-2008 сардори шӯъбаи қонунгузории конститутсионии Раёсати қонунгузорӣ, мудофиа ва амнияти Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлия ва солҳои 2008-2009 муовини сардори ҳамин шӯъба аз солҳои 2009-2014 сардори Раёсати ташкилии фаъолияти иҷрочиёни судии Вазорати адлия ва аз апрели соли 2014 то 22 майи 2015 сардори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлия буд.
Мӯҳр
Комменти бисьёр хубро ман навишта будам лекин ин озодагони тарсу аз бало хазар гуфта чоп накард.

Хукукшинос
Умедчон шумо ба вазифахои баландтар лоик мебошед чунки шумо шахси хоксор ва босавод буда ба халку ватан содик мебошед. Ман Умедчонро шахсан мешиносам ва бовари дорам, ки у аз ухдаи ин вазифа баромада волояти конунро дар каламрави нохия таьмин намуда сазовори боварии мардум мегардад. Муборак бошад.

ирач
савол -чаро касоне ки бо дипломи сурх юрфака 5-10 сол пеш аз Умедчон хатм карда то хол дар русия коркоби мекунанд прокурор нашаванд???

Муборак бошен!!!!! Баъди 1-2 соли дигар УМЕДЧОНИ АМАКИШ ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛИ ШУДАНИ -ДЕ !!!!!

Шархи навиштаи ПУРДОНПУР рост (200%)! ОЗОДАГОН ана хамин тур
ТАРСУ бошен! Локин...

камбагал
ЌОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
Дар бораи маќомоти прокуратураи Чумхурии Точикистон

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2005, №7, мод. 398; соли 2006, №3, мод. 141; соли 2007, №5, мод. 350, №7, мод. 652; соли 2008, №12, ќ-1, мод.981; соли 2009, № 5, мод.314; соли 2011, №3, мод.150, №6, мод.428; соли 2012,№8,мод.810 ; соли 2013, №7, мод.497, мод. 498; №12,мод.876; соли 2014,№3,мод.139)
БОБИ 8
ХИЗМАТ ДАР МАЌОМОТ ВА МУАССИСАХОИ ПРОКУРАТУРА. КАДРХОИ
МАЌОМОТИ ПРОКУРАТУРА

Моддаи 53. Талабот нисбати шахсоне, ки ба маќомоти прокуратура ба кор ќабул карда мешаванд
Ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон, прокурорхои вилоятхо, прокурори шахри Душанбе, прокурори наќлиёти Точикистон, шахсоне таъин карда мешаванд, ки синнашон аз 30 кам набошад ва дар маќомоти прокуратура камаш 10 сол собиќаи кори дошта бошанд, ки аз он 3 сол дар вазифахои рохбарикунандаи маќомоти прокуратура ё дар вазифахои маќомоти олии ќонунгузори ё ичроияи марказии хокимияти давлати кор карда бошанд. (ЌЧТ аз 14.03.14.№1064)
Ба вазифаи прокурорхои нохияхо, шахрхо ва прокурорхои ба онхо баробаркардашуда шахсоне таъин карда мешаванд, ки синнашон аз 28 кам набошад ва собиќаи кории касбиашон дар маќомоти прокуратура аз 5 сол кам набошад.

Умедчон Аз Восеь
Умедчон Шуморо бо таъин шудан ба ин вазифаи пурмасъулият табрик менамоям. Ба Шумо тани сихат, бахту саодат ва дар хизмати Ватан барору бурдборихо орзумандам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)